logo

иқтисод

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Бахшида ба раванди амалисозии ташаббуси нави глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» яке аз ташаббусҳои муҳим мебошад, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва барои татбиқи тавсияҳо ва ташаббусҳои дигари Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об заминаи саривақтӣ гузошт.
- Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷудияти 947 дарёи хурду бузург ва 13000 пирях дар минтақа дар сарчашмаи обҳои ширин қарор дошта, тавлидгари беш аз 60 дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Манбаъҳои обии кишвар барои сайру саёҳати ҳазорон нафар сайёҳи хориҷӣ, яъне туризми обӣ мусоид мебошанд. Аз рӯи таҳлилҳо аксарият сайёҳони хориҷиро обҳои мусаффову ширин, қуллаҳои барфпӯшу пиряхҳои азим ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистони азиз ҷалб месозад, - иброз дошт  Тағоймурод Ғафурзода, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои об.
Тибқи иттилои донишмандон ва таҳлилҳои оморӣ соли 2005 дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 1,2 миллиард нафар ба оби тозаи ошомиданӣ ва беш аз 2,6 миллиард нафар ба меъёрҳои одии беҳдошт дастрасӣ надоштанд. Дар соли 2015, яъне дар натиҷаи амалӣ гардондани даҳсолаи қаблӣ - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ин нишондиҳанда мутаносибан ба 663 миллион ва 2,4 миллиард нафар расонда шуд. Бо вуҷуди ин, мувофиқи маълумоти СММ дар дунё шумораи нафароне, ки аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, то соли 2025 ба 3 миллиард ва то соли 2050 ба беш аз 5,5 миллиард нафар хоҳад расид.
Бо назардошти муҳимияти масъала таъкид шуд, ки мо бояд дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва амалишавии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат саҳми босазо гузошта, ҳамчун кишваре, ки обро асоси дипломатияи муътадил ҳисобидааст, пешсафу пешкори чунин ташаббусҳо бошем.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 292

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед