logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ФАРДОРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Имсол барои мардуми ноҳияи Деваштич бобарор омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» обёрии 4000 гектар заминҳои мавзеи Сексариро ҳусни оғоз бахшиданд.  Обёрии мавзеъ барои зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, боло бурдани истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
- Сокинони ноҳия аз он рӯҳбаланду сарфарозанд, ки Пешвои муаззами миллат имсол зимни иштирок дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва мавриди истифода қарор додани якчанд иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва коргоҳҳои саноатӣ, инчунин, бо рафти обёрии заминҳои мавзеи Сексарии ноҳия шинос шуда, якчанд таҷҳизоти обкашии заминҳои ташналаби ин мавзеъро фаъол намуданд, - изҳор дошт раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода.
Таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба шароити муассисаҳои таълимӣ зиёд аст. Зеро дар ноҳия аз 74 муассисаи таълимиву тарбиявӣ бинои 6 таълимгоҳ ба таъмири асосӣ ниёз дошта, ду таълимгоҳ (МТМУ №5 ва №44) дар ҳолати қисман садамавӣ ва 22 таълимгоҳи дигар дар биноҳои куҳна ҷойгиранд.
- Баҳри ба талаботи замон мувофиқ гардондани биноҳои таълимгоҳҳои таъмирталаб, қисман садамавӣ ва куҳна тадбирҳои муайян рӯи кор гирифта шуданд, аз ҷумла сохтмони бинои нави муассисаҳои садамавии №№5 ва 44 ба лоиҳаи сохтмони асосӣ ворид карда шуда, 22 таълимгоҳи куҳнасохт дар доираи имкониятҳои мавҷуда бо ҷалби хоҷагиҳои кишоварзӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва волидайн қисман таъмир гардиданд, - баён дошт раиси ноҳия.
Сокинони ноҳия барои ояндаи босафои илмомӯзии фарзандонашон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд. Бо иқдому ибтикори созанда ва ҳашари умумӣ даҳҳо мактабу варзишгоҳҳои хурду бузургро сохтанд, таъмир карданд ва бо лавозимоти хониш таъмин намуданд. Соли сипаришуда дар деҳаи Истиқлол бинои нави муассисаи таълимӣ, дар шаҳраки Ғончӣ  бинои нави боғчаи кӯдакона барои се гурӯҳ тарбиягирандагон, дар деҳаи Меҳробод бинои нави толори варзишӣ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин иншоот бештари сохтмончиён мардуми маҳаллӣ буданд.
Яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии ноҳия дар ҳолати хароб қарор доштани таваллудхонаи марказӣ буд. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ сохтмони бинои асосӣ шурӯъ шуда бошад ҳам, аммо баъдтар аз сабаби нарасидани маблағ ва оғози нооромиҳо сохтмони он қатъ гардид.
Ҳоло сохтмони бино аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ҷараёни тоза гирифтааст. Маблағи лоиҳавии бино 12 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ба маблағи 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ корҳои асосӣ сомон ёфтаанд.
Бино ба гуфтаи Рустам Ҷӯразода, таваллудхонаи мазкур дар вилоят яке аз калонтарин муассисаҳои тандурустӣ буда, дорои 100 кати хоб, боғ, таҷҳизоти тиббии муосир ва дигар шароитҳои зурурӣ мешавад.
Дар баробари ин, ҳоло сохтмони биноҳои нави марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Хӯштоири Мухлон, Далён, Даштикон, Метк, Хишекат, Каҷровут ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Амбарин идома дошта, дар арафаи ба истифода супурдан мебошанд.
Дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия 13 маркази таълимӣ - истеҳсолии қолинбофӣ ва 16 маркази таълимию истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудааст, ки дорои 51 дастгоҳи хурду калонанд. Имсол бори аввал дар маркази вилоят қолину атласу адрасҳои ҳунармандони ноҳия ба намоиш гузошта шуда, адрасҳои хушсифати аҳли ҳунар сазовори ҷои аввал гашт.
Иншооти ҳаётан муҳими ноҳия хати оби  Даҳкатсой - Даҳанасой аст, ки сохтмонаш идома дорад. Дар сурати ба истифода додани ин хати об ҳазорҳо гектар замини солҳо бекорхобида ва лалмӣ сарсабз гашта, заминаи рушди асосии хоҷагии халқи ноҳияро таъмин менамояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 296

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед