logo

туризм

САРЗАМИНИ ФАЙЗБОР. ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН, КИ МАҲБУБИ ДИЛҲОСТ

Тоҷикистон сарзамини биҳиштосои мардумони соҳибмаърифату меҳмоннавоз, дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ буда, аз нигоҳи иқлим, манзараҳои дилфиреб - водиҳои сарсабз, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту набототи бемонанд ва урфу одати наҷиби қадимаи мардум беназир ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Инро ман баъди сафари худ ба ин мамлакат эҳсос намудам.
Чаро ба Тоҷикистон хоҳиши сафар кардам? Мехостам ба ҷое сафар кунам, ки роҳ дур бошаду ҳаво тоза, кӯҳҳо осмонбӯс ва муҳимтар аз ҳама, он ҷоро боре надида бошам. Аз рӯи нақли шиносон, зодгоҳи шавҳари шодравонам чунин макон будааст. Тасмим гирифтам, ки дар арафаи Ҷашни Наврӯз ба диёри Наврӯз меравам.
Дар хона нишаста рӯй меорам ба албоми суратҳо. Тамоми сарвати ман ҳаминҳоянд. Акси хотирот аз замони оиладорӣ бо Самандар, таваллуди духтарамон Насиба ва рӯзҳои дигари хушу пурнишот. Барои духтарам низ албоми иборат аз аксҳои падару модар, бобою мома ва дигар хешу пайвандонро таҳия карда, дар рӯзи издивоҷаш тақдим намудам, то ӯ кӣ будани аслу насаби худро бидонаду фаромӯш насозад ва бо ягон восита бо онҳо робита дошта бошад.
Дӯст ва хеши шавҳарам афсари бознишаста Шамсулло, ки дар Алмаато истиқомат мекард, азми сафар доштанамро фаҳмида, гуфт, ки маро ҳамроҳӣ хоҳад кард. Ҳамин Шамсулло дар бораи охирин рӯзҳои ҳаёти ҳузнангези Самандар дур аз ману духтарам нақл карда буд.
Қабл аз сафар санги мазор супориш додам. Ба усто гуфтам, ки рӯи санг бо забонҳои қазоқӣ ва тоҷикӣ эҳсоси дили маро ҳаккокӣ кунад. Ҳаждаҳуми март аз марзи Қазоқистон берун шуда, тавассути Ӯзбекистон ба хоки Тоҷикистон ворид шудем. Дар гузаргоҳҳои марзӣ чун санги мазорро медиданд, ба ман зиёд кор намегирифтанд, зеро чи ҳадаф доштани сафари манро беҳарф дарк мекарданд. Дар гузаргоҳи марзии Бекобод муносибати хубу самимии низомиёни тоҷикро эҳсос кардам. Ба ман «янга», «хуш омадед», «роҳи сафед» гуфта, муроҷиат карданд. Чунин муносибат хастагии роҳи тӯлониро рафъ намуд. Роҳи ҳазоркилометра тай шуд. Шамсулло қабл аз сафар ба ёру дӯстон ва ҳамдиёронаш аз ташрифамон тавассути телефон хабар дода будааст. Онҳо моро дар Душанбе пешвоз гирифтанд.
Кӯҳҳои барфпӯши Шаҳристон ва арчазори он, воқеан ҳам, назаррабо будаанд. Аз Шамсулло ва дигар ҳамсафаронам дар бораи номи ҳар пуштаю боғу роғ ва макони истиқоматӣ пурсон мешудам. Мазраъ, боғҳои дарахтони мевадеҳ бо муҳаббат бунёд ёфтаанд, яъне мардуми тоҷик ба замин бо меҳр муносибат мекунад.
Меҳмоннавозии тоҷикона, чеҳраҳои кушоду самимӣ, дастархони пурнозу неъмат, лаззати хомшӯрбо, гӯштбирён, танӯрӣ, оши палову чойи гарми сабзро аз рӯзҳои аввали по ба ин сарзамин ниҳоданам эҳсос кардам. Воқеан ҳам, беҳтарин ош оши тоҷикон аст.
Варзоб – макони зебою фароғатиро тамошо кардем. Бӯстонсароҳои канори рӯди Варзоб назаррабо буданд. Рӯди Варзоб, ки аз кӯҳҳо шорида бо рӯди Душанбе мепайвандад, рӯди Алмааторо ба хотир меорад. Аммо, Душанбе чун Алмаато шакли шоҳмотро надорад. Душанберо боғшаҳри тозаю обод, бо иморатҳои баланди назаррабо ва сохтмонҳои зиёди бошукӯҳ дарёфтам. Душанбе чунин маконе будааст, ки як бор онро бинед, дил канда наметавонед. Водии Вахш бо талу пушта, манзараҳо ва боғҳои бешумораш ҷолиб аст. Дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маро бештар муҳаббату муоширати озоду самимии тоҷикон мафтун кард. Эҳтиром ба волидон ва калонсолон, ҳамсоя ва хешу табор дар ин мулк решаҳои амиқ дорад.
20 март санги мазорро рӯи қабри Самандари ҷавонмарг гузоштем ва 21 март ба аёдати модару хоҳарони Самандар омадем. Оини пешвозгирӣ ва меҳмондории тоҷикон бемонанд ва хеле самимӣ аст ва баъзе мавридҳо дар тасвири он ҳатто оҷизӣ мекашам.
Тасмим гирифтем, ки бо роҳи омадаамон баргардем. Тарки мулки одамони чеҳракушоду самимӣ осон нест. Барои гусели мо як маҳаллаи том ба по хеста буд…
 23 март тантанаҳои наврӯзӣ ҳанӯз идома доштанд. Дар шаҳри Душанбе духтарони либосҳои рангоранг ба тан ва тоқиҳои гулдӯзӣ ба сарро дида гумон мекунед, ки гулҳои боғ ба ҳаракат омадаанд. Тарки мулки одамони кӯҳҳояш сар ба фалак ва ҳавою обаш поку мусаффо осон нест. Ашк гулугирам карда буд.
Чун ба Қазоқистон расидам, то кунун ҳар лаҳзаи дар Тоҷикистон  буданамро ба хотир меорам, ҳар сухану ҳаракат ва он чи дидаму шунидам, таҳлил мекунам. Ба Тоҷикистон ҳайрон - ҳайрон омадам, аз ин ҷо бо як ҷаҳон хотираи нек баргаштам. Ин замин назди Худованд арҷманд аст, ки чунин зебо ва файзбораш офарида!
Гулбону ҚУСАИНОВА,
бо муҳаббат аз Қазоқистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 458

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед