logo

фарҳанг

ВОРИСИ ҒАФУРОВ

Яке аз ворисони ҳақиқиву давомдиҳандаи кору пайкори аллома Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонҷон Ғаффоров мебошанд. Эшон шурӯъ аз даврони донишҷӯӣ ишқу алоқа ба осори аллома доштанд ва ҳини аспирантӣ дар Маскав аз ғамхориҳои пайвастаи Бобоҷон Ғафуров баҳравар мегардиданд.
Вақте меҳмони хонадонашон шудем, гӯшаи махсуси ба Б. Ғафуров ихтисосдодаи китобхонаи шахсии худро муаррифӣ намуда, чандин аксҳои нодири Ғафуровро дар ихтиёри мо гузоштанд. Дар дасти он кас китоби ба забони русӣ чопшудаи «Тоҷикон» бо соядасти муаллиф мавҷуд аст, ки навишта: «Ба Усмонҷон Ғаффорови азиз аз номи Б. Ғафуров».
Усмонҷон Ғаффоров он рӯзҳои таърихиро чунин ёд мекунад: «Толеи баланд дорам, ки бо муаррихи бузург, фарзонафарзанди тоҷик Бобоҷон Ғафуров борҳо вохӯрдаам ва дар суҳбатҳои гарму хотирмони эшон ҳузур доштам. Устод Бобоҷон Ғафуров ҳар қадар бузургу шуҳратёр буданд, ҳамон қадар хоксору заминӣ низ буданд. Аз ҳоли аспирантони тоҷик пайваста воқиф шуда, ёрдампулиҳои иловагӣ мефиристоданд, яке аз он толибилмони хушбахт ман будам. Дар ҳамон замонҳо дар дил ният мепарваридам, ки оянда ғафуровшинос мешавам».
Воқеан ҳам минбаъд У. Ғаффоров ҳаёту фаъолияти Ғафуровро ҳаматарафа омӯхта, зиёда аз 160 мақола ва чандин китобҳои алоҳида чоп карданд, ки «Равшангари таърих» ва «Нобиға» аз ҷумлаи онҳоянд. Аксари рисолаву китобҳои дар бораи Ғафуров навиштаи У. Ғаффоров имрӯзҳо барои таърихнигорони тоҷик, бавижа дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров дар хидмати аҳли маҳфили ғафуровшиносони ҷавон қарор доранд.
- Ростӣ, аз хурдтарин хабару гузориш, то нусхаҳои бузургтарин мақолаву китобу рисолаҳое, ки оид ба Б. Ғафуров аст, дар хазинаи худ дорам. Ин қадар маълумоту мадраке, ки ҷамъ кардам, барои чандин кори илмӣ кифоят мекунад. Аксҳои аллома ҳини Ҳаҷ кардан (1974), вохӯрӣ бо яке аз саромадони фарҳангу сиёсати Ҳиндустон Индира Гандӣ ва сиёсатмадори Чин Мао Тзе Дун (1959) дар китобхонаи ман маҳфузанд, ки бори аввал барои чоп дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» армуғон мекунам, - изҳор дошт У. Ғаффоров.
Танҳо дар гӯшаи «Ғафурнома» - и китобхонаи устод наздик ба 200 тақризу мақолаҳо доир ба «Тоҷикон» ва муаллифи он ҷамъоварӣ шудаанд, ки ба қалами олимону файласуфон, рӯзноманигорону адибон ва сиёсатмадорони ҷаҳон дахл дорад. Аз ҷумла, тақризҳои Монфред Лоренс (Олмон), Ричард Фрай (Амрико), Иржи Бечка (Чехословакия), Ҳасан Донӣ (Покистон), Нурул Ҳасан, Шаши Бушон, Мансур Ҳайдар (Ҳиндустон) ва академикҳо А. П. Окладников, Е. М. Жуков, М. П. Ким, А. Л. Нарочниский, И. И. Минтс, Б. Б. Пиотровский маҳфузанд. Танҳо ҳамин гуфтаҳои олими маъруф Ричард Фрай кофист, ки мартабаи бузурги Б. Ғафуровро дар ховаршиносии ҷаҳон бидонем: «Беназирии академик Б. Fафуров дар таҳқиқи масъалаҳои илмии марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст, балки ӯ директори Институти ховаршиносии АИ СССР – бузургтарин маркази ховаршиносие низ мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гашт. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ оид ба Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон» аст».
Ё худ А. П. Окладников дар рӯзномаи «Известия» навиштааст: «Рисолаи фундаменталии Б.Fафуров дониши моро доир ба омӯхтани таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакати мо (СССР дар назар дошта шудааст – Б. Б.) – тоҷикон боз ҳам бой ва ғанӣ мегардонад ва ин ҳиссаи арзандаи олим дар омӯзиши таърихи Ватан аст. Ба майдон омадани «Тоҷикон» маҳсули меҳнати чандинсолаи  муаллиф аст».
- Вақте кас аз ин истиқболу ифтихори хориҷиён ба унвони фарзанди тоҷик огоҳ мешавад, албатта, наметавонад ором бошад, дар зиндагардонии таърихи ин миллат камари ҳиммат набандад. Ба хотири ҳамин меҳру муҳаббати сӯзони Ватан ва халқи азизаш номи аллома Бобоҷон Ғафуров дар дили мо – шогирдонаш то абад зинда мемонад ва мо низ то зиндаем, барои абадияти номаш хидматҳои кӯчакеро анҷом медиҳем, - афзуд У. Ғаффоров.
Устод аз озмуне, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои гиромидошти осору хотираи Б. Ғафуров эълон кардааст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид карданд, ки ин ибтикори роҳбарияти рӯзнома на танҳо маълумоту мақолаҳои нодиру тозаро дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Б. Ғафуров ҷамъ менамояд, балки барои шинохти бештари ин чеҳраи мондагор ва таҳкими ҳувияти миллии насли ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2018    №: 103    Мутолиа карданд: 326

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед