logo

Хабарҳо

Таъсиси Ситоди миллии амалиёти "Канал - Кордон"

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии  амалиёти «Кӯкнор - 2018» ва амалиёти байналмилалии «Канал - Кордон» баргузор шуд, ки дар он  намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат варзиданд. 

Зафар Самад, муовини аввали директори агентӣ, иброз дошт, ки бо пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ба хотири таъмини назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил ва гузарондани  амалиёти «Кӯкнор - 2018» дар назди агентӣ Ситоди миллии амалиёти “Канал - Кордон” таъсис ёфт.
Чунонки зимни ҷаласа таъкид гашт, дар рафти амалиёт  рустаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда ошкору нобуд карда шуда, шахсони ба харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо машғулбуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд.  
Зикр гардид, ки барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ Ситоди кории амалиёти “Кӯкнор - 2018” ташкил карда мешаванд. Амалиёти “Кӯкнор - 2018” дар ду марҳила аз 20 май то 30 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр ҷараён мегирад.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 315

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед