logo

сиёсат

САЛОМ, ДАРКУШОИ ФАТҲУ ФАРАҲ

Дидори тобони ваҳдати тоҷикона рӯз ба рӯз нуронитар, пурнеъматтар, сиҳатмандтар ва ҷаҳонитар растану оростан дорад. Дар рагу шараёни хуни тани мо, дар суфраи ҳар хонадон, дар хирмани ҳар деҳкада, дар хиёбони ҳар шаҳр, дар тамоми соҳати кишвари навистиқлоламон то мағзи кӯҳҳояш, то қаъри баҳрҳояш, то нафаси баргу гулу меваи чаманзору боғоташ мерӯяду мепазаду месозад.
Офарин бар табъу тадоруки неруманду баҳрагиру ватансози Пешвои хирадсолори миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ин наҷибаи ҳазорсолаҳо дар пушти ҳеҷистон нобуд, вале зод бар зод дар андешаву ормону ҳавас сӯзандаро чун моҳии тилло аз умқи дарёи пурталотуме ба даст овард. Аз иқлими тирагиву хунсардиву хатароти маргу нестӣ онро ҳаст кард, чун гул аз оташ, гавҳар аз қаъри баҳр, лаъл аз дили кӯҳ. Ва ҷавонмардона тақдим кард ба насли давру бараш ва зинда гардонд идроки караму хубиву хушиву ҳамоғӯшии фитрии тоҷикиро. Таърихи навин сохт.
Имрӯз дар намоишгоҳи Ваҳдати музаффар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон родмардони ягонагисоз, пайвандгарони дилҳо, ҷонфидоёни эҳёи Ватани воҳид Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемурро дар сарири шарафу қаҳрамонӣ нишонд. Ҳамакнун рӯзномаи муваффақи «Ҷумҳурият», ки соле пеш хотиру эъҷози аҳли қалами кишварро ба озмуни намойидани мақому бузургдошти забони тоҷикӣ ва устоди азимушшаън Садриддин Айнӣ раҳкор сохт ва айни ҳол ба пешвози Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ёдовари нодираи гиромигуҳари даврон Бобоҷон Ғафуров камари ҳиммат бастааст.
Бобоҷон Ғафуров дар замоне чеҳраи мондагори тоҷикро кушода кард, ки тӯдае туркгароён ҳастии қавми ориёнажоди тоҷикро инкор мекарданд. Ба чашми таърихбин хок мезаданд, ки тоҷикон ҳамон турконе ҳастанд ба таъсири забону фарҳанги эронӣ забони асли хешро гум кардаву форсигӯ шуда. Ин даъво ба талошҳои импературию давлатгирии шӯравӣ мувофиқ меуфтод. Чун доноёнаш таъриху фарҳанги куҳанбунёди истиқлолталабу сифоти гавҳари нофармонбари ин қавмро дар муносибати ҳақношиносиву ҳаднописандӣ хуб дарак доштанд, хокдонашро пора-пора карданд, бар асари тарсе, ки мабодо рӯзе ин мардум якдасту тавонову муташаккил бархезанд.
Бобоҷон Ғафуров аз дарду доғу ҳавасу муроди миллати худ дар гузаштаи ҳаяҷонангез ва даврони навини пур аз хашму хурӯшу зӯргӯиву ситез дили пур дошт ва аз он канданӣ наметавонист. Ҳатто, замоне ки дар садри роҳбарии мақоми аввали ҷумҳурӣ (солҳои 1947-1956) котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон муваззаф буд, доиман курсии мансаби олиро дар суфасангону бошишгоҳҳову ҳуҷраву меҳмонхонаҳои мардуми наҷиби тамоми шаҳрҳову деҳкадаҳои шиноси ватанаш, ки ба иқтизои ихтисоси рӯзноманигориаш (ӯ соли 1931 факултаи рӯзноманигории донишгоҳи Маскавро хатм намудааст) дидаву бӯйида буд, зуд-зуд ҷойгир мекард.
Деҳқонбобои номӣ, раиси собиқ колхози «1 Май»-и ноҳияи Панҷ (он вақт ноҳияи Кировобод) Болта Нидоев бо эҳтиром ёд мекунад, ки бо Бобоҷон Ғафуров 2 бор вохӯрдааст. Ду соате, ки барои тамоми ҳаёташ дарси лутфу меҳри мардумнавозӣ, китф ба китф, по ба по бо донапошу даравгари хоколуд, тракторчии равғанбӯ, даҳмардаи офтобсӯхта дил ёфтаанд, заҳмат кашидану ба саодати хонаободӣ расиданро дилоҷонӣ кард.
Бобои Болта сурату сирати меҳрубон-сарварро бад-ин гуна менамоёнад: «Ҷамъе аз деҳқонони пешқадам сар карда, то роҳбарони хоҷагиву ноҳиявӣ пешвозаш баромадем, ки дар тасаввур сураташ ин буд: як офариниши сиёсии коммунисти бодабдаба. Аммо, салом дод даст пеши бар, шахсе меҳрубонсимо, бо ҳама канор ба канор, раҳмпеша, хоксор. Хоҳиш кард: «Маро аввал ба хонаи муҳоҷирон баред». То косаву қошуқу суфраву танӯру кӯрпаву болишту оби дари хонаи мардуми муҳоҷирро дидан кард. Дар чашмонаш ашк мавҷ мезад, дар рӯи суфаҳои гилин менишаст, пирону тифлони дар хонаҳои ноободу гармизадаро ба оғӯш мекашид. «Рӯзгори нек дар пеш аст, якдилу дастгири ҳамдигар бошед», - мегуфт.
Мо, муҳоҷирони навомада аз водии кӯҳистони Вахё, ки дарҳои кошонаи бобоиро бо чашмони пуроб ва оҳу ҳасрати зиёд баста будем, ба ин меҳрубонёр сахт дилбанд шудем. Ӯ рафту чӯбу тахтаву масолеҳи хонасозӣ рехт. Дар зистангоҳи нав бо мардуми ӯзбекзабон, муҳоҷирони қаблан аз водии Фарғонаву Хуҷанду Зарафшон омада, суфраи пур аз муҳаббату дилнавозии ҳамсоягиву қишлоқдорӣ густурда шуд».
Бобоҷон Ғафуров баъдан дар мақоми роҳбарии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (аз соли 1956 20 сол ба баъд) бо ҷилои расотару гиротар тоҷу сарири миллати гиромигуҳарашро тобандагӣ бахшид.
Китоби бузургу гаронбаҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бе муҳобо дар як раф бо «Шоҳнома»-и ҷовидонёди Фирдавсӣ барои таъмини хайру хуши мардуми соҳибваҳдати мо шафоат кардан дорад. Он гуна, ки суханвари маҳбуби зиндаёд Бозор Собир дарёфта:
Баъди сад садсола охир ҳар хуросонпорае
Ёфт пайванди китобӣ дар китоби «Тоҷикон».

Хидмати ба ҷо овардаи аллома Бобоҷон Ғафуров воситаи ин ёдгории илмии ҷондор ба нафъи мардуми тоҷик ва мардумони дигар, ба нафъи фарҳангу амну осоишу якдилии бардавоми башарӣ лоиқтарин тақдими қаҳрамононаест дар бӯронитарин соҳати таърихи ҳаяҷонангези шӯравӣ. Дар миёни даҳҳо миллату халқиятҳои Ҷамоҳири Шӯравӣ чун шаҳодатномааш ифтихору бузургиву барқу ҷалоли нажоди парвардаи хиради раҳнаморо «Тоҷикон» рӯнамо сохт ба ҳадди аълои ҷасорат.
Бобои Болта Нидоев меафзояд: «Шояд «Тоҷикон» - ро ҳарф ба ҳарф 20 бор варақгардон карда бошам, аммо сер нашудам. Ҳамеша садои наву шоистае аз рӯзгори тӯфонии хешу ақрабои гузаштаам мешунавонад».
Нақле арҷманду қабули дил. Бо як дӯстам дар нишасти табрикотии 50-солагиаш қадрдоне аз кадомин кишвари Арабистон печалае зарҳалтоб тақдим дошт бо ин ҳарфи муборакбод: «Акнун, ки озодед, ин ганҷинаро ба рӯи дил монеду назаргирӣ намоед», - гуфт ва баровард китоби муҷаллали «Тоҷикон»-ро. Дӯсти маънавии ман ин туҳфаро дудаста гирифту ба чашм молид.
Бобоҷон Ғафуров самбули (символи) ватандӯстдорӣ, озодӣ, якҷоиву якҷонӣ буд.
… Дар пайи тадқиқи ваҳдати мо басо сиёсатгироён, ҳукмронон, сулҳҷӯён, озодиталабони ҷаҳони айнӣ гулчанбарҳо ороставу ситораҳо часпонда, лоиқи пазиришу омӯзиш донистаанд.
Хондам, ки ба гоҳи гиромидошти Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонишудаи мо, ки талъати ҳамин ваҳдат асту талошу ташаббусҳои Сарвари муаззами давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собиқ Президенти Амрико Барак Обама дар Қасри Сафед дастархони «ҳафтсин» густурда кард.
Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро баъди чандин соли дар орзуи тавфиқи ҳамсоягиву ҷӯромадӣ, дӯстдориву дастиҳамгирии ду халқи аз қадим бо ҳам ёру ёвар-тоҷикону ӯзбекон ҷозибаи Сулҳу Ваҳдати мо, ки Асосгузору меъмори мулоҳизакораш Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, қобили сурат гардонд. Таърихи нави созиши дӯстиву рафоқату дилпайвандӣ дар минтақа сар омад. Кунун аз «боғи ошноӣ» меваи «шохи вафо» (афрӯзаҳои Ҷомӣ) ду халқи куҳанпайванд ком ширин медорад.
Дар ин замон кадом ифтихоре метавон ёфт, ки дар қиёс бо ифтихороти баровардаи ваҳдати мо қобили баробар бошад?
Бо ҳамин ҳаҷми барозои нозишу сарбаландӣ дар остона Иди Ваҳдат раво донам чанд ҳарф гирди номи тӯдае ифротиву ба зоҳир «мулло»-ву наҳзатмаслакони исломисоз, ки туфайлихӯрону лаббайкгӯёни созмонҳои террориву дунёсӯзиву ҷудоиафкананд. Камина чун ҳазорон ватангумкардаҳо дар диёри мусофирату бечорагиву беқадрӣ (бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 1992-1997, ки дастандаркоронаш султаталабону мазҳабфурӯшони ҲНИТ буданд) дарди низову беҳамиву ноошноиро дар чашму ҷону ҷигар гардондаам.
Ёдам ҳаст, баъди сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Хосдеҳи Афғонистон (воқеан ин иқдом дар вазъияти онвақтаи таркишҳои бомбаву тӯппарронии маргрези бархӯрдҳои дохилии Афғонистон фаротар аз шуҷоату ғайратмандии қаҳрамонӣ буд) муллоҳову эшону мавлавиҳои сарвари раёсату кумитаву қуюдҳои созмондодаи худ дар ҳар манотиқ ҳиҷратзадагони пайи фиребидаи худро боз ҳам фатвои «ғамхорона» медоданд: «Саросема нашавед, аз мамлакати исломӣ пушт гардондан аз аҷри савоб бенасиб мондан аст».
Дар яке аз чунин ҷамъомад, ки гӯшу ҳушҳо безори амри маъруфи бехайру шафоати эшони қоиммақоме шуданд, Сахӣ ном марди бағайрат иҷозаи сухан пурсиду бебок афзуд: «Ҳазратҳо, набандед сари роҳмона, ин ҷо зеби шумо дорад. Кӯдакони ҳазорони мо-омиён бурдаи гӯштро дар идҳо аз хайру эҳсони омада мечашанд. Қисме аз шумо пештозонамонро дидем: аз ҳаққи ятимон ҳам даҳан бамаза мекунанд. Моро дигар тоб надиҳед. Ҳатто афғонҳо муборакбод доранд, ки подшоҳтон ба суроғтон омада...».
Издиҳоми тайи чору ним соли чӯлгардиву дилкандагиву оҳмандии ноумедро ин ҷунбиш аз пойгоҳи сутуҳу аламзадагии ғурбат ба майдони настуҳуҳ - ватанёбӣ ҷӯшонд. Онон, ки то ин дам соҳибкиром дар раъси ин ҷамъомад сарварӣ доштанд, панҷа ба гиребони тавба часпонданд…
Чӣ хубе! Мо дасти холиву дили пазмону доғи дидори Ватан ва саршор аз муҳаббату иштиёқу хайру салоҳ худро ба оғӯши кишвар ширеш бастем.
Чӣ баде! Онон чанде бо ҳамёнҳои долларкӯб, мошину шикамҳои дунба ва ҳамон дилҳои сиёҳи ифротиву пешдаҳанӣ баргаштанд. Бадтар аз он имрӯз боз бо муридони навбаромад аз гиребони зархарид каллаи ғаразпеч кашида, қад рост карда, аз дохилу хориҷ пешонаи ваҳдату ҳувияту оромишу хезишҳои ватансози моро тирнишон доранд. Пайу овозашон аз дори дунё канда!
Арзандатарин, зебандатарин, дилхоҳтарин дастёбамон тақдими ту бод Ваҳдати мо-такягоҳу паноҳи Сулҳу Истиқлол, хирмани буду боди Самару Исмат.
Мирзо НАБОТ,
собиқадори матбуот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2018    №: 103    Мутолиа карданд: 330

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед