logo

иҷтимоиёт

ЧИЛЛАИ МУСИБАТБОРИ ЗИМИСТОН

Ёддошт

Сардии зимистони соли милодии 1977  дар муқоиса бо солҳои пешин дучандон зиёд ба назар мерасид. Дар деҳаи Дарғ низ ин шабу рӯзи чиллаи зимистон барфи зиёдтар борида, хунукии қаҳратун ҳукмфармоӣ мекард. Баландии барф дар боми мардум то ба 25-30 сантиметр ва дар баъзе аз тангкӯчаҳои деҳа, ки бомҳоро тоза намуда, ба кӯча партофтаанд, то 1-2 метр мерасид. Бар замми он, шамоли хунуки барфолуд мардумро азият медод. Чиллаи зимистон барои баъзе аз хонаводаҳои деҳ мусибатбор буд.
Одатан, он замон маросими тӯю сур ва шодию нишоти мардуми ин деҳ аз  фасли баҳор то охири тирамоҳ баргузор мегардид. Таътили зимистонаи донишҷӯёни мактабҳои олию касбӣ, ки ба моҳи январ рост меомад, қариб ҳамарӯза дар ин моҳ тӯйи хонадоршавии ҷавонон  баргузор мешуд.
17 январи ҳамон сол, ки  барфи бисёре борид,  дар гузари Пордари деҳаи Дарғ маросими ордтакон, барои тӯйи хонадоршавии Кӯчаки Давлати Шайх (ҷояш ҷаннат бошад), ки хатмкардаи Донишкадаи тиббии Астрахан буд, бо духтари амакаш Бибияки Мирзои Шайх баргузор шуд.
Шарифаи Сафари Надир, ки ёддошт аз ин зани барӯманд меравад, низ сокини он гузар буд. Қомати баланд, танумандӣ, чашмони шаҳлояш  зебоии симои ӯро дучанд менамуд.  Шарифа  баъди иштирок дар маросим ҳангоми ба хона баргаштан, дарди ҷонкоҳе  ҳис карда, саросемавор ба сӯи хонаи наваш, ки се моҳ пеш ба он кӯчида буд, раҳсипор гардид ва дар роҳ аз духтари ҳамсояаш хоҳиш намуд, ки шавҳарашро, ки муаллими мактаби деҳа буд, аз бемории ӯ огоҳ намояд.
Дар хонаи пешинаи бобоӣ ду оила – онҳо ва оилаи додари шавҳараш истиқомат доштанд. Хонаи навашро тобистони ҳамон сол сохта, тирамоҳ ба он кӯчида буданд. Атрофи хона ва ҳуҷраи хобро андова намуданду халос, ҳанӯз дохили ҳуҷраҳои дигари онро наловидаанд. 
Шарифа ҳангоме вориди хона мегашт, писару  духтарони калониашро дучор омад. Духтари хурдияш дар дарс буду писари хурдияш  ба хонаи бибияш рафтааст. Ӯ зуд либосҳояшро иваз намуду аз кисаи камзӯлаш ду дона конфетро бароварда, ба писари калониаш дода, сари ӯро силакунон таъкид намуд, ки якеашро хӯру дигарашро ба додарат деҳ. Ба духтари калониаш Азизмоҳ рӯй оварда, гуфт:
- Додару хоҳаронатро нигоҳ кун, мана ба фикрам беморхонаи райун мебаранд, Худо медонад мебиём ва ё намебиём.
Писарашро ҳиссиёте фаро гирифт, ки гӯё модарро дигар намедида бошад. Дида сӯи модар дӯхта, намехост дасти  силанамудаи модар аз сараш дур гардад.
Чун шавҳарашро аз бемориаш огоҳ намуданд, ӯ ҳаросон ба хонаи пешинаашон, ки дар паси масҷиди «Ҳадди Мулло» шафати хонаи тағояш  буд, шитофта, зани тағояш Обидаи Мулло Мирҷаъфарро гирифта, ба хона омад. Давраи ҳомилагии Шарифа ба охир расида буду бояд барои таваллуд ба беморхона бурда мешуд. Обидаи Мулло Мирҷаъфар дар оилаи одамони ирфонӣ ба дунё омада буду аз илми  замонааш воқиф, пас аз муоина ҳолати вазнини модарро дарк намуда, таъкид кард, ки  мошин ёфта, беморро фавран ба беморхона баранд.
Беморхонаи наздиктарин аз деҳаи Дарғ дар масофаи 35 км - дар деҳаи Шаватки Боло қарор дошту беморхонаи марказии ноҳия бошад, дар деҳаи Варзи Манор, 65 км аз деҳаи Дарғ дур буд. Дар деҳоти болооби водии Зарафшон он замон на танҳо мошини ёрии  таъҷилӣ, ҳатто мошинҳои сабукрави шахсию давлатӣ набуд. Дар деҳаи Дарғ солҳои 70 - 80 - уми асри бист ду марди шариф Нурмуҳаммади Аваз ва Муҳаммадюсуфи Шарифи Сафар (ҷояшон ҷаннат бошад), ронандагони автомашинаҳои тамғаи ГАЗ-52 - и колхози «Тоҷикистон» буданду халос. Нурмуҳаммади Авазро аз назди масҷид, ки он замон ягона дар деҳа  ба ҳисоб мерафт  пайдо намуда, вазъиятро фаҳмонданд. Нурмуҳаммад  фавран барои ба беморхонаи ноҳия бурдани Шарифа мошинашро омода намуд. Обидаи Мулло Мирҷаъфар ва шавҳари Шарифа дар болои мошин ҳамроҳи бемор ба автомашинаи тамғаи ГАЗ-52 сӯи Варзи Манор  раҳ гирифтанд.
Роҳи кӯҳӣ чандон ҳамвор набуд. Қатъи назар аз  эҳтиёткории ронанда, ҳангоми аз чуқуру пастиҳо гузаштан, ноҳинҷориро ба вуҷуд меовард. Ин ҳолат ба Шарифаи обис-тан бетаъсир намонд. Хунравӣ шиддат гирифт, ки ӯ торафт беҳолу бемадор  мешуд.
Ҳамсари Шарифа бо меҳрубонӣ ба рухсорааш чашм дӯхта, хаёлаш ба дуриҳои дур парвоз намуд. Охир онҳо навдаҳои яктанаи азими дарахти инсонианд, авлод, балки хешу таборанд.
Соли 1957 волидайн Шарифаро барои  хонадоршавӣ бо писартағояш - банда, ки донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод будам, фотиҳа намуданд ва баҳори ҳамон сол тӯйи арӯсии мо баргузор гардид. Сеюми марти соли 1959 нахустфарзандамон Азизмоҳ ба дунё омад. Дар мактаби миёнаи деҳаи Сурхобчаи ноҳияи Ғончӣ кору зиндагӣ мекардам ва тирамоҳи  ҳамон сол зану кӯдакамро низ ҳамроҳи худ ба Сурхоб оварда, то соли 1971 ҳамон ҷо зиндагӣ намудем.  Ҳар  сол тобистонро дар деҳа ҳамроҳи аҳли оила мегузарондем. Баъзан, чанд муддат додарам Муллонаврӯз низ дар ноҳияи Ғончӣ ҳамроҳамон меистод. Фарзандонамон ба Муллонаврӯз меҳр монда, ӯро на амак, балки ако мегуфтанд, зеро ӯ низ ба мисли фарзанди падар бо онҳо унс гирифта буду Шарифаро чун модар медонист...
Мусофират ба Шарифа бисёр чизро омӯхт. Чун дар диёри бегона вақти холигӣ ӯро имкон медод ба пухтупаз ва дӯзандагӣ, хусусан дӯхтани либос ва ҷомадӯзӣ, машғул мегашт. Ман, ки ба маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Машъал" ва дигар рӯзномаҳои он давр доимӣ обуна будам, ӯ қариб ҳамаи шумораи маҷаллаи "Садои Шарқ"-ро хонда онҳоро дар хона нигоҳ медошт. Як гӯшаи хонаи мо ҳоло ҳам пур аз ин маҷаллаҳосту ба гӯшаи китобхона шабоҳат дорад.
Хислатҳои тозагии хонадори духтари калониаш Азизмоҳ нусхабардорӣ шудааст. Аз синфи ҳафтум-ҳаштум  ӯ  пухтупаз ва дӯхтудӯзи аҳли хонаводаро ба уҳда гирифта буд. Акнун, Азизмоҳи ӯро низ ба яке аз хешовандонашон номзад намудаанду бояд баҳор тӯйи арӯсии ӯро баргузор намоянд. Боз  шавҳари Шарифа ба хотир овард, ки тирамоҳи соли 1961 духтари дуюмашон дар деҳаи Дарғ ба дунё омад, ӯро Олиямоҳ ном ниҳоданд. Аслан ӯро мехостанд Орифамоҳ ном ниҳанд, аммо бибиашон Орифа, ки ҳамон вақт синнаш аз 90 гузашта буду аз илми ирфонӣ хуб огаҳӣ дошт, ҳангоми зинда будани инсон номашро ба набера ва ё абера гузоштанро фоли бад мешумурд ва, аз ин хотир, ба ин ният розӣ нашуд.
Баъди чанде бибиаш Орифа ва амакаш Гули Надир ҳам аз дунё гузаштанд. Соли 1964 ҳомила буду дар деҳа монд ва рӯзи Иди Наврӯз писари калониамон ба дунё омад. Ҳангоми таваллуд барои ҳамаи фарзандонаш то ба имрӯз момодоя - келини амакам Холбибии Раҷаби Одина - зани Сафари Мусофир буд. Ман он ҳангом  дар Ғончӣ будам. Тағояш, яъне падарам Мирзошарифи Муҳаммадшариф, кӯдакро Гулмуҳаммад (ба хотири номи амакашон Гули Надир)  ном ниҳоданд. Тобистони соли 1964 тағояш ба беморӣ гирифтор шуду баъди чанде вафот кард. Тирамоҳи ҳамон сол боз баъди адои маросимҳо ҳамроҳи ҳамсару кӯдакон ба Сурхоб баргаштем. Баҳори  соли 1966 духтари сеюмамон Маҳбуба ба дунё омад. Соли 1967 духтари чорумамон Мавлуда таваллуд шуд, ки дар якунимсолагӣ дар Дарғ аз дунё гузашт. Охири соли 1968 боз духтар таваллуд намуд, ӯро низ Мавлуда ном ниҳодем.
Соли 1970 писартағояш Муллонаврӯзро ба хизмати аскарӣ роҳӣ намуданд. Модараш ва хушдоманаш дар деҳа танҳо монда буданд ва зарурати ба деҳа баргаштанашон пеш омад. Аз Сурхоб ба Дарғ кӯчида омада, зиндагии муқимӣ оғоз намуданд.
Баҳори соли 1971 писари дуюмамон ба дунё омад, ки ба хотири  бобояш номи ӯро Мирзошариф  ниҳодем.
Тобистони соли 1971 хушдоманаш Давлатмоҳи Азизи Тоҳир ва тирамоҳи ҳамон сол духтарамон Мавлудаи чорсола низ аз олам гузаштанд. Зиндагӣ ману ҳамсарамро аз қабзаи имтиҳон раҳо накард. Дигар фарзандонамон - Ҳамроҳгул соли 1974 ва  Сафар соли 1976 вафот намуданд, ба қавле ғӯрамарг гаштанд...
…Мошин вақте ба беморхонаи ноҳиявии мавзеи Лангар расид, шом фаро расида буду торикӣ ҳукмфармо.  Шарифа, ки аз хунравии зиёд тамоман беҳол гашта буд, мадори аз ҷой ҷунбидан надошт, аз ин хотир, ӯро илоҷе намуда, ҳамшираҳои шафқат бо кумаки шавҳар ва Обидаи Мулло Мирҷаъфар бардошта, ба ҳуҷраи эҳёгарӣ оварданд. Сардояи беморхона Фотима Назарова баъди муоинаи бемор   ва ташхиси фаврӣ муайян намуд, ки дар батни модар тифлони дугониканд. Фаврӣ бо ҳайати ҳамшираҳои шафқат ва тавсияи сардухтуру духтурони собиқадори дорои малакаи касбӣ машварат ороста, то субҳ тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, то кӯдакон солим ба дунё биоянду модарашон аз марг наҷот ёбад. Субҳ дамиду муждаи ба дунё омадани дугоникҳо, аммо дар ҳолати вазнин қарор доштани онҳо ва модарашонро навбатдори таваллудхона ба падари чашминтизор ва хешу ақробои  онҳо расонд. Ба навзодон, ки ҳар ду писар буданд, Ҳасан ва Ҳусайн ном ниҳоданд.
Аҳволи модар хуб набуд. Баъди таваллуд ҳоли ӯ беҳ нагардида, камхунӣ хатари маргро ба миён меовард. Баъди чанд соате  духтури навбатдор хабар овард, ки  Ҳусайн вафот кард.
Баъди пешин, духтури дигаре бошитоб омада, фавран барои бемор хун супурданро таъкид намуда, ҷамъомадагонро барои ташхиси гурӯҳи хунашон ба ҳуҷраи хунгирӣ даъват кард. Мутаассифона, аз ҷамъомадагон ғайр аз гурӯҳи хуни Муҳаммадамин Шодиев дигар гурӯҳи хуни нафаре мувофиқ наомад. Духтурон фавран аз Муҳаммадамин хун гирифта, ба бемор гузаронданд.
Наздики шом ҳоли бемор нисбатан беҳтар гардида буду аммо то ҳол қудрати сухан гуфтан надошт, вале қатъи назар аз ин хешу табор ва  наздикон умедвори беҳбудӣ буданд. Субҳи рӯзи дигар духтур хабар овард, ки Ҳасан низ вафот кард. 
Ҳасану Ҳусайнро ба хок супурда, ҳама боз ба беморхона баргашта шоҳиди дар лабони аз бемадорӣ парсахбастаи табассуми Шарифа шуданд, ки ба сақфи ҳуҷра дида дӯхтааст. Табассуми бемор ба наздикону хешовандон умедворӣ  бахшид. Лек ин замон дар ҷисму тани нимҷони Шарифа ду қувва, ду ҳолат - марг ва ҳаёт дар талош буд. Аз як тараф суроби худораҳматии падараш Сафари Надир ва апааш Азизмоҳ пеши назараш ҳувайдо гардида, ӯро ба сӯи худ мехонданду ӯ бошад, бо ду дасти кушода, ки мисли  боли парандае, ки дар парвоз асту чӯҷаҳояш Ҳасан ва Ҳусайн дар онҳо савор, бо аломати сар не мегуфт, аз тарафи дигар бо дидаи нигарон фарзандони дар деҳ мондааш Азизмоҳу Олиямоҳ, Маҳбуба, ду писари калониаш ва модари чашминтизораш - Розияро  меҷуст. Аммо бо амри тақдир ва хости Парвардигор ин замон боз пеши назараш фарзандони ғӯрамаргаш Мавлудаҳои калонию хурдӣ, Ҳамроҳгулу Сафар пайдо гардиданд, ки бо оғӯши кушода ба сӯи Модар медавиданд. Ӯ низ бо боли кушода ҳамроҳи Ҳасану Ҳусайнаш ба сӯи онҳо давид…
Обидаи Мулло Мирҷаъфар, ки рӯзи сеюм беморро парасторӣ мекард, сари Шарифаро рӯи дасташ нигоҳ дошта, бо чашмони нимпӯшида болои сари ӯ оятҳои қуръониро мехонд, ин дафъа сураи навбатиро ба охир расонду оҳи сарди бемор ба гӯшаш расид ва саросема чашмони худро во намуда, ба чашмони пӯшидаю лабони ба табассум моил ва дастони ба ду тараф кушодаи Шарифа назар дӯхта, ҷон ба Ҷонофарин супурдани ӯро дарк намуд. Бо дили пурхун сари ба ҷониби қибла моилгашта болои шонаи рости китфаш афтодаи Шарифаро бардошта, бо пахта ва дока лабони ӯро тоза карда, бо пораҳои сӯфи сафеди оҳарии дар даст доштааш аввал манаҳу сонӣ ҳар ду ангушти калони пои ӯро баста, ба аломати сар ҷамъомадагонро аз мусибати бавуқӯомада огоҳ намуд.
Ҷасади Шарифаро ба мошини ёрии таъҷилии беморхонаи марказии ноҳия бор намуда, хешу табор ба Дарғ ба хонаи бобоияш - он хонае, ки на танҳо шавҳарашу фарзандонаш, ҳатто модараш ва бобояш, яъне чор насли авлодӣ он ҷо ба дунё омадаанд, оварданд ва аз он ҷо субҳи рӯзи 21 январи соли 1977 баъди адои маросим ба қабристони деҳаи Дарғ бурда,  дар паҳлуи гӯри падараш, ки пушти сағонахонаи қабристон ҷойгир аст, ба хок супурданд. Модари тақдирсӯхта аз никоҳи хешутаборӣ гӯё худ ба суроғи ҷигаргӯшаҳои ғӯрамаргаш рафт...

Ин ҷо гуфтаҳои Пешвои миллат ҳамчун панди замон ва шиори зиндагӣ ба ёдам меоянд, ки бояд барои ҳамаи мо ҳам фарзу ҳам суннат бошад: "Чаро мо бо дасти худ ва бо ихтиёри худ зиндагиамонро талх мекунем. Яке аз сабабҳои барвақт фавтидани тифл ва маъюбии модарзодӣ никоҳи хешовандии наздик мебошад".
Афсӯс, агар 50 сол қабл санади манъи никоҳи хешутаборӣ мавриди  амал қарор мегирифту ин омили маргбор  пешгирӣ карда мешуд, шояд кӯдакони маъсуми ғӯрамарг - Ҳасану Ҳусайни шири модарро начашида, имрӯз сиҳату саломат буданд. Ва, шояд, модарон аз панҷ-шаш то сездаҳ, ҳатто понздаҳ тифли ба ҷон баробар маҳрум намешуданд. Ва агар ба мисли имрӯз роҳҳои ноҳияҳо доимӣ имкони равуои мардумро ба пойтахти кишвар таъмин менамуданд, шояд модари умрбод кӯлвори ғам дар китф хушбахтии ҷигарбандонро надида, оламро падруд намегуфт. Боз бар замми ин,  ҳар як шахси фарзанд ва ё модарашро аз даст дода, дар ёдаш ҷигархун асту кӯҳи ғам ҳамеша дар дилаш ӯро ором намегузораду ҳисси кумак карда натавонистан домангираш. Дар оинаи хотироти фарзандони модаргумкарда шабҳо суроби модари ноорому чашмони аз бехобиҳо ором нагирифта, рамзнок сӯи фарзанд нигарон ҳамеша ҷилвагар асту баҳри ӯ ашки дидагони азизонаш беихтиёр равон.
Гул ШАРИФОВ, 
номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафед-раи гидрогеология ва геологияи муҳандисии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ,
Шарифаи ГУЛМУҲАММАД,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2018    №: 104    Мутолиа карданд: 211

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед