logo

иҷтимоиёт

РАМАЗОН - МОҲИ ХАЙР, АФВ ВА АЪМОЛИ САВОБ

Маҳз дар фазои Истиқлолияти давлатӣ арзишҳои милливу динии мо чеҳраи худро намоён карданд ва зиёда аз ин, муаррифӣ гардида, мақоми худро дар ҷомеа пайдо намуданд. Барҷастатарин дастоварди мо дар самти арзишҳои миллию давлатӣ эътироф гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба сифати арзиши олӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина озодии виҷдон ба сифати арзиши давлатӣ эътироф шуд ва имрӯз мардуми кишварамон ниёзҳои рӯҳонии худ-ро озодона қонеъ намуда истодаанд.
Таҷлили идҳои мусалмонӣ аз он зумра маҳсуб шуда, ҳатто ба рӯзҳои иди боистироҳат шомил карда шудаанд, ки мардум метавонад, дар баробари иҷрои фаризаҳои динӣ дар ин рӯз истироҳат дош-та бошад.
Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳбудии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар дар суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон,ки 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр намуданд, ки хусусан, солҳои охир дар кишварамон дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо аз ҷониби соҳибкорону ашхоси ҳимматбаланд торафт ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст. Ислом дар қатори панҷ рукни асосии худ ба ятимону муҳтоҷон додани закот ва садақаву фитри рӯзаро аз рукни асосӣ ва сеюми асли мавҷудияти худ эътироф кардааст.
Чунин рафтори саховатмандона, бешубҳа, аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, дар айни замон ба густариши раҳму шафқат дар байни аъзои ҷомеа, таҳкими муносибатҳои нек миёни одамон ва то андозае ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Дар моҳи шарифи Рамазон бо назардошти муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат дар масъалаи хайру саховат ва дастгирии оилаҳои камбизоат тайи солҳои охир аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва умуман, ҳамаи шахсоне, ки имкони мусоиди модӣ ё ба гуфтаи халқамон “дасти хайр” доранд, дар анҷом додани амалҳои нек, аз ҷумла ба ягон маҳали аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Ин иқдом аз як тараф таҷассуми татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор равад, аз ҷониби дигар ифодаи ободии рӯзафзуни кишварамон ва аз нигоҳи дигар саҳм гузоштан дар роҳи беҳбуд бахшидан ба муҳтоҷон ва рӯзгори оилаҳои ниёзманд дониста мешавад.
Моҳияти ҷавҳари фарҳанги исломӣ, махсусан идҳои Рамазон ва Қурбонро ҳамдигарфаҳмиву рафоқат, ҳусни тафоҳум, бародарию баробарии мусулмонҳо ва арҷгузорӣ ба шахсияти ҳамдигар, волидон ва арзишҳои миллию давлатӣ бунёд намуда, воҷиботи фитри рӯза ва закот (барои ашхоси ғанӣ) бар мусулмонҳо дар арафаи иди Рамазон ҳам ба ҳамин маъност, ки дорандагону саховатмандон дар ин рӯз дасти ёрӣ ба эҳтиёҷмандону бенавоён, ятимону барҷомондагон дароз бикунанд, то онҳо низ дар ин айём рӯҳияи идона дошта бошанд.
Аммо дар тафаккури бархе аз ҳамватанони мо ин андеша ҷой шудааст, ки гӯё дар додани таом савоби бисёр аст. Аз ин рӯ, дар рӯзи идҳои Рамазон ва Қурбон дастурхони худро аз анвои мухталифи ғизо пур мекунанд, ки натиҷаи ин амалашон ба исрофу зиёдаравӣ мерасонад. Яъне бархе аз одамон фарзу воҷибу суннатҳоро иҷро намекунанд, вале ин гуна амалҳоро нишонаи номусалмонӣ намеҳисобанду амалҳои исрофкорӣ, худнамоӣ ва таассубиро нишонаи мусалмонӣ медонанд.
Моҳи мубораки Рамазон афзали моҳҳои дигари исломӣ буда, тибқи оятҳои Қуръони карим фазилати он беҳтар аз ҳазор моҳ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар амали савоби мо нисбат ба дигар моҳҳо арҷ ва манфиати бештар дорад.
Шукрона, ки нисбат ба солҳои пешин хайру саховат ва кумаки ниёзмандон аз ҷониби саховатмандон дар ин моҳи шариф бештар ба чашм расида, исрофкориҳо ботадриҷ кам шуда истодаанд. Ин амал низ нишонаи рушди ҷомеаи кишвари маҳбуби мо буда, заминаи дигари боэътимод дар роҳи ҳар чи пештару бештар расидан ба ҳадафҳои миллию давлатии моянд.
С. ҚОДИРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 278

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед