logo

Хабарҳо

АЛОҚАИ МОБИЛӢ. Тартиби нави бақайдгирии IMEL

Дар ҷумҳурӣ тартиби нави бақайдгирии IMEL – и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян кардани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба роҳ монда мешавад.

Тартиби мазкур мувофиқи моддаи 6 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» амалӣ гардида, мақоми ваколатдор Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа, дар ин бора иброз дошт, ки тартиботи нав қоидаҳои бақайдгирии IMEL - и воситаҳои мобилии алоқаи барқиро муайян менамояд. Ин ҷо тамоми таҷҳизоти ниҳоӣ, яъне таҷҳизот ё дастгоҳҳои ба таври мустақим ва ғайримустақим ба шабакаи алоқаи мобилӣ пайваст буда, ки барои интиқол, қабул ва коркарди алоқаи мобилӣ истифода мегардад, ба қайд гирифта мешаванд. Барои бақайдгирии таҷҳизот низоми ягона таъсис меёбад.
Мақсади асосии ин иқдом пешгирии ҳолатҳои дуздии таҷҳизоти ниҳоӣ ва бартараф кардани воридоти ғайриқонунии онҳо ба кишвар мебошад.
IMEL «International Mobile Eguipment Identifier» - индентификатори байналмилалии таҷҳизоти мобилӣ рамзхонӣ мешавад ва аз 15 рақам иборат аст. Шаш рақами аввали IMEL тамғаи телефон, ду рақами дигар - давлати истеҳсолкунанда ва шаш рақами минбаъда – рақами сериягии таҷҳизот мебошад. Рақами охирин идентификатори эҳтиётӣ буда, бо алгоритми махсус ва дар асоси рақамҳои пештар муайян карда мешавад. IMEL дар қуттии таҷҳизоти ниҳоӣ навишта шуда, он бо тарзи чидани *#06# низ муайян мегардад. Чунин якҷояшавии рақамҳо дар дигар таҷҳизот дида намешавад.
Тартиботи нави бақайдгирии IMEL имконият медиҳад, ки ҷиноятҳои марбут ба дигаргунсозии таҷҳизот ошкор ва воридоти ғайриқонунии чунин таҷҳизот пешгирӣ карда шавад. Иҷрои талаботи тартиби мазкур барои ҳамаи операторони алоқаи мобилӣ ҳатмӣ мебошад.  
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 387

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед