logo

Хабарҳо

ЛЕВАКАНТ. Як вохӯрии муҳим

Гурӯҳи корӣ, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади фаҳмондани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот (12 майи соли 2018)  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ташкил шудааст, бо сокинони шаҳри Левакант вохӯрӣ намуд.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳр оид ба моҳияту аҳамияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат, амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ва вазъи сиёсию иҷтимоии ҷаҳон суҳбат намуданд.
И. Солеҳзода, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят, доир ба масъалаҳои таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ, дигаргун шудани низоми байналмилалӣ ва ба вуҷуд омадани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик, алалхусус буҳрони Афғонистон, Ироқ, Сурия, Баҳрайн, Яман, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва силоҳ, шиддат гирифтани мушкилоти экологию иҷтимоӣ ва хуруҷи бемориҳои хатарноки сирояткунанда сухан гуфта, таъкид кард, ки зиракии сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва омӯзиши илму ҳунар роҳҳои беҳтарини эмин доштани кишвар аз хавфу таҳдидҳои муосиранд.
Ҳамчунин, аъзои гурӯҳи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 - и ба номи А. Зоҳири Ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ доир ба дастовардҳо, фароҳам овардани шароит барои ҷавонон, таҳсил дар хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа суҳбат оростанд.
Зикр гардид, ки ҷавонон бояд тибқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои омӯзиши асосҳои илми муосир, хусусан фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотӣ,  талош варзанд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 378

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед