logo

маориф

ТОҶИКОБОД. МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Шароити таҳсил дар макотиби ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла Тоҷикобод, беҳтару хубтар мегардад. Зимни суҳбат бо мудири маорифи ноҳия Мирзомуддин Носиров маълум гашт, ки имрӯзҳо таҳсили хонандагон беҳтар гашта, шумораи мактабҳо дар давоми соҳибистиқлолии кишвар ба 43 - то расид ва як қисми муассисаҳо навсозӣ, қисми дигар таъмиру таҷдид гардиданд.
Сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо суръат ва сифати хуб идома дорад. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои №№ 5, 6, 8, 9, 11, 15 ва 17 биноҳои таълимии иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ин рӯ, имрӯзҳо норасоии ҷои нишаст то андозае ҳалли худро ёфта, бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 2 ва № 27 сохтмони биноҳои 6 - синфхонагӣ ва таъмири қисмати берунаи муассисаи № 18 идома дорад. Дар маркази ноҳия бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба маблағи 4 миллион сомонӣ сохтмони Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 303 нафар оғоз гардидааст. Сохтмони бинои шуъбаи маориф, мактаби мусиқӣ барои 180 нафар ва муассисаи таълимии № 1 низ ба нақша гирифта шудаанд.
Сарфи назар аз вусъатёбии сохтмони биноҳои нав ҳанӯз ҳам дар аксар деҳаҳо мактабҳои замони шуравӣ сохташуда амал мекунанд, ки бештари онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар муассисаҳои №№ 2, 14, 20, 27 ҷойҳои нишаст намерасанд. Сабаби асосии нарасидани ҷои нишаст, зиёд шудани шумораи аҳолӣ мебошад.
- Дар ҳудуди ноҳия норасоии омӯзгорон низ мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, 5 нафар муаллими забони хориҷӣ, 11 нафар омӯзгори фанҳои дақиқ ва 11 нафар аз фанҳои дигар,  ҷамъ 27 нафар омӯзгор намерасад. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ пешниҳод ирсол гардид, - гуфт Мирзомуддин Носиров.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 1, 4 ва 6 интернатҳои наздимактабӣ амал намуда, 93 нафар хонандаи эҷхтиёҷманду ятимро аз деҳаҳои дурдаст ва оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ - иқтисодии мутахассисони ҷавон ба 52 нафар ба муҳлати се сол 10 дарсад музди иловагӣ таъйин гардида,  5 муаллими ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, 14 омӯзгори ҷавон аз «Амонатбонк» қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд.
Омили баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо маҳсуб меёбад. Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ дар ноҳияи Рашт 15 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ ва дар даври ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ҳисор 6 нафар  муваффақона иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд.
Имсол аз 670 хатмкунандаи мактаб 200 нафарашон аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, ба имтиҳоноти тести омодагӣ мегиранд. Бояд тибқи Квотаи президентӣ 21 нафар, аз ҷумла 11 нафар духтар  ба макотиби олии кишвар дохил шаванд.
- Аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳия барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ бо ҶДММ «Сумая» - и ноҳияи Лахш, Литсейи касби - техникии ноҳия, ҶДММ «Достон», филиали маркази таълими калонсолон, ташкилоти ҷамъиятии «Бонуи Тоҷикобод» шартнома баста шуда, то оғози соли таҳсили нав бояд 5424 ҷуфт либос дӯхта шуда, ба хонандагон дастрас гардад, - изҳор кард Мирзомуддин Носиров. 
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 722

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед