logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ВАЗЪИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

Тибқи иттилои мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, қатъи назар аз амрномаҳои қаблан аз тарафи мақомоти  назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба мудирони шуъбаҳои маориф  ва мудирони боғчаву ширхоргоҳ - кӯдакистонҳо, бо маҷмӯи пешниҳодҳои зиддисӯхторӣ супоридашуда ва чораю тадбирҳои қонунии нисбат ба онҳо андешидашуда, ҳамоно дар баъзе аз  боғчаву ширхоргоҳ - кӯдакистонҳои пойтахт вазъи бехатарӣ аз сӯхтор беҳбудиро мехоҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар рафти чорабиниҳои  зиддисӯхтории доиркардашуда аз тарафи кормандони хадамот дар қатори дигар камбудиву норасоиҳои ошкоргардидаи зиддисӯхторӣ зиёда аз 40 қитъаи барқии дар ҳолати хавфи сӯхтор қарордоштаро сари вақт ошкор ва безарар гардондаанд. Ҳамчунин, нисбати 42 нафар мудирону масъулони ширхоргоҳ - кӯдакистонҳое, ки дидаву дониста мунтазам талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя ва иҷро намекарданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 36 600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Илова бар ин, барои иҷро накардан ва вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии тарбиятгирандагону кормандони  боғчаву ширхоргоҳ - кӯдакистонҳо ва эмин нигоҳ доштани молу мулки давлатӣ аз нобудшавӣ дар сӯхтор 9 адад  боғчаву ширхоргоҳ - кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла  боғча ва ширхоргоҳ - кӯдакистонҳои №№ 62,101 ва 139-и ноҳияи Сино, № 5 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, №№ 106 ва 134 - и ноҳияи Фирдавсӣ ва ғайраҳо муваққатан (то пурра бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта) аз фаъолият боз дошта шуданд. Пас аз тадбиру чораҳои андешидашудаи хадамот аз тарафи мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт мактубҳои кафолатӣ бо дархости муайян намудани муҳлати иловагӣ барои бартараф кардани камбудиҳои зиддисӯхторӣ ва ба фаъолияти минбаъда шурӯъ намудани боғчаву ширхоргоҳ - кӯдакистонҳо пешниҳод гардиданд. Бо назардошти мақсади асосӣ - бартараф намудани камбудиҳои зиддисӯхтории ошкоргардида ва аз барномаҳои таълиму тарбиявӣ дар канор намондани хурдсолон, ин дархост қонеъ гардонда шуд.
Кароматулло АБДУЛЛОЕВ,
Толиб ҲАЁТОВ,
Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии
Вазорати корҳои дохилӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 259

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед