logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. АЗ ШИНОХТИ ТАМАДДУНИ ШАРҚ ТО РУШДИ ИЛМИ ХОВАРШИНОСӢ

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи дастовардҳои даҳсолаи баъдиҷангии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1946 - 1956) Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари вақти ҷумҳурӣ нақши бениҳоят бузургу ҳалкунанда дошт. Дар чунин вазъ аз рӯи мантиқи вобаста ба низоми давлатдории замон зарурати ба кори дигар гузарондани академик Бобоҷон Ғафуров пеш наомада буд...
Бобоҷон Ғафуров соли 1956 аз вазифаи Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон озод ва директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС таъйин гардид. Барои Б. Ғафуров ин тавр тағйир ёфтани масъулияти хизматӣ чун атои тақдир ҳисоб меёфт, ҳарчанд то дар доираҳои илмӣ эътироф шудан вақт лозим буд.
Дарвоқеъ, ба ин вазифа таъйин намудани Б. Ғафуров ба даврае рост омад,  ки зарурати бардоштани нуфузи ин маркази муҳими илмӣ  дар доираҳои  мақомоти ҳизбию давлатӣ торафт равшантар эҳсос мешуд. Зеро нуфузи Институти шарқшиносӣ дар арафаи директори  он  таъйин гардидани Б. Ғафуров то дараҷае пойин рафта буд, ки дар зинаҳои болоии роҳбарияти мамлакат, ҳатто масъалаи барҳам додани он ва ба зиммаи академияҳои ҷумҳуриявиву факултетҳои таърихи донишкадаю донишгоҳҳои олӣ вогузор шудани масоили илмии шарқшиносӣ пеш омада буд. Ба гуфтаи академик Е.М. Жуков дараҷаи омӯзиши масъалаҳои Шарқ аз талаботи замон тамоман қафо монда буд.
Акнун бо тақозои тақдир сарварӣ намудани ин равияи ниҳоят муҳими илмӣ ба зиммаи Бобоҷон Ғафуров гузошта шуд. Барои ба талаби замон мувофиқ ташкил намудани фаъолияти илмии институт директор бояд пеш аз ҳама, нақшаи дурнамои онро муайян мекард. Аз ин рӯ, академик Бобоҷон Ғафуров бо такя ба таҷрибаи роҳбарии худ дар камтарин фурсат ин корро анҷом дод. Нақшаи мукаммали кории на танҳо институт, балки тамоми самтҳои рушди шарқшиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби алломаи замон пешниҳод гардид. Ин барнома соли 1957 дар ду мақолаи ҳамдигарро тақвиятдиҳандаи ӯ – “Вазифаҳои рӯзмарраи шарқшиносии шӯравӣ” ва “Доир ба пешомадҳои рушди шарқшиносӣ” матраҳ гардидааст. 
Б.Ғафуров сохтори дохилии Институти шарқшиносиро бо мақсади қавитар омӯхтани таъриху фарҳанги мамлакатҳои Шарқ мувофиқ гардонд. Дар назди Институт “Нашриёти адабиёти Шарқ” - ро ташкил намуд, ки ин иқдом барои чопи мунтазами маҷаллаҳои нави шарқшиносӣ мусоидат намуд.
Аз рӯи маълумоти духтари Бобоҷон Ғафуров – олими ҳиндушинос Нинел Ғафурова, ки дар бисёр сафарҳо бо академик ҳамроҳ буд, барои  иҷрои барномаи рушди институт, ки чун “Барномаи азнавсозии ғафуровӣ” шинохта шудааст, заҳмати зиёде ба харҷ додан лозим омад.  Аз ҷумла, 25 гурӯҳ ё воҳиди корӣ (бахш) ташкил шуд (аз онҳо 3 воҳиди корӣ дар Ленинград); 18 гурӯҳ дар 5 шуъбаи аз рӯи принсипи минтақавӣ фаъолияткунандаи мамлакатҳои Шарқи Араб, Шарқи Наздик ва Миёна, Ҳиндустон, Хитой, Шарқи Дур таъсис ёфт. Илова ба он, боз чанд бахши мустақил доир ба омӯзиши  Шарқи Қадим,  ба нашр расондани ёдгориҳо ва ҳуҷҷатҳои халқҳои Шарқ, ҳамчунин, шуъбаи Африқо таъсис дода шуданд.            
Дар кадом ҳолат қарор доштани Институти шарқшиносӣ  ва ба кадом сатҳ  расидани онро дар давраи роҳбарии Б. Ғафуров (1956 - 1977) ёддошту гузоришоти ҳамкорони ӯ, ки тамоми фаъолияти худро  барои рушди ин равияи илмӣ бахшидаанд, то андозае равшан кардаанд. Яке аз ҳамкорони Б.Ғафуров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Г.К. Широков аз хизмати беҳамтои ӯ дар рушди шарқшиносӣ ёдовар шуда, чунин қайд кардааст: “Ба шарқшиносӣ омадани Б. Ғафуров барои таҳаввулоти ин соҳаи илм роҳи васеъ кушод... Ман махсус аз омадани ӯ ба Институти шарқшиносӣ не, балки аз шарқшиносӣ мегӯям. Чунки роҳбарӣ ба ин маркази калони илмӣ ва амалан таъсир гузоштан ба маҷаллаҳо ва нашриёт маънии роҳбарӣ намудан ба ҳамаи ин соҳаи илмро дошт”.
Маълум буд, ки барои тайёр кардани мутахассисони равияҳои нави илмие, ки Б. Ғафуров ба нақша гирифта буд, пойгоҳи мустаҳкам ташкил кардан лозим меомад.  Аз ҷумла, доир ба давлатҳои нави аз мустамлика  раҳо ёфтаву ба доираи таҳқиқот воридшуда, равияҳои илмии иқтисодиёт, сотсиология, сиёсатшиносӣ, забоншиносӣ ва ғайра на танҳо барои худи институт, инчунин, барои дигар марказҳои шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисони соҳавӣ тайёр кардан зарур буд. Аз ин рӯ, Б. Ғафуров барои зиёд намудани теъдоди аспирантон  чораҷӯӣ намуда, бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳи машварат бо мутасаддиёни банақшагирӣ ва маблағгузории давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ теъдоди қабул ба аспирантураро ба маротиб зиёд намуд.
Миёнаи солҳои 1950 нақшаи қабул ба шуъбаи аспирантураи  институт аз 7 – 8  довталаб беш набуд. Б. Ғафуров ин нишондиҳандаро даҳ маротиба зиёд намуда, теъдоди қабули солонаро ба 70 – 80 нафар расонд. Бо мақсади тайёр намудани  мутахассисон барои мактабҳои олӣ ва марказҳои илмии ба шарқшиносӣ иртиботдошта бо ташаббуси Б. Ғафуров дар назди институт аспирантураи мақсаднок амал мекард. Мақсаднок барои он буд, ки ҷавонон дар асоси пешниҳоди расмии роҳбарони  мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар Институти шарқшиносӣ аз аспирантура гузашта, баъди дифои рисолаҳои номзадӣ ба ҷойҳои кории собиқи худ баргашта, фаъолияти илмӣ ё илмӣ – омӯзгориро идома медоданд. Бо ҳамин имконияти барои илм созгор бисёре аз шарқшиносони шинохтаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, ҷумҳуриҳои назди Балтик, аспирантураро дар ин муҳимтарин маркази муайянкунанда ва пешбари илми шарқшиносӣ гузаштаанд.   
Дар давраи сарварии Б. Ғафуров шумораи кормандони илмии институт беш аз 9 баробар афзуда,  соли 1977 ба 839 нафар расида буд. Маълум аст, ки бе ҷамъоварии маводи зарурӣ доир ба таъриху фарҳанги мамлакатҳои Шарқ таҳқиқоти ҷиддӣ пеш бурдан ғайриимкон буд. Ин заруратро ба назар гирифта, Б. Ғафуров бо ҳар восита дар солҳои 60 – 70 – уми асри гузашта ҳамасола ба хориҷа сафари илмӣ анҷом додани 120 - 140 нафар ходимони институтро таъмин менамуд. 
Дар ибтидои солҳои 1950 Институти шарқшиносӣ дар як сол беш аз 1 ё 2 рисолаи илмӣ чоп карда наметавонист. Баъзан рисолаҳои тайёр ду ё се сол дар навбати барориш мемонданд. Маҷаллаи расмии институт “Ахбори мухтасари институт”, ки бояд ҳар сол чоп мешуд, бо таъхир дар ду ё се сол ба нашр расонда мешуд. Б. Ғафуров тавонист дар як муддати кӯтоҳ пойгоҳи қавии чопӣ – нашриёти худи институтро ба роҳ монад. Дар солҳои 70-ум ин нашриёт аз 120 то 140 номгӯи китобу китобчаҳоро аз чоп мебаровард. Фақат ба нашриёти “Адабиёти Шарқ”, ки шахсан бо хоҳиши директори институт ташкил ёфта буд, ҳар сол то сад китоб, мақолаҳои сершумор барои чоп супурда мешуд. Бо ташаббуси Б. Ғафуров чандин китобҳои ниҳоят камёфту ҷолиб аз силсилаи “Ёдгориҳои адабиёти Шарқ”, осори академик В.В. Бартолд дар нуҳ ҷилду даҳ китоб, маводи симпозиуму конфронсҳои шарқшиносии сатҳи умумиҷаҳонӣ ва ғайра рӯи чоп омаданд.
Ҳатто ҳамин ишора ба баъзе аз ҷузъиёти фаъолияти ниҳоят мураккабу гуногунҷабҳаи сарвари муҳимтарин маркази илмӣ академик Бобоҷон Ғафуров шаҳодатест аз нақши бузурги ин абармарди илму сиёсат дар равшангарии таърихи тамаддуни Шарқ ва рушди ховаршиносии сатҳи ҷаҳонӣ.
Ҳайдаршои ПИРУМШО,
доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 286

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед