logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи пули деҳаи Нимичи Рашт ва Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод, 27 октябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Сохтмончиёни мӯҳтарам!
Ҳамаи шуморо, ки ҳоло ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани пули болои дарёи Сурхоб - пайвандгари ҳудуди ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷамъ омадаед, бо ин рӯйдоди фараҳбахш, ки дар арафаи яке аз санаҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне 15-солагии қабули Конститутсия ва дар доираи Соли бузургдошти пешвои мазҳабамон – Имоми Аъзам сурат мегирад, самимона табрик менамоям.
Воқеан, роҳу пулҳо воситаи муҳимтарини рушди инфраструктураи коммуникатсионии ҳар як мамлакат буда, хусусан дар шароити кӯҳистони кишвари мо ва ба қаламрави ягонаи нақлиётӣ табдил додани он нақши ниҳоят муассир доранд.
Аз ин рӯ, дар самти татбиқи ҳадафи стратегии аз  бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат то имрӯз бештар аз 1 ҳазору 200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақб, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёду азнавсозӣ карда шуданд.
Илова бар ин, ҷиҳати сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва нақбу пулҳо ба маблағи умумии 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор  доранд.
Дар доираи онҳо азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бӯстон - Чанак дар арафаи анҷомёбӣ буда, бунёду азнавсозии  роҳи мошингарди Душанбе – Саритош босуръат идома дорад.
Тибқи лоиҳаи мазкур ҳаҷми умумии маблағгузории марҳалаи сеюми роҳи мошингарди Душанбе – Саритош 335  миллион сомониро ташкил намуда, дар доираи он  азнавсозии  114 километр роҳ, бунёди 5 пули нав ва таҷдиди 9 пули мавҷуда  ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, дар муддати панҷ соли оянда хароҷоти корҳои нигоҳубини 500 километр роҳ низ дар назар дошта шудааст. Умуман, мо мақсад дорем, ки дар се соли оянда ба соҳаи роҳсозӣ дар ҳаҷми 2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда, дар ин муддат боз зиёда аз 380 километр роҳҳоро таъмиру тармим намоем ва то ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатӣ кишварамонро пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ барорем.
Тавре ки шумо медонед, мо як сол муқаддам ба  корҳои сохтмони марҳалаи сеюми  шоҳроҳи мазкур оғоз бахшида будем ва ҳоло мавриди истифода қарор гирифтани пули болои дарёи Сурхоб, ки ҳамчун яке аз пулҳои асосии шоҳроҳи бузурги транзити байналмилалӣ, аз ҷумлаи самараҳои неки рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, анҷоми кори соли гузашта оғозкардаамон аст.
Бояд зикр кард, ки иҷрои ҳамаи корҳои роҳи мазкурро ширкатҳои  «Чайна роуд» ва «Чайна Рейлвей»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷалби қариб 200 нафар мутаххасисону коргарони маҳаллӣ  ба зимма доранд.
Дарозии умумии пули мазкур 210 метр, бараш 10 метр ва иқтидори борбардориаш ба 80 тонна баробар буда, барои бунёди он қариб 18 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Дар ин давра инчунин аз тарафи пудратчиён корҳои сохтмони қитъаи 25-километраи роҳи Нимич - Сайрон дар ҳаҷми 90 фоиз иҷро гардида, зиёда аз 17 километр роҳ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда бо сифати баланд сохтан ва мавриди истифода қарор додани ин пули ваҳдату дӯстӣ, ки намунаи возеҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин мебошад, ба ҳамаи муҳандисону мутахассисон, махсусан ба роҳсозони чинӣ изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.
Мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаву самарабахши кишвари мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ вусъати тоза пайдо менамояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати кишвар  солҳои охир дар самти рушду тавсеа бахшидани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Аз ҷумла, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод дар зарфи даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ 166  миллион сомонӣ ҷудо гардида, фақат барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия аз буҷети давлатӣ, Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумат 30 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳанда ба маблағи 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз зиёд мебошад.
Солҳои охир дар доираи Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия шаш лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар робита ба ин, дар иншооти соҳаҳои маорифу ҳифзи иҷтимоӣ ва кишоварзӣ, бунёд ва таъмиру барқарорсозии иншооти коммуникатсионӣ ва роҳу пулҳо як силсила корҳо ба анҷом расида, дар маҷмӯъ зиёда аз 55 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ноҳия корҳо оид ба бунёди боғҳои нав, кишти зироатҳои гуногун, парвариши занбӯри асал, барқарорсозии чарогоҳҳо, рушди соҳаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ идома ёфта, қариб 22 ҳазор шаҳрванд ба шуғли меҳнати муваққатӣ фаро гирифта шудааст.
Ҳамзамон бо ин, тибқи Барномаи дарозмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар солҳои 2009-2020  дар ноҳия сохтмони 3 нерӯгоҳи хурд бо тавоноии умумии 1650 киловатт ва маблағи умумии даҳуним миллион сомонӣ аз ҷониби Бонки исломии рушд, ширкати «Барқи тоҷик» ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли гузашта татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обии «Фатҳобод» бо иқтидори лоиҳавии 283 киловатт шурӯъ гардида буд, ки корҳои сохтмони он бояд то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонида шаванд.
Илова бар ин, дар деҳаи Саринай бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёди як нерӯгоҳи барқи обии хурд идома дорад.
Татбиқи нақшаҳои зикршуда дар мӯҳлатҳои наздик барои беҳтар гардидани вазъи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ мусоидат хоҳад кард.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати энергетика ва саноат, ширкати «Барқи тоҷик» ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки корҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди ба нақша гирифташударо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини аҳолӣ бо озуқавории худӣ дар шароити имрӯза истифодаи оқилонаву самараноки замин мебошад.
Ҷиҳати рушду тавсеаи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ солҳои охир дар ноҳияи Тоҷикобод ҳолати мелиоративии 825 гектар замин беҳтар карда шуда, як силсила шабакаҳои обёрикунанда барқарор гардиданд.
Дар давоми панҷ соли охир, яъне солҳои 2005-2009 дар ноҳияи Тоҷикобод бо сарфи беш аз як миллион сомонӣ 440 гектар заминҳои нав азхуд карда, обёрӣ шудаанд.
Аз таҳлили маълумоти оморӣ оид ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дида мешавад, ки ҳаҷми аксари намудҳои маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст, ки ин, албатта, хуб аст.
Вобаста ба ин, мехоҳам як масъаларо бори дигар таъкид намоям: дар шароите, ки ҳамаи кишварҳои сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ таҳти таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ қарор доранд ва масъалаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти рӯзафзун пайдо карда истодааст, бояд ягон ваҷаб замини кишт, хусусан замини обӣ холӣ намонад.
Ба роҳ мондани истифодаи оқилона ва самарабахши замин, пеш аз ҳама, ба манфиати мардум буда, ташкили он вазифаи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ҳамаи кишоварзон мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.
Зеро танҳо тавассути омӯхтани илму дониши муосир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои навтарин метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. 
Бо дарназардошти ин нукта, то имрӯз дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Фонди захиравии Президент сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар 8 мактаб ба анҷом расида, корҳои сохтмони ду  мактаб идома доранд.
Ҳарчанд солҳои охир сифати таълим ва таъминоти мактабҳои ноҳия бо китобҳои дарсӣ хеле беҳтар шудааст, вале то ҳанӯз норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, нарасидани мизу курсиҳо, таҷҳизоти мактабӣ ва ашёву асбобҳои таълимӣ низ ба мушоҳида мерасад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки мушкилоти мавҷударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, барои ислоҳи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам як масъалаи дигарро низ хотирнишон созам, ки бевосита бо сатҳи зиндагии мардум вобаста мебошад.
Қариб дуюним сол мешавад, ки сокинони кишвари мо маросиму маъракаҳои худро дар доираи муқаррароти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида, аксари мутлақи онҳо манфиати ин иқдомро дар буҷети оилаи худ дида истодаанд.
Мувофиқи таҳлилҳо қонуни танзим имкон дод, ки мардум миллиардҳо сомонӣ маблағи худро сарфа карда, онро барои таълиму тарбияи фарзандонашон, беҳтар таъмин кардани рӯзгорашон ва табобату истироҳати худ харҷ намоянд. Ҳоло худатон қазоват кунед, ки агар мо ин иқдомро дар вақташ амалӣ намекардем, имсолу имрӯз, яъне дар шароити бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии фарогир зиндагии ҳар як оила чандин баробар вазнинтар мешуд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба риояи ҳатмӣ ва бечунучарои муқаррароти қонуни мазкур даъват менамоям. Зеро ҳар кадоми шумо хуб медонед, ки исрофкорӣ ва сарфу хароҷоти беҳуда ҳам дар каломи осмонии Худои таоло – Қуръони маҷид ва ҳам дар таълимоти пири мазҳабамон – Имоми Аъзам маҳкум карда мешавад.  Бинобар ин, ман ба ҳар кадоми шумо муроҷиат мекунам, ки даромади худро барои ободии оилаву рӯзгоратон, таълими фарзандонатон, ободии кӯчаву маҳалли зистатон сарф кунед. 
Ҳамчунин, таъмини саривақтии чорабиниҳои дар Фармони Президенти мамлакат пешбинишуда доир ба гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, имрӯз аз ҷумлаи корҳои зарурии ҳар як роҳбар, шахси масъул ва ҳар фарди солимфикр мебошад. Зеро ҳадафи ин тадбир, пеш аз ҳама, сарфаи маблағи мардум ва бо ҳамин роҳ боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ буда, аз сӯи дигар ҳарчи бештар бо нерӯи барқ таъмин намудани мардум дар фасли зимистон мебошад.  
Фаромӯш накунед, ки мо ба сӯи бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, яъне ин неъмати бузурги худодод рафта истодаем ва онро бояд ҳар як шахси баору номус, ватандӯсту ватанпарвар бо дастовези  арзанда ва пеш аз ҳама бо кору фаъолияти созанда, хонаву дари обод ва рӯзгори осуда истиқбол намояд. 
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани пули нави замонавӣ самимона табрик намуда, итминони комил дорам, ки мардуми заҳматписанди ноҳияи Тоҷикобод ҳадафҳои созандаи давлатро амиқан дарк карда, тамоми қуввату нерӯи худро ба манфиати Ватан ва ободии сарзамини аҷдодӣ, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва дар навбати аввал, сулҳу суботи пойдори кишвар ва  ваҳдати миллӣ равона месозанд.
Ба ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, тани сиҳат, хонаи обод, сарбаландиву саодати ҳамешагӣ ва барори кор орзумандам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 561

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед