logo

иҷтимоиёт

ҒАВВОСӢ. БАРОИ НАҶОТИ ҶОНЕ, БОЯД ҶОН ДАР КАФ ГИРИФТ

Шояд бисёриҳо кори наҷотбахшону ғаввосонро саҳлу осон пиндоранд. Аммо, дар асл чунин нест. Барои баъзеҳо ҳатто дар болои об шино кардан орзуи ҳамешагист. Аммо, ғаввосон ҳаёти худро зери хатар гузошта, аз қаъри об инсонро гоҳе зиндаву гоҳе беҷон берун меоранд. Ин касб хеле мушкилу хатарнок аст. 
Баробари оғози фасли гармо ва мавсими шиноварӣ ташвишҳои наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар мешавад. Ҳарчанд дар мавсими сармо низ кори онҳо хело сангин ва хатарнок аст. Зеро фаъолияти ин ниҳод асосан аз наҷоти ҳаёти одамон ва интиқоли мардум аз ҷойи ҳодиса ба минтақаи бехатар иборат аст.
Барои пешгирӣ аз ғарқшавӣ ва ҳалокати шаҳрвандон ё аз об берун овардани ҷасади ғарқшудае дар вилоятҳо ва баъзе шаҳрҳои мамлакат гурӯҳи ғаввосон фаъолият мекунанд. Танҳо соли 2017 наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз кӯлу дарё ва кӯҳҳо зиёда 200 нафарро аз марг наҷот додаанд, ки дар ин миён сайёҳон низ ҳастанд.
 Барои наҷоти сокинони пойтахт ҳангоми шиноварӣ дар кӯлу ҳавзҳо соли 2010 дар назди раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ таъсис дода шуд. Кори ин даста барои иҷрои амалҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд ва расондани ёрӣ ба аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, инчунин, фалокату садамаҳо пешбинӣ гардидааст. Ин даста бо дархост ба шаҳру навоҳии тобеи марказ низ сафарбар мешавад.
Ҳайати шахсии дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ бо 21 нафар хизматчии ҳарбӣ дар се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ғаввосони ин даста, ки иборат аз 7 нафаранд дар ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбанд. Барои мисол соли 2017 дар мусобиқаи бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагон дар эстафетаи ғаввосӣ гурӯҳи ғаввосони ин даста ҷой аввалро гирифта буд.
Шуҳрат Сафаров, фармондеҳи дастаи мазкур, дар суҳбат изҳор дошт, ки омӯзиши гурӯҳи ғаввосон дар асоси ҷадвали раёсати хадамоти марказонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии кумита дар обанбори «Норак» ва «Баҳри тоҷик» сурат мегирад. Ин ду обанбор барои омӯзиши ғаввосон макони хуб мебошанд. Зеро оби хеле соф ва бехатар доранд. Баъди гузаштани курсҳои омӯзишӣ ғаввосон соҳиби сертификати махсус гардида, ба онҳо иҷозатнома барои даромадан то чуқурии муайян дода мешавад. Бори аввали то 12 метр иҷозатнома мегиранд. Феълан ғаввосони дастаи мо то чуқурии 27 метр  иҷозатнома доранд, - мегӯяд Шуҳрат Сафаров.
Дастаи махсуси зудамали раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе соли гузашта бо дастгирии раиси шаҳр бо 3 адад газел ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин шуданд, ки ба осонии кори онҳо мусоидат мекунад.
Ғаввосон дар баробари дарсҳои омӯзишӣ пайваста дарсҳои равоншиносӣ низ мегузаранд. Инчунин, онҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вақти рухсатии меҳнатӣ барои гирифтани табобат ба истироҳатгоҳҳо фиристода мешаванд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2018    №: 103    Мутолиа карданд: 631

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед