logo

иқтисод

КӮЛОБ. ТАТБИҚИ ЯК ЛОИҲАИ МУҲИМ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва некуаҳволии мардум тамоми чораҳоро андешида истодааст. Сол ба сол сифати хидматрасонӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хидматрасонии коммуналӣ беҳтар мегардад.
Ин нуктаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии созишномаҳои қарзӣ, кафолатӣ  ва дастгирӣ  байни муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» - и  назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» дар порлумони кишвар иброз дошт. Созишномаҳои мазкур 29 декабри соли 2017 барои барқарорсозӣ ва рушди хидматрасонии идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Душанбе ба имзо расонда шудааст. Арзиши умумии лоиҳа  4 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он ду миллион қарз ва ду миллион доллар грант мебошад. Инчунин, барои корҳои хидматрасонии муҳандисӣ ва рушди кооперативӣ кумаки техникӣ дар ҳаҷми 850 ҳазор евро пешбинӣ шудааст.
Зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳа ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ бо усули нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ва беҳтаргардонии вазъи санитарию экологии шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони партовгоҳҳои нав ва барқарорсозии партовгоҳҳои кӯҳна, сохтани амбори нав ва иншоотҳои амалиётӣ, хариди техника ва мошинҳо барои ҷамъоварии партовҳо, техникаи махсус барои тоза кардани кӯчаҳо, контейнерҳо, барқарорсозии нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо дар назар дошта шудааст. Муҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2018 - 2020 - ро дар бар мегирад.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2018    №: 103    Мутолиа карданд: 286

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед