logo

иҷтимоиёт

ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ОСТОНА

Дар дунё кам нестанд инсонҳое, ки хидмат ба манфиати халқу Ватанро хидмат ба худу аҳли оилаи худ медонанд. Қаҳрамони мо – Райҳонпочо Охунова низ аз он бонувони ҷавонмарду дасткушодест, ки имсол бо як ҳиммати баланд маблағи барои зиёрати хонаи Худо ҷамъкардаашро ба бунёди пули «Ғазак» - и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сарф намуд.
Тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сафари «Ҳаҷ - 2018» омода гашт. Фарзандонаш бо шодмонӣ хабари хушро ба Райҳонпочо расонданд, аммо ӯ каме ба андеша фурӯ рафта гуфт: «Ба фикрам, дар ҳоле ки як пули хурди зодгоҳам таъмир нашудаасту халқ азоб мекашад, ба ҳаҷ рафтани ман ҷоиз нест. Ҳаҷҷи ман дар ҳамин ҷост».
Бо хоҳиши модари бузургвор як қисми маблағ ба сохтмони пули "Ғазак" ва қисми дигараш барои обёрии заминҳои деҳаи навбунёди ноҳия – Варзотич сарф гардид. Деҳаи мазкур наздик ба 22 гектар заминҳои ташналаб дорад ва барои обёрии он ба масофаи 2,5 километр хати обгузар бояд кашида шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар сохтмони пули мазкур усто Раҳимназар Назиров, Асрор Саидов ҳам саҳм гузоштанд.
Райҳонпочо бо чунин ибтикори хайрхоҳона ҳақиқати ҳадиси Паёмбар (с) -ро бори дигар собит намуд: «Дӯст доштани Ватан аз имон аст».
Овозаи хайру савоби модар зуд дар байни аҳолии Кӯҳистони Мастчоҳ паҳн гашта, вирди забонҳо шуд. Фарзандони модари азиз - Зафар, Дилшод, Рустам, Хайруллобек, Марҳабо, Дилрабо ва ҳамсари ӯ Тиллобек Охунов имрӯзҳо хонаашонро пур аз табриккунандаҳо меёбанд.
Мо, омӯзгорону хонандагони МТМУ № 3 низ иқдом гирифтем, то модари азизро зиёрат намоем. Дар вохӯрие, ки бо он кас доштем, хонандаҳо як ҷаҳон панду андарз ва накукорӣ омӯхтанд. Ин амали хайр барои онҳо дарси ибрат шуд ва ба қавли устод Лоиқ Шералӣ ҳама дарк намудем, ки воқеан ҳам, «Ватан сар мешавад аз остона».  
Аҳрорхоҷа КАМОЛОВ,
омӯзгори МТМУ № 3 -и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 258

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед