logo

иҷтимоиёт

МОҲИ ИМТИҲОНИ НАФСУ ҶИСМ

Ҳолиё дар моҳи шарифи Рамазон қарор дорем, ки он аз дигар моҳҳо бо мартаба ва бузургии худ тафовут дорад. Он моҳи хайру садақот мебошад. Аз рӯи таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кумаку дастгирӣ ба оилаҳо ва шахсони ниёзманд бояд тамоми сол идома биёбад. Ҳамчунин, дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12 майи соли 2018) махсус изҳор доштанд: «Дар баробари ин, моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад».
Суҳбати Абдулқодири Раҳим, хабарнигори «Ҷумҳурият», бо Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт, ки ба таври фишурда манзур мегардад.

1. Тартиби баргузории ифторҳо
Дар моҳи шарифи Рамазон дастгирии ниёзмандон ба шакли пулӣ, молӣ ва ё додани таом манъ нест. Баръакс, тавсия дода мешавад, шаҳрвандоне, ки имконият доранд, тариқи додани таом низ аз подоши бузургу савоб маҳрум намонанд. Ин гурӯҳ метавонанд, ки ифторро дар манзилҳои худ ҳам бидиҳанд. Аммо афзалият дар тақсими ин таом ба хонаҳо аст. Чӣ гуна? Дар хона шояд имкони даъвати 15 – 20 нафар барои додани ифтор мавҷуд бошад. Ҳол он ки агар ин таом тақсим бишавад, бештари ниёзмандон ба тановули он дастрасӣ пайдо мекунанд. Ва ҳам ифтордиҳанда дар ин маврид шумораи зиёди ниёзмандону аҳли маҳалларо дар назар гирифта метавонад.  Қабл аз фарорасии моҳи Рамазон масъулони кумита бо масъулони тарабхонаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он суҳбат доштем. Тавсия додем, бо мавҷудияти имкон барои меҳмонон, мусофирон ва шахсони узрдошта дар гирифтани рӯза фаъолиятро қатъ накунанд. Ёдовар шудем, ки бархе аз шахсон дар ин моҳ дар тарабхонаҳо ифтор медиҳанд. Албатта, ин амал хилофи талаботи Қонуни танзим нест. Шаҳрвандон метавонанд, ки дар тарабхонаҳо низ ин маъракаро доир бисозанд. Аммо таъкид шуд, ки ба зиёдаравиҳо роҳ надиҳанд. Бархе аз нафарони имкондошта метавонанд барои худнамоӣ ба 200 – 300 нафар ифтор бидиҳанд, чунонки пештар ба мушоҳида мерасид. Дар асл иштирокчиёни чунин маъракаҳо табақаи ниёзманди аҳолӣ набуданд. Хавф дар он аст, ки ин амали номатлуб метавонад ба меъёр ва мусобиқаву исрофкориҳо табдил биёбаду боиси зиёдаравиҳо бигардад. Аз ин рӯ, тавсия дода нашуд, ки бо иштироки зиёди одамон ин маъракаро дар тарабхонаҳо доир бикунанд.

2. Садақоти моҳ
Садақаи фитр ба кӣ бояд дода шавад? Сарвари давлат дар асоси манбаъҳои муътабари исломӣ дар ин мулоқот таъкид доштанд, ки он «аз василаҳои муҳими дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад». Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки «садақаи фитр ва ҳама гуна хайротро ҷамъ карда, барои кумаки моддӣ ба ниёзмандон, таъмири хонаи шахсони камбизоату бесаробон ё харидории асбобу ашёи хона барои онҳо равона карда шавад». Вобаста ба ин тавсия дода мешавад, ҳар нафаре, ки имкони молиявӣ дорад, ба раисони маҳаллаҳо, шахсони масъул муроҷиат бикунанд. Чаро? Чунки онҳо рӯйхати ин гуна ашхоси ниёзмандро доранд ва медонанд, ки чӣ тавр садақаҳову хайротро тақсим ва дар чи корҳои муҳимтари эҳтиёҷмандон сарф намоянд.

3. Дастархони маънавӣ, яъне чӣ?
28 августи соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардид. Аз ҷумла, дар моддаи 7 - и қонуни мазкур як илова ба маънии «дастархони маънавии камхарҷ» ворид гардид. «Дастархони маънавӣ», яъне чӣ? Аз рӯи анъана мардуми мо дар рӯзҳои ид бештар ба хонаҳое, ки соҳибонашон наздикону пайвандонашонро аз даст додаанд, мераванд ва бо хондани ояту дуо рӯҳи гузаштагонро шод менамоянд. Дар ин маврид набояд, ки таваҷҷуҳи бештар ба дастархон ва истифодаи зиёдтар аз он бошад. Зарур аст, ки бо дилбардорӣ, суҳбати муфид хотири соҳибони хонаҳоро шод бигардонем. Инчунин, он барои тарбияи иштирокдорон, хосса насли нав мусоидат бикунад, то ҳақиқатро дуруст дарёбанд ва маърифаташон биафзояд.
Мушоҳида дар солҳои пешин шаҳодат аз он медод, ки дастархонҳои бодабдабаро бо харҷи маблағи зиёд ва истифодаи анвои гуногуни неъматҳо меоростем. Ин амал мисли озмунҳо сурат мегирифт. Гурӯҳе аз ҳамсояҳо меомаданд ва ба онҳо баҳогузорӣ менамуданд. Сухану гуфтор аз ин гуна дастархонҳо то як муддат идома меёфт. Ва буданд ҳолатҳое ҳам, ки мегуфтанд: То омадани ин гурӯҳ, яъне баҳодиҳандагон, бояд даст ба сӯи дастархон набарему аз анвои рӯи он истифода накунем. Дар ин ҷо як зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва амсоли ин амалҳои номатлуб ба назар мерасид.
Аз ҷониби дигар, ин зиён ба буҷаи хонавода буд.

4. Мусулмонӣ на ба гуфтор аст
Дар кишварҳои дигари исломӣ аҳли тиҷорат бар он мекӯшанд, ки корҳои хайрро анҷом бидиҳанд, аз ҷумла нархи маҳсулотро поён мефароранд. Мутаассифона, дар кишвари мо акси он ба мушоҳида мерасад. Нархҳоро ба истилоҳу ифодаи «Мавсим омад» беасос боло мебаранд. Мепиндоранд, ки дар ин маврид онҳо нафъ меёбанд, аммо аз оқибати ин амали номатлуб бояд андешид. Бераҳмона харидоронро ғорат намоянд ва боз аз ин гуна маблағҳои бадастомада хайру саховат мекунанд, дастархони бодабдаба меороянд. Мантиқ дар куҷост?
Дар арафаи идҳо дар терминалҳои шаҳри Душанбе низ як ҳолати ногувор ба назар мерасад. Нархи хидматрасонии нақлиёти мусофирбар бамаротиб боло меравад. Чӣ гуна аст? Мо, ки даъвои мусулмонӣ дорем, бояд дар арафаву рӯзҳои идҳоямон чунин рафтор бикунем? Мусулмонони комилу мардони солеҳ, баръакс, бояд дар ин рӯзҳо корҳои хайреро ба фарҷом бирасонанд, ки ҳам худашон соҳиби подоши бузурги Худовандӣ бишаванд ва ҳам дили мусулмононро шод бинамоянд. Хулоса, ин моҳ моҳи имтиҳон аст. Қонуни танзим дар ин ҳолат низ манфиатҳои шаҳрвандону мусулмононро ҳимоят мекунад ва ба василаи он пеши роҳи зиёдаравиву исрофкорӣ гирифта мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 331

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед