logo

иҷтимоиёт

БОЗ ЯК ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ТАЪСИС ЁФТ

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳаким Розиқзода,  намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, аъзои Шӯрои диссертатсионӣ, декан ва мудирони кафедраҳо Шӯрои диссертатсионии 6 D. КОА-043 - и назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид.
Дар ҷаласаи нахустини шӯро ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Хайриддин Идиев суханронӣ намуда, таъсиси Шӯроро дар ҳаёти донишкада дастоварди беназир маънидод кард.  Ба гуфтаи ректор, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ,  ба шарофати ғамхориҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, бавижа фарҳанги миллӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Фарҳанг, ки ҷавҳари ҳастии миллат арзёбӣ мешавад, дар ин давра рушди бесобиқа пайдо кард.
Хайриддин Идиев зикр сохт, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 1973 таъсис ёфта, дар тарбияи мутахассисони унвондори соҳа саҳми чашмрас гузоштааст. Вале, бинобар дар ҷумҳурӣ амал накардани шӯроҳои диссертатсионӣ дар риштаҳои фарҳанг ва санъат аввалин кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар аспирантураи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Москваи Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил намуда, рисолаҳои худро ба забони русӣ дифоъ менамуданд.
Бо дарназардошти зарурат ва бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар замони истиқлолият таъмин гардидааст, мутобиқи банди 12 Низомномаи  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 17 «Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои дисертатсионӣ» дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D090600 – Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, 6D091000 – Китобдорӣ ва 6D020400 – Фарҳангшиносӣ таъсис дода шуд. Муҳлати фаъолияти он ду сол муқаррар гардидааст.
Мутобиқи «Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ» қабули диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи  илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 22.00.04 – Сохтори иҷтимоӣ, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ, 05.25.03 – Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ, 24.00.01 – Назария ва таърихи фарҳанг барои баррасӣ ва ҳимоя иҷозат дода мешавад.
Ба шарофати таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ имкон пайдо шуд, ки дар баробари кадрҳои илмӣ-педагогии риштаҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, инчунин, пажӯҳишгарони кишварҳои хориҷӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди донишкада рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намоянд.
Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2018    №: 103    Мутолиа карданд: 325

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед