logo

фарҳанг

АЛЛОМА ҒАФУРОВ ВА ХОТИРАҲОИ НЕКИ ЛИВЕНДРА КАУШНИК

Зиёда аз 20 сол гузашта бошад ҳам, матни суҳбат бо профессори Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неруи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, ки дар шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваста буд, то ҳол дар бойгониам маҳфуз аст. Озмуни пурифтихори рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти аллома Бобоҷон Ғафуров сабаб шудаву мухтасари суҳбати Ливендра Каушникро пешкаши хонанда менамоем.
Ин олими намоёни ҳинд яке аз шогирдони вафодори алломаи машриқзамин Бобоҷон Ғафуров буда, солҳои 1972-1974 зери роҳбарии академик Б. Ғафуров дар Институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР кор кардааст.
Нашриёти «Прогресс» - и шаҳри Москва китобҳояш «Осиёи Миёна дар марҳилаи замони нав», «Осиёи Миёна дар давраи сотсиализм» ва «Алоқаҳои таърихӣ, маданӣ ва иқтисодии байни Ҳиндустон ва Осиёи Миёна» - ро аз чоп баровардааст.
Вақте ки Бобоҷон Ғафуров бо ҳамроҳи як олими юнонӣ монографияи «Искандари Мақдунӣ ва Осиёи Миёна» - ро аз чоп баровард, Л. Каушник ба он тақриз навишт. Устод тақризро хонда, хеле хурсанд мешаванд ва бо соядаст китоби худро ба Деҳлӣ мефиристонанд. Аз ҳамон вақт шиносоии онҳо оғоз ёфт ва баъдтар ба дӯстии абадӣ мубаддал гашт.
Соли 1968 дар шаҳри Деҳлӣ тавассути ЮНЕСКО Конференсияи байналхалқӣ «Оид ба пайдоиш ва ташаккули Осиёи Миёна» баргузор гардид. Дар он бостоншиносон, этнографҳо, антропологҳо, адабиётшиносон, умуман олимони шарқшинос аз Амрико, Ҳолланд, Туркия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва аксари кишварҳои СССР ҷамъ омада буданд. Ливендра Каушник дар мавзӯи «Ҷараёни тараққипарварӣ дар адабиёти Осиёи Миёна то давраи шӯравӣ» маърӯзаи илмӣ кард ва исбот намуд, ки ҷараёни тараққипарварӣ дар адабиёти тоҷик новобаста аз таъсири дин, хеле пеш рафтааст. Аммо як гурӯҳ адабиётшиносони Ғарб, ки дар конференсия ҳузур доштанд, маърӯзаро зери танқид гирифтанд.
Бобоҷон Ғафуров ҳамчун раиси сессия сухан гирифта, бо мисолҳои мушаххас ба олимони Ғарб зарба зада, олими ҳиндро дастгирӣ карданд. Каушник дар донишгоҳи иёлати Раҷистон ва ҳам дар шаҳри Тошканд кор мекард. Сипас бо даъвати Б. Ғафуров дар Институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР ба кор омад. Дар ин вақт аллакай сазовори Ҷоизаи ба номи Неҳру буд.
Ба вай муяссар гашт, ки ду сол, аз соли 1972 то 1974 зери роҳбарии академик Б. Ғафуров кор кунад. Олими ҳинд як воқеаро ба ман чунин нақл карда буд: «Ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад, хабари писардор шуданамро шунида маро наздашон хонда: «Кӯдакро аз таваллудхона кай меоред? Ҳар вақте ки аз таваллудхона ҷавоб диҳанд, такси накобед, мошини институт ба хизмат тайёр»,- гуфтанд.
Он рӯз фаро расид. Бо иҷозати Бобоҷон Ғафуров мошини сабукрави хизматии «Волга» - ро гирифа сӯи таваллудхона равон шудем.
 Ронанда дар роҳ назди гулфурӯшон таваққуф намуда, як гулдастаи зебое харида гуфт: «Ин туҳфа аз Бобоҷон Ғафуров».
Барои табрик падарам аз Ҳиндустон омаданд. Аз ин Бобоҷон Ғафуров воқиф шуда, ба хонаи мо омаданд ва шахсан завҷаамро бо мелоди кӯдак табрик гуфта, бо падарам суҳбати хоссае оростанд.
Пас аз ду соли кор дар Институти шарқшиносии Москва бо оилаам ба Ҳиндустон баргаштан лозим омад, назди устод даромада хоҳишамро арз кардам.
Гуфтанд: «Ихтиёри рафтан ба худатон. Агар дар Ҳиндустон кор кардан ба дилатон занад, хабар диҳед, мо зуд шуморо боз ба Москва даъват мекунем».
Боре барқия гирифтам ва устод хабар доданд, ки бо фалон хатсайр ба Ҳиндустон парвоз мекунам. Аз ҷои корам ҳафтрӯза рухсатӣ гирифта ба Деҳлӣ омадаму устодро дар фурудгоҳ дар қатори кормандони сафоратхона пешвоз гирифтам. Ба меҳмонхона омадем ва ҳафт рӯзе, ки устод ин ҷо буданд, хизмати тарҷумонӣ кардам, аз ҳолу аҳволашон бохабар будам. То устод ба хонаи хоб даромада истироҳат накунанд, ман хоб намерафтам. Самимият ва хоксории устод буд, ки дар Ҳиндустон дӯстони зиёде доштанд. Бо собиқ Президенти Ҳиндустон Зокир Ҳусейн робитаи дӯстиашон то вопасин нафас пойдор монд. Барои ба қабули Зокир Ҳусейн даромадан, иҷозатномаи доимӣ доштанд. Сарвазир Индира Ганди Бобоҷон Ғафуровро хеле ҳурмат ва эҳтиром мекард. Ҳатто дар рӯзҳое, ки маъракаи интихоботи сарвазир мегузашту ба ояндаи кории Индира Ганди вобастагӣ дошт, вақт ёфта бо академик Б. Ғафуров суҳбат ороста буд. Ин дидорбинӣ чунин ба вуқӯъ омад.
Устод хоҳиш намуданд, ки агар имкон бошад, бо Индира Ганди вохӯрӣ ташкил намоянд. Сафир гуфт, ки он шахс хеле банд, маъракаи интихобот рафта истодааст.
Бобоҷон Ғафуров чизе нагуфта, сафирро гусел карданд ва аз ман хоҳиш намуданд, ки рақами телефони қабулгоҳи сарвазирро ёбаму ба қабулгоҳ гӯям: «Бобоҷон Ғафуров ба Деҳлӣ омаданд ва дар меҳмонхона, дар ҳуҷраи фалон ҷой гирифтаанд». Таъкид карданд, ки дар бораи қабул кардан ё накардани сарвазир ҳарфе назанам.
Ҳамин тавр, хоҳиши устодро ба ҷо овардам ва 10 - 15 дақиқа нагузашта, занги телефони ҳуҷраи меҳмонхона баланд садо дод. Гӯширо бардоштам ва аз қабулгоҳи сарвазир Индира Ганди хоҳиш карданд, то аз устод пурсам, ки кай вақт доранд, то бо сарвазир хӯроки нисфирӯзӣ хӯранд.
Ман ба устод гуфтам. Каме фикр карда гуфтанд: «Пагоҳ, нисфирӯзӣ». Соати ваъдагӣ фаро расид. Ман устодро то қабулгоҳи сарвазир ҳамроҳӣ кардам. Бобоҷон Ғафуров пеш аз он ки ба қабули сарвазир раванд, аз ҷомадон тоқии чоргули тоҷикиро гирифта, ба сар монданд ва гуфтанд:
- Ман ба фарзанди халқи тоҷик монанд шудам?
Бояд зикр намуд, ки Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи қабулҳои давлатӣ ва расмӣ ба сар тоқӣ мепӯшиданд.
Барои Индира Ганди як рӯймоли шоҳии хеле зебои истеҳсоли Тоҷикистонро ҳамчун армуғон гирифтанд. Суҳбаташон бо Индира Ганди наздик ду соат давом кард.
Ҳамин буд чанд лаҳзаи хотираҳои ман нисбат ба устодам Бобоҷон Ғафуров, - гуфт дар хотима Л. Каушник.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор, шаҳри Истаравшани


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 360

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед