logo

фарҳанг

"АКТРИСА" - И ТЕАТРИ ҶАВОНОН ҶОИЗАДОРИ ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имсол бори нуҳум аст, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои мустақил таҳти унвони «Фазои ҷавонӣ» баргузор гардид. Дар он театрҳои мустақил ва таҷрибавӣ аз 17 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Намоишҳои ба озмун роҳёфта ва ғайриозмунӣ аз назари дақиқбини ҳайати коршиносон гузаштанд. Имсол дар қатори даҳҳо асари дигар намоиши «Актриса» - и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ ба озмун роҳ ёфт.
Он аз рӯйи намоишномаи драматурги қазоқ Карина Шадимова офарида шуда, аз тақдири фоҷиабор ва ҳамвора пур аз лаҳзаҳои  шодии актрисае нақл мекунад, ки тақдири худро бо дасти хеш сохта, ба сӯйи саҳнаи бузург роҳ кушодааст.
Намоишро хатмкардаи курси режиссёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Қамариддин Мирзоев (гурӯҳи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев) ба саҳна гузоштааст. Дар он нақши асосиро ҳунарпешаи ҷавон ва бомаҳорати театр, барандаи чандин ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ Заррина Бадалова офарид.
З. Бадалова эҳсосоти ба бозӣ дил бохтан ва тадриҷан як ҷузъи муҳими ҳаёташ гардидани онро, ки ҳатто сабаби маргаш мегардад, хеле устокорона тасвир намудааст. Дар рафти намоиш мо шоҳиди он мегардем, ки чӣ тавр раванди воқеаҳо аз як духтарчаи содадил бозигари чирадастеро меофаранд. Фоҷиаи актриса низ дар ҳамин аст, ки ба ҷои он ки аз хурдсолӣ бо тамоми ҳастӣ ба бозӣ ворид гардад, бозиро воситаи расидан ба мақсад табдил додааст.
Дар намоиш фалсафаи тақдир, инсон ва бозии онҳо хеле равшану возеҳ нишон дода шудаанд. Коргардон ҳар як ҷузъи саҳнавиро то ба ҳадди рамз бурда мерасонад. Ҳамин тавр, мо ба хубӣ мебинем, ки чӣ тавр зоча ба актриса ва дар навбати худ актриса ба зоча табдил меёбад. 
Намоиш аз ҷониби ҳайати бонуфузи ҳакамон низ баҳои баланд гирифт. Заррина Бадалова сазовори ҷоизаи «Беҳтарин офарандаи нақши зан» гардид. Ҳамчунин, намоиш дар номинатсияҳои «Беҳтарин ороиши саҳна» ва «Беҳтарин ҳалли мавзунии (пластикии) асари саҳнавӣ» ғолиб дониста шуд.
Ҷоизаи «Ҷасорат ва ҳирфавият» низ, ки дар ин ҷашнвора яке аз мукофотҳои асосӣ ба шумор мерафт, насиби ҳунармандони тоҷик гардид. Дар маҷмӯъ, асар бо ҳафт ҷоизаи ҷашнвора қадр карда шуд, ки аз муваффақияти он дар ин чорабинии сатҳи баланд дарак медиҳад.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 381

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед