Хабарҳо
Суди аморот 28 нафарро барои қаллобӣ 283 сол зиндонӣ кард
Khaleej Times. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои кӯшиши ғорати маблағҳои бонки Абу - Дабӣ 28 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Ҳиндустон, Покистон, ИМА, Канада ва Русия, маҳкум шуданд.
Суд гурӯҳи мазкурро ба интиқоли ғайриқонунии 635 миллион дирҳам (қариб $170 миллион) гунаҳгор баровард. Ҳашт ҷинояткор 15 сол, 10 нафар 10 сол ва нуҳ нафари дигар 7 - солӣ паси панҷара хоҳанд нишаст. Ғайр аз ин, суд маҳкумшудаҳоро ба маблағи $170 миллион ҷарима баст.
Гуфта мешавад, ки як корманди хориҷии бонк ба низоми электронии он аз номи корманди дигар ворид шуда, ин миллионҳоро ба суратҳисоби панҷ ширкат ба бонкҳои дигар таҳвил додааст. Маблағро баргардонда тавонистанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 403