logo

иқтисод

ПАХТА. КОРКАРДИ ОН ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Нахи пахта ва маҳсулоти аз он тавлидшуда имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёду арзиши баланд дорад. Аз ин хотир, соҳаи пахтакории мамлакатро бештар рушд бахшидану истеҳсоли пахтаро зиёд намудан, беҳбудии рӯзгори деҳқонон ва бурди саноати ҷумҳурист. Тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам, ки бояд истеҳсоли пахта солҳои наздик ба 600 ҳазор тонна расонда шавад, айни муддаост.
«Соли  2017 танҳо 18 дарсади пахтаи дар дохили кишвар истеҳсолгардида коркард карда шуд. Яке аз сабабҳои пурра коркард нагардидани нахи пахта аз фаъолият боз мондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз 16 корхонаи ресандагӣ  4 корхона умуман кор накард». Ин суханон дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, 18 январи соли ҷорӣ зикр гардида буд.
Ҳарчанд соли 2017 истеҳсоли риштаи пахтагин дар кишвар 2,8 баробар афзуда бошад ҳам, натиҷа чандон қаноатбахш намебошад. Соли 2016 дар ноҳияи Данғара корхонаи  «Ҷунтай - Данғара-Син Силу - Текстил» бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта дар 1 сол ба истифода дода шуда буд, ки метавонад дар бештар тавлид гардидани риштаи пахтагин саҳм гузорад. Аз миёни корхонаҳои ба коркарди пахта машғулбуда имрӯз «Неку Хуҷанд», «Ҷавонӣ», «Сатн», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Бофандаи Норак» ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» пахтаро пурра коркард мекунанд. Вале ин басанда нест. Корхонаҳо бояд ҳар чи бештар бошанду  нахи пахтаамон ба маҳсулоти тайёр табдил ёбад. Барои коркарди пурраи пахтаи истеҳсолшуда бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд. Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва кишоварзӣ чора андешанд, то маҳсулоти тавлиднамудаи корхонаҳои кишвар ба маҳсулоти воридотӣ рақобат карда тавонанд.
Ҳоло нахи пахта ба корхонаҳои дохили ҷумҳурӣ бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад ва арзиши пахта бо меъёри биржаи молу ашёи Англия муқаррар мегардад, ки барои корхонаҳо гарон аст. Бинобар ин, олимони тоҷик пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Миёна як биржаи алоҳидаи молу ашё таъсис дода шавад.
Тайи ду соли охир истеҳсоли пахта беш аз 100 ҳазор тонна афзуда, ба 400 ҳазор тонна наздик шудааст. Умед аст, ки дар мавсими имсолаи ғунучини ҳосил ин нишондиҳанда боло рафта, корхонаҳои саноатӣ дар заминаи ашёи фаровони хом пурсамартар фаъолият мекунанд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 427

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед