logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. БОЗ 5 МУАССИСАИ ТИББӢ БУНЁД ХОҲАД ШУД

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ рушд ёфта, ҳамасола маблағгузорӣ ба он бештар мегардад. Ин омил боиси бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ ба аҳолӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ лоиҳаи  беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ амалӣ шуда истодааст.
Озар Зарифов, масъули лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Хатлон, ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки дар доираи лоиҳа дар ноҳия бояд 5  муассисаи тиббӣ сохта ба истифода дода шавад. Барои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати кишвар ва Бонки умумиҷаҳонӣ беш аз 6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Айни замон, сохтмони 2 муассисаи тиббӣ ба анҷом расида, сохтмони 2 бинои дигар оғоз гардид. Ҳамчунин, мавриди истифода қарор гирифтани  бинои як маркази саломатӣ дар моҳи июн пешбинӣ шудааст.
- Марказҳои саломатӣ асосан дар деҳаҳое сохта мешаванд, ки беморхона надоранд, - гуфт О. Зарифов. Роҳандозӣ намудани чунин корҳо аз як тараф ба беҳ гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намояд аз ҷониби дигар барои нафарони зиёди бешуғл ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода, бештар аз молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки ҳам корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом ёбад ва ҳам ба буҷети маҳаллӣ маблағҳои зиёд ворид шаванд.
Раҳмон Давлатов аз зумраи он нафароне мебошад, ки баробари оғоз гардидани корҳои сохтмонии маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Фрунзе соҳиби ҷойи кор гашта, имрӯз на танҳо ба хотири гирифтани подоши меҳнат, балки барои ободу зебо намудани як гӯшаи Ватани маҳбуби хеш ҳиссагузорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ ягона мушкилоте, ки алҳол сокинони ҷамоати номбурдаро ба ташвиш овардааст, ин набудани шароити мусоид вобаста ба расондани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ба эҳтиёҷмандон мебошад. Зеро, аз сабаби дар масофаи дур қарор доштани муассисаи тиббӣ, аҳолӣ сарсону саргардон шуда, бо душвориҳои зиёд барои ташхису табобат ба марказҳои саломатии дигар мерафтанд.
-Ҳамасола аз деҳаҳои гуногуни ноҳия ҷавонони зиёде донишкадаҳои тиббии ҷумҳуриро хатм мекунанд, аммо бо сабаби норасоии ҳуҷраҳои корию дастгоҳҳои лозима мо наметавонем онҳоро бо  кор таъмин намоем. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои саломатӣ ҳам ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоянд ва ҳам шароити фаъолият беҳтар мегардад, - мегӯяд Муҳриддин Кабиров, директори маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Калинин.
Интизор меравад, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони марказҳои саломатӣ онҳо бо 85 номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, мизу курсӣ, рахтҳои хоб, ҷевону яхдон, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, генератор ва 3 МСД бо сарчашмаи алтернативии истеҳсоли неруи барқ (панелҳои офтобӣ) таъмин хоҳанд гашт. 
 Кароматулло РАҲМАТОВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 365

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед