logo

сиёсат

ТАЪСИСИ КОМИССИЯ ОИД БА ОЗМУН ДОИР БА ИНТИХОБИ БЕҲТАРИН ЛОИҲАИ АНГОРАВИИ БОҒИ "ИСТИҚЛОЛИЯТ"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузарондани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмаи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишро ба имзо расонданд.

Дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузарондани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд. Дар тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд.
Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмаи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад.
Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шудааст.
Тартиби гузарондани озмун ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд.
Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии info@tajsohtmon.tj пешниҳод намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2018    №: 105    Мутолиа карданд: 244

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед