logo

иҷтимоиёт

МЕҲРИ ВАТАН ГАР БОШАД…

Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз ҳама дастҷамъона барои ободиву зебоии Ватани азизамон талош меварзанд. Аз ҷониби соҳибкорон дар дурдасттарин деҳаҳо бунёд намудани мактабу табобатхонаҳо шаҳодати он аст, ки ҳар нафар бо қудрату тавоноии худ канореро обод мекунад.
Дар ҳамин радиф дар ноҳияи Фархор низ бисёр соҳибкорон дар рушди соҳаи маориф саҳми арзандае гузоштаанд. Хуршед Нозимов  яке аз онҳост. Ӯ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 мебошад. Ҳамсабақонаш иброз доштанд, ки ҳангоми мактабхонӣ доимо ба такрор мегуфтааст, ки имкон ёбад дабистонро обод мекунад. Соҳибкори саховатпеша имрӯз фаъолияташро дар Австрия идома медиҳад ва  мехоҳад  барои пешрафти мамлакат саҳм гузорад. Зеро худро фарзанди ин сарзамин медонаду вазифаи фарзандии хешро дар ободонии диёр мебинад. Соли 2013, ҳангоме  ки Сарвари давлат ба  ноҳияи Фархор сафар намуданд, барои сохтмони бинои мактаби № 2 санги асос гузоштанд ва сохтмони онро Хуршед Низомов ба уҳда гирифтаву мехоҳад орзуи деринаи худро амалӣ созад. 
Мактаб сеошёна буда, барои 1640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Толори варзиш,  маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона низ барои дар сатҳи баланд гузарондани дарсҳо мувофиқат мекунад. Синфхонаҳои фанниву муҳайё намудани шароити замонавии таълимӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки муассиса ба талаботи замон ҷавобгӯ пешбинӣ шудааст. 
Муассисаи мазкур ба номи устод Садриддин Айнӣ буда, бо маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Айни замон, сохтмони мактаб идома дошта, дар назар аст, ки то соли таҳсили 2018 – 2019 ба истифода дода шавад. Меҳри Ватан гар бошад, мо метавонем бе мадади  дигарон кишварамонро обод созем.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2018    №: 109    Мутолиа карданд: 358

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед