logo

туризм

ҲАФТ ҶАНБАИ МАНФИАТБАХШИ САЙЁҲӢ

Тоҷикистон дорои захираҳои беназири табиию фарҳангӣ ва табобатӣ буда,  сайёҳӣ аз самтҳои  афзалтарин ва ояндадори иқтисодӣ мебошад. Ба эътирофи коршиносон, эълон гардидани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисоди миллиро аз ҳисоби афзоиши шумораи субъектони хоҷагидори соҳа такони бузург хоҳад бахшид. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, вакил ва раиси кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба  иқтисод ва молия, сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушду пешрафти бахшҳои калидии иқтисод, аз ҷумла саноат, нақлиёт, алоқа, сохтмон, кишоварзӣ нақши арзанда дорад.


Дурнамои рушди сайёҳии Тоҷикистон
Дурнамои рушди сайёҳии кишвар аз ҳама ҷиҳат умедбахш аст. Кӯҳсори азими мамлакат аз сарватҳои беназири табиӣ иборат буда, истифодаи  онҳо  барои пешрафти самтҳои аз ҳама ҷолиби туристӣ – кӯҳнавардӣ, шикор, шифобахшӣ ва экологию геологӣ имконият фароҳам меорад. Маълумоти оморӣ шаҳодат медиҳад, ки дар ҷаҳон чунин кӯҳсори зебоманзар кам аст. 
 Иқлими гӯшаю канори ҷумҳурӣ низ дар масофаи на он қадар дур аз ҳам хеле фарқ мекунад. Масалан, охири фасли баҳор ва се моҳи тобистон ҳарорати миёнаи ҳавои шаҳри Душанбе қариб 40 дараҷа бошад, дар мавзеъҳои тамошобоби каме аз он  дур - Сафеддара, Қаратоғ, Файзобод, Фахробод, Норак ва Себистон ҳарорати ҳаво на беш аз 30 дараҷа аст. Гуногунрангии  табиӣ, хусусан дар атрофу акнофи пойтахти ҷумҳурӣ, ба зиёд гардидани фароғатгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҳудуди марказии кишвар мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин, дар мамлакат рӯду дарёҳои хурӯшон, кӯл ва ҳавзҳои дилангези обҳои нӯшиданӣ бешуморанд. Фаровонии ин неъмати бебаҳо омили дигар барои ҷалби меҳмонони хориҷист. 
Сарзамини куҳанбунёди Тоҷикистон таърихи ҳодисаю воқеаҳои чандҳазорсоларо дар қалби худ ҷой додааст. Барои ошноӣ ба ин гузаштаи пурғановат имрӯзҳо миллионҳо сокини сайёра таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Мавзеъҳои бисёри таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва маконҳои дигари мадании мамлакат манбаи беназире дар ҷодаи рушди сайёҳӣ буда метавонанд. Саразм, Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Сайёд, Золи Зар, Чоргул, Вашгирд, Ширкент, мақбараҳои устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз маконҳои бузурги таърихию фарҳангӣ дар кишваранд.
Барои истифодаи васею самарабахши имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ  бо  ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низоми мукаммали қонунгузорӣ фароҳам оварда шудааст ва муаммоҳои ҷойдошта ҳалли пурраи худро ёфтаанд. Дар кишвар барои рушди сайёҳӣ на танҳо қонуну санадҳои дахлдор қабул гардиданд, балки имтиёзу сабукиҳои беназир роҳандозӣ шуданд ва баҳри фароҳам овардани шароити инкишофи бахши сайёҳӣ  мусоидат менамоянд. Аз пардохтҳои андозиву гумрукӣ озод гардидани воридоти таҷҳизоту  масолеҳи сохтмон барои бунёди иншооти сайёҳӣ,  аз андози аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ давоми  панҷ соли аввали фаъолият, ба роҳ мондани низоми содакардашудаи раводид (шабакаи ягонаи электронӣ) барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон аз зумраи тадбирҳои муҳиму самарабахш дар ҷодаи рушди соҳа дар Тоҷикистон мебошанд.

1. Миллионҳо ҷойи нави кор
Коршиносону мутахассисон  соҳаи сайёҳиро ҳамчун манбаи таъмини шуғли аҳолӣ  арзёбӣ менамоянд. Шариф Раҳимзода гуфт, ки дар баъзе кишварҳо аксари  шаҳрвандон дар соҳаи туризм ба шуғл фаро гирифта шудаанд.  Масалан, дар Андорра - яке аз кишварҳои хурди европоӣ қисми зиёди  мардум дар самти  хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Дар кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Мардумии Чин 60 миллион  ҷойи кор шомили бахши  сайёҳӣ мебошад. 
Фазлиддин Қодиров, мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, бовар дорад, ки дар заминаи рушди баландсуръати бахши туризми дохилӣ дар ҷумҳурӣ миллионҳо ҷойи кор фароҳам хоҳад омад.
- Пеш аз ҳама корхонаҳои саноати сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, хизматрасонии нақлиёт, объектҳои сайёҳӣ ба мутахассисон - тарҷумонҳои соҳавӣ, роҳбаладон, менеҷерон, истеҳсолгарону фурӯшандагони маҳсулоти сайёҳӣ, тарғибгарон, хизматрасонҳои фароғатӣ, пешхизматҳо, ронандагон, кормандони бахши меҳмондорӣ ва амсоли онҳо ниёз доранд. Гузашта аз ин, меҳмонони хориҷӣ ҳангоми тамошо ва фароғату табобат дар мамлакат аз маҳсулоти  ҳунармандӣ, нонӣ, кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ  ба таври васеъ истифода хоҳанд бурд. Ба ин васила дар бахшҳои номбурда низ ҷойҳои зиёди кор ташкил ёфта, имкон дорад, ки аз ҳар хонавода дар кишвар  нафаре  ба ин кор фаро гирифта шавад,  - иброз дошт ӯ.

2. Рушди истеҳсолоти ватанӣ
Дар раванди  пешрафти сайёҳии дохилӣ аз ҷониби ширкатҳо ва субъектони хоҷагидори соҳа инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ташкил мегардад ва аз ин ҳисоб сохтмону меъморӣ дар мамлакат рушд меёбад. Корхонаҳои нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ рӯи кор меоянд. Аз ҷониби аҳолӣ низ молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли савғотию туҳфа ва хӯрокворӣ омода мешаванд, ки мӯҷиби рушди истеҳсолоти ватанӣ мебошад. Тавлиди маҳсулоти дастии ҳунармандони ҷумҳурӣ бо сатҳу сифати хос ва мувофиқи талаботи бозор ривоҷ меёбад. Яъне тамоюли тараққиёти сайёҳии кишвар дар нав-бати аввал ба бештар гардидани теъдоди корхонаҳои саноатии ватанӣ, истеҳсолоти маҳсулоти ҳунармандӣ ва кишоварзӣ  мусоидат менамояд.  
         
3. Содироти мева
Таърифу тавсифи меваҳои шаҳдбор ва аълосифати мамлакатро бештари мардуми олам  шунидаанд ва медонанд. Дар зиёфатҳои боҳашамати афроди  баландмартабаи дунё – сарони давлатҳо, тоҷирону соҳибкорони бонуфуз ва ғайра дастархонро бештар меваҳои ширини Тоҷикистон зиннат мебахшанд. Аз эҳтимол дур нест, ки бисёре аз сокинони давлатҳои дунё ҳаваси дидани боғоту токзорҳои рангоранги диёри моро  доранд. Вақте онҳо ба Ватани мо ворид мегарданд, на танҳо аз меваю ангури кишоварзони тоҷик истеъмол мекунанд, балки ҳангоми бозгашт қисме аз онро дар шакли хушк ва тар бо худ мебаранд. Ин ҳолат ҳавасмандии соҳибкорону тоҷирони хориҷиро ба содироти маҳсулоти кишоварзии мамлакат зиёд менамояд. 

4. Ҷалби  сармояи хориҷӣ
Абдуғаффор Нуъмонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  изҳор дошт, ки туризм яке аз роҳҳои самарабахш дар ҷодаи ҷалби сармоягузорон ба иқтисоди кишвар аст.  Дар аксари кишварҳои аз лиҳози туризм пешрафта сайёҳӣ василаи рушди сармоягузорӣ қарор гирифтааст.
- Ҳар  сайёҳе, ки аз ин ё он гӯшаи кишвар боздид мекунад, эҳтимол дорад, ки ҳангоми сафари дуюм  ҳамчун сармоягузор ба ин ҷо ворид гардад. Меҳмонони хориҷӣ  баробари саёҳат бо  имкониятҳои гуногуни табиӣ  ва фазои сармоягузорию соҳибкории мамлакат  аз наз-дик ошно мешаванд. Ин ҳолат ҳавасмандии онҳоро ба сармоягузории самтҳои афзалу ояндадор – коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ, содироти оби тозаи нӯшиданӣ, истеҳсоли доруворӣ  бештар мегардонад.    Дар  ҳоли бунёди иншооти зарурии сайёҳӣ ва беҳбудӣ ёфтани хизматрасонии соҳа  дар ҷумҳурӣ вазъи  сармоягузории  самтҳои иқтисоди миллӣ низ бо суръати баланд  пеш хоҳад рафт. Дар  кишвар фазои мусоиди  сармоягузорӣ ҳам  фароҳам оварда шудааст, ки ба ин имконият медиҳад, - изҳор дошт номбурда. 
      
5. Афзоиши даромад аз андоз
Ба  василаи падид омадани ширкатҳои нави сайёҳӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, афзудани шумораи кормандон дар  соҳа сафи андозсупорандагон низ зиёд мегардад. Аз ин ҳисоб ҳаҷми даромади андозӣ  ва пардохтҳои дигари давлатӣ ба буҷети кишвар ба маротиб меафзояд.  Муҳимтар аз ҳама, ситондани андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бахши мазкур осонтар мебошад.
  
6. Муаррифии Тоҷикистони пешрафтаю осоишта
Пешравиҳо дар соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ва афзоиши воридоти сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, пеш аз ҳама, барои муаррифии сарватҳои моддию маънавии кишвар  имконияти васеъ фароҳам меоранд. Меҳмонони хориҷӣ пас аз баргаштан ба сарзамини хеш, албатта, таассуроти худро доир ба табиати биҳиштосою  нотакрор ва  диёри куҳанбунёди Тоҷикистон ба наздикону пайвандон баён медоранд. Онҳо аз тариқи шабакаи умумиҷаҳонии интернет аксу наворҳои бардоштаи худро ҳангоми тамошои гӯшаю канори мамлакат дар миқёси олам паҳн намуда, онро бо забонҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Чунин муаррифии беғаразона ба  боло рафтани нуфузи ҷумҳурии мо ҳамчун кишвари дорои таъриху тамаддуни ғанӣ мусоидат мекунад.

7. Беҳбудӣ ба муҳити экологӣ
Соҳаҳои саноат ва истихроҷи нафту газ бахшҳои сердаромаданд, аммо партовҳои барои атмосфера хатарнокро ихроҷ намуда, ба муҳити зист ва табиат зарари бузург мерасонанд. Сайёҳӣ ягона соҳаест, ки баробари даромаднокӣ барои муҳити зист манфиатбор аст. Дар соҳаи саёҳати дохилии мамлакат бахши экотуризм самти афзалтар қарор гирифтааст. Афзоиши шумораи майдону боғҳои махсус дар минтақаҳои тамошобоб – шикорҷойҳо, мамнӯъгоҳҳо ва арчазору дарахтзорони нав аз рушди экотуризм дар ҷумҳурӣ  шаҳодат медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 362

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед