logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД. РУШДИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ

Табиати нотакрори Муъминобод барои равнақ додани соҳаи занбӯриасалпарварӣ мувофиқ аст, аз ин рӯ, мардуми ноҳия ин соҳаро сол ба сол ба шуғли асосӣ табдил дода истодаанд. Ба ақидаи олимони соҳа, занбӯр дар соҳаи кишоварзӣ ба гардолудшавии рустаниҳо мусоидат карда, ҳосилнокии дарахту гиёҳҳоро 25 - 50 дарсад зиёд менамояд.
Асоси кори занбӯриасалпарварӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим ва фоидаовари иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб меравад, парвариш ва нигоҳдорӣ дар ҷойҳои мувофиқ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тараққӣ ёфтани соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бино ба иттилои раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода, барои амалисозии барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд. Захираи мавҷудаи табиии рустаниҳои шаҳддиҳандаи ноҳия, ки дар 120 ҳазор гектар доман паҳн кардаанд, имконияти парвариши зиёда аз 10 ҳазор оилаи занбӯри асалро фароҳам меорад. Яъне ноҳия имкони воқеӣ дорад, ки соле то 100 тонна асал ва маҳсулоти дигари (ширеш, мум, гарди гул, шири модазанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра) барои зиёда аз 100 намуди бемориҳои инсон дармонбахш истеҳсол намояд.
Шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия сол то сол зиёд мешавад.
 - Айни ҳол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 7 5 80 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Ҳамзамон, ноҳия имконият дорад, ки ҳар сол саршумори оилаҳои занбӯри асалро дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ  15 -  25 дарсад зиёд намуда, қисми зиёди онро ба фурӯш барорад. Дар оянда мақсад дорем, ки парвариши зоти карпатиро ба роҳ монем, зеро миқдори тухмгузории ин зот нисбат ба дигарҳо зиёд ва ҳосилнокиаш низ хеле баланд аст. Бинобар ин, тибқи барнома, беҳтар кардани зоти оилаҳои занбӯри асал мувофиқи мақсад мебошад. Занбӯрпарварони ноҳия имкон доранд, ки барномаро пурра дар амал татбиқ намоянд. Мо аҳамияти рушди ин соҳаи сердаромадро хуб дарк карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки онро тараққӣ диҳем ва сатҳи некуаҳволии мардумро баланд бардорем, - гуфт Тоҳирхон Амиршозода.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2018    №: 103    Мутолиа карданд: 295

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед