logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАНДУРУСТӢ

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Сардори давлат ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати дохилии  кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Мақсади асосии Ҳукумати кишвар беҳбудӣ бахшидан ба вазъи соҳа ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар мебошад.
Аз ин ҷост, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ зиёд гашта, соҳа дар ҳоли рушди бемайлон қарор дорад. Ҳамасола бунёду азнавсозии даҳҳо муассисаҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир далели ҳамин гуфтаҳоанд.
Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара аз ҷумлаи чунин муассисаҳои иҷтимоӣ буда, соли 2014 бо буридани лентаи рамзӣ аз тарафи Сарвари давлат ба фаъолият оғоз намуд. Харҷи умумии корҳои сохтмонӣ 56 миллион сомониро ташкил дод. Инак, соли чорум аст, ки беморхона ба аҳолии ноҳияи Данғара, минтақаҳои Кӯлобу Бохтар хизмати тиббӣ расонда истодааст, - гуфт зимни суҳбат Хизматулло Шамсзода, сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара.
Дар беморхона мутахассисон ҳамаи усулҳои табобатиро мувофиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳони муосир ба роҳ мондаанд. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки он бо дигар муассисаҳои тиббии пешрафтаи ҷумҳурӣ рақобат намояд. 
Бинои беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ аз 6 ошёна иборат буда, дорои 105 кат мебошад.
Барои кор дар беморхона табибони пуртаҷриба ҷалб гардидаанд. Дар он 46 нафар мутахассиси баландихтисоси дорои маълумоти олии тиббӣ ва 186 нафари дигар бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Аксари онҳо дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз қабили Олмон, Амрико, Фаронса ва Ҳиндустон курсҳои бозомӯзиро гузашта, бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва роҳу воситаҳои беҳтарини муолиҷавӣ ба беморон шифо мебахшанд.
Ҳамзамон, дар беморхона шуъбаҳои ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакон, урология, пайвандсозии узвҳои инсон, тавонбахшӣ, қалб, бемориҳои дарунаи калонсолон ва наврасон, амрози занона ва таваллудхона, бахши ҷарроҳӣ, шуъбаи машваративу ташхисӣ, нуқтаҳои озмоишӣ (лабораторияҳои соҳавӣ), ёрии таъҷилии тиббӣ, нуқтаи шикастабандӣ ва ултрасадо ба мардум хизмат мерасонанд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 297

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед