logo

иқтисод

КИШТИ ТАКРОРӢ. МАҚСАД АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАВОДИ ҒИЗОӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд, ки дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар соли 2017 таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ беҳтар гардида бошад ҳам, бо назардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои ба маротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, ба роҳбарону масъулони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар доираи иҷрои барномаҳои қабулгардида, ба афзоиши устувори ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳа  аҳамияти хосса зоҳир намоянд.
Тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва  таъмини талаботи аҳолӣ ба маводи ғизоӣ аз истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корам  вобастагӣ дорад.
Шароити обию иқлимии минтақаҳои ҷумҳурӣ гуногун аст. Ин моро водор месозад, ки интихоби зироатҳоро дуруст ба роҳ монда, дар истеҳсолот технологияи муосири истифодаи самараноки заминҳои корамро бо мақсади рӯёндани 2-3 ҳосил ҷорӣ намоем. Рӯёндани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ (вобаста ба намуди зироат) аз муҳлати кишт, истифодаи навъҳои тезпаз ва риояи агротехникаи парвариш вобастагии калон дорад. Тарзе кор бурдан лозим аст, ки  масалан, аз як гектари кишти такрории ҷуворимакка на камтар аз 50-60 сентнер дон истеҳсол шавад. Муҳим он аст, ки навъҳои зироат  дар шароити Тоҷикистон санҷида  ва баъдан истифода бурда шаванд. Мувофиқи маълумоти обуҳавосанҷон, соли ҷорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво дар мавсим имконият медиҳад, ки аз кишти такрории зироатҳо ҳосили фаровон ҷамъоварӣ гардад.
Барои гузарондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили  ғалла аз болои алафпоя дар майдони киштшаванда тавассути чизел-култиватори ЧКУ-2,0  амалиёти технологияи коркарди пеш аз кишти хок гузаронда мешавад. Хок дар чуқурии 20 см коркард шуда, воридсозии меъёри нуриҳои тавсияшуда - асосан фосфорӣ ва калийдор осон мегардад.
Истифодаи кишти такрории омехта ва фосилавӣ дар майдони 80-100 ҳазор гектар имконият медиҳад, ки иловатан 200-220 ҳазор тонна хӯроки чорво гирифта шавад. Дар киштзорҳои омехта истифодаи ҷуворимакка бо лаблабӯи хӯроки чорво, лӯбиёи чинӣ ва чойҷуворӣ самарабахш мебошад. Дар киштзорҳои мобайнӣ самаранокии нисбатан баландро кишти омехтаи мош - сулӣ ва мош - ҷавдор таъмин менамояд. Яке аз усулҳои зиёд намудани истеҳсоли хӯрокаҳои серғизои  емворӣ дар ҷумҳурӣ васеъ намудани кишти майдони ҷуворимакка барои дон дар заминҳои  обёришаванда ба ҳисоб меравад.
Баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои хӯрокӣ ба истифодаи нуриҳои минералӣ вобастагии зиёд дорад. Бояд дар назар дошт, ки бо гузариш ба парвариши зироатҳои хӯрокӣ аз рӯи технологияи муосир ва васеъ намудани киштзорҳои кишти такрорию фосилавӣ барои гирифтани ҳосили баланди дон ва алафи сабз андохтани нуриҳои минералӣ бояд аз рӯи меъёри талаботи хоку иқлим ва зироат ҷараён гирад.
Дар кишти такрорӣ бояд зироатҳое истифода шаванд, ки давраи нашъунамояшон кӯтоҳ ва ба гармӣ тобовар бошанд, масалан ҷуворимакка, шолӣ, мош, офтобпараст, марҷумак, кунҷид, лӯбиёи чинӣ, маҳаллӣ ва сафедак, арзан, картошка, сабзавот. Вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ пухтарасии дони зироатҳои кишти такрорӣ асосан моҳҳои сентябр ва ноябр ба охир мерасад.
Саидҷамол САИДОВ,
ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 327

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед