logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Устодоне, ки гуфтору кирдори омӯзанда доранду фурӯтану ғамхор ҳастанд, ойинаи ибратбини ҷомеа мебошанд. Аз зумраи чунин устодони муҳтараму арзанда, донишманди саршиноси илмҳои геология, академики Академияи илмҳои табиии Аврупо, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Абдулҳақ Файзиев мебошад.

Ӯ баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор меояд. Дар тӯли як сол корро аз коллектор оғоз намуда, то ба вазифаи коллектори калон ва пас аз он то ба геолог расидааст. Ин дараҷаи сабзиш хусусан барои тоҷиконе, ки дар он солҳо чун мутахассиси ҷавон дар истеҳсолот ба кор меомаданд, осон набуд. Зеро барои ин фосиларо тай намудан ҳадди ақал се сол заҳмат кашидан лозим меомад. Дар ҳамин давра устод тавонист, ки се зуҳуроти флюорит ва чандин нуқтаҳои маъдандорро ошкор намояд.
Абдулҳақ Файзиев баъд ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор меояд. Ҳамин тавр, аз соли 1960 инҷониб ӯ бо ин факултет робитаи ногусастанӣ дошта, ба донишҷӯён аз фанҳои минералогия, кристаллография, сохторҳои геологии майдонҳои маъданӣ ва меъёрҳои геологии ҷустуҷӯйи конҳои маъданӣ сабақ меомӯзонад.
Соли 1966 дар мавзӯи «Минералогия ва шароитҳои пайдоиши конҳои флюорити Қаротегини ҷанубу ғарбӣ (Тён - Шони ҷанубӣ)» дар шаҳри Алмаато рисолаи номзадӣ ва соли 1981 дар мавзӯи «Минералогия, пайдоиш ва қонуниятҳои паҳншавии конҳои  флюорити Тоҷикистони Марказӣ» дар шаҳри Москва рисолаи докториро дифоъ намудааст. 
Аз моҳи марти соли 1985 то моҳи сентябри соли 1996 вазифаи декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1996 то соли 2002 мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва дар як вақт аз соли 1997 то соли 2011 вазифаи директори Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст.  Имрӯзҳо устод мудири лабораторияи конҳои канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, дар як вақт профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф муаллифи беш аз 500 асару мақола ва корҳои илмист. Аз он ҷумла 7 монографияи илмӣ ва 7 китоби дарсӣ оид ба минералогия ва кристаллография ва чандин васоити таълимиву методияш аз чоп баромадааст. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 5 асари пурарзиши илмӣ ва 5 китоби дарсии устод ба мутахассисону ҳаводорони илми геология тақдим гардид.
М. ФОЗИЛОВ, Ш. ХУДОБАХШ, И. ОЙМУҲАММАДЗОДА,
Ф. МАЛАХОВ, М. ГАДОЕВ, Ф. ФАЙЗИЕВ, С. ЭЛНАЗАРОВ,
Н.САФАРАЛИЕВ, Н. НАБИЕВ, С. ЯТИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 272

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед