logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ОЛИМИ ҶАҲОНӢ ВА МИЛЛАТДӮСТИ АСИЛ

«Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст». Ин сухани мухтасар, пурҳикмат ва ҳақиқатнигоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти таърихӣ ва миллии асари бузурги академик Бобоҷон Ғафуровро хеле хуб ифода кардааст.

Дарвоқеъ, нобиғаҳое, ки дар таърихи ин ё он халқ, илм, адабиёт, ҳунар бо заковату дониш, ҷасорату азхудгузарӣ мақоми шоиста ва эътирофи умум касб мекунанд, дар даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо арзи вуҷуд менамоянд. Чунончи, Ҳаким Саноӣ ҳанӯз дар қарни ёздаҳум гуфта буд:
Асрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме неку шавад ё шоире ширинсухан.

Устод Бобоҷон Ғафуров аз тарафи аксари сиёсатмадорон ва  муҳаққиқон ҳамчун сиёсатмадори бузург ва таърихнигори тавоно шинохта шудааст ва олимони тоҷику рус, ҳиндую эронӣ ва дигарон дар бораи ин донишманди асил бо эҳтиром ва ҳусни ният сухан рондаанд. Албатта, нотавонбиноне низ буданд, ки аз рашку ҳасад ба миллати тоҷик, аз ҷумла ба асари Бобоҷон Ғафуров, назари некбинона надоштанд. Вале, ин гуна олимони ҷоҳил ва ғаразнок, ҳеҷ гуна далелу бурҳони кофӣ барои инкори таърихи халқи тоҷик, ки ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ «халқи муаззам» аст, надоштаанд ва надоранд. Ҳақиқати илмии «Тоҷикон» аз осори нурафкани гузашта маншаъ гирифта, таърихи халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин дар заминаи дастовардҳо ва манбаъҳои боэътимоди таърихӣ, адабӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, забоншиносӣ дар асоси методологияи илмии он давра таълиф намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи  худ «Бобоҷон Ғафуров олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ», ки дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» дарҷ гардидааст, паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва осори Б. Ғафуровро таҳлил намуда, ба фаъолияти давлатӣ ва илмиаш баҳои муносиб додаанд. Аз ҷумла, таъкид кардаанд: "Бобоҷон Ғафуров солҳои тӯлонӣ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон, созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад".
Воқеан ҳам, Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олими заковатманд ва дурандеш на танҳо  «Тоҷикон» - ро таълиф намуд, балки дар нашри асари сеҷилдаи (иборат аз панҷ китоби) «Таърихи халқи тоҷик» ба забони русӣ, ки дар Маскав ба табъ расида буд, хидмати боарзиши илмиро анҷом дод. Ӯ ба ин восита ба як тир ду нишон зад: аз як тараф бо ҷалби олимони таърихшиноси машҳури Русия ва тоҷик дар маркази Иттиҳоди Шӯравӣ ин асарро чоп намуда, дастраси олимону хонандагон намуд ва аз ҷониби дигар, хидмати миллии худро низ иҷро кард ва онро ҳамчун мақсади таблиғи таърихи ғании миллати худ қарор дод, ки ҷавоби қотеъ ба инкорсозони фарҳанги бузурги халқи тоҷик гардид.
Академик Бобоҷон Ғафуров Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро, ки бист сол бештар сарварӣ кард, ба муассисаи бузурги илмии ҷаҳонӣ табдил дод ва робитаҳои онро бо марказҳои бузурги илмии кишварҳои хориҷа барқарор ва вусъат бахшид. Ба ин восита Б. Ғафуров дар ташаккули сиёсати Давлати шӯравӣ оид ба кишварҳои Осиё ва Африқо саҳми намоён гузошт.
Хидмати боарзиши дигари устод Б. Ғафуров дар таъсиси Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои шарқшиносии Донишгоҳи давлатии (имрӯз миллии) Тоҷикистон аст. Академик Абдулғанӣ Мирзоев ҳангоми ба мо дарс гуфтан ёдовар шуда буданд, ки Бобоҷон Ғафуров бо камоли дурбинӣ соли 1958 Конфронси умумииттифоқиро дар Тошканд баргузор намуда, ба президенти онвақтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Султон Умаров ва академик Абдулғанӣ Мирзоев маслиҳат дода буд, ки таъсиси ин шуъбаҳоро дар Академияи илмҳо ва Донишгоҳи давлатӣ пешниҳод ва асоснок намоянд. Дар асоси қарори конфронс, ки моҳи феврал доир шуда буд, бо иҷозати Маскав ҳамон сол шуъбаҳои шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арабию форсии  Донишгоҳи давлатӣ таъсис ёфтанд, ки то имрӯз кадрҳои дар он ҷо тарбияёфта, хидмати арзандаи худро ба илму маориф ва соҳаҳои дигари мақомоти давлатӣ адо карда истодаанд.
 - Яке аз мақсадҳои Б. Ғафуров аз таъсиси ин шуъбаҳо, - гуфта буданд А. Мирзоев,  - таҳқиқи мероси гузаштаи халқи мо мебошад, ки ин мерос ба забони арабӣ ва тоҷикӣ ба хати арабиасос буда, бояд ҳатман омӯхта шавад. Мақсади дигари Б. Ғафуров ба ин восита тайёр кардани кадрҳои ояндаи дипломатии шӯравӣ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик будааст.
Академик Б. Ғафуров дорои боз як хислати муҳими инсонӣ буд, ки он хайрхоҳӣ ва накукорӣ аст. Бисёр олимони қазоқ, арман, озар, гурҷӣ ва ғайра ба туфайли дастгириҳои ӯ рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дар Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимоя кардаанд. Чандин олимони тоҷик низ, аз ҷумла Абдулғанӣ Мирзоев, Аҳрор Мухторов, Маъруф Содиқов, Баҳодур Искандаров, Соҳиб Табаров ва дигарон аз ёриҳои беғаразонаи маънавии устод Б. Ғафуров баҳравар шудаанд. Дар ин бора аз рисолаву мақолаҳои А. Мухторов, У. Ғаффоров, А. Турсунов, Б. Литвинский ва дигарон маълумоти бештар гирифтан мумкин аст.
Асарҳои устод Бобоҷон Ғафуров ва мактаби таърихшиносиву ховаршиносии ӯ, на танҳо барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон, балки барои илми ҷумҳуриҳои дигари собиқ  шӯравӣ ҳамчун намунаи таҳқиқоти ҷиддии илмӣ ва холисонаву боинсофонаи таърихӣ хидмат кардаанд ва хоҳанд кард.
Барои Бобоҷон Ғафуров, ки солҳо котиби Кумитаи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд, машғул шудан ба масъалаи ҳассос, таърихи қадимаи миллати худ кори осон набуд, зеро баъзе нотавонбинон метавонистанд ӯро ба миллатчигӣ гунаҳгор кунанд. Вале, ӯ бе тарсу ҳарос, барои миллат ва илми таърихнигорӣ ҷоннисорона ва ҳақиқатнигорона роҳи таҳқиқро пеш гирифт, ки дар он давра на ҳар кас метавонист ба ин кор ҷуръат намояд. Ба гуфтаи воқеъбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳқиқи таърих даст задани Б. Ғафуров дар он давра, ҳангоми дар вазифаи Котиби якуми ҲК Тоҷикистон будан, худ як қаҳрамонӣ буд.
Яке аз хидматҳои бузурги миллатдӯстонаи Бобоҷон Ғафуров дар он зоҳир мегардад, ки ӯ бо дурандешии фавқулода Садриддин Айнӣ ва чандин олимони тоҷик, аз ҷумла Султон Умаров, Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, арбобони санъату мусиқӣ Бобоқулака Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва дигаронро ба пойтахти ҷумҳурӣ оварда, ба пешрафти илму адабиёт ва фарҳангу санъат хидмати арзандаю ватанпарастона кард.
Ба заҳматҳои бемонанди ин олиму сиёсатмадори бузурги тоҷик, махсусан ба аҳамияти шоҳасари ӯ «Тоҷикон», Пешвои арҷманди миллат, чунон ки зикр шуд,  баҳои баланд додаанд ва бо ифтихор гуфтаанд: «Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони ҳақшиносии халқи тоҷик аз хидматҳои шоистаи устод Бобоҷон Ғафуров ҷойгоҳи ӯро дар радифи Қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода муайян намуданд ва номи мубораки ин ҷонфидои миллат дар саҳифаҳои заррини  таърих абадӣ сабт гардидааст.
Оре, абармардони миллат ҳамчун чанорҳои сояафкани мардуми худ ҳастанд, ки реша дар замири дилу таърихи миллат доранд ва аз худнамоию худхоҳӣ комилан дуранд. Бинобар ин, маҳбуби ҳамаи наслҳову  замонҳо  хоҳанд буд. Чунонки шоир гуфтааст:
К-аз паи мардонагӣ пояндазот омад чанор,
В-аз пайи тардоманӣ андакҳаёт омад суман.
Кароматулло ОЛИМОВ,
академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 256

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед