logo

иҷтимоиёт

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ХИЗМАТРАСОНӢ

Ба корҳои ободонии маркази ноҳия - шаҳраки Ғарм аҳамияти махсус дода мешавад. Соли гузашта дар шаҳрак ба маблағи қариб 360 ҳазор сомонӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расонда шуданд, ки ҳусни онро зеботар намуданд.

Маҳмадсиддиқ Саъдуллоев, сардори корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва обтаъминкунию канализатсия» - и шаҳрак гуфт, ки аз аввали соли равон дар боғи фарҳангию  фароғатии маркази ноҳия ва гулгаштҳои майдони Исмоили Сомонӣ 1025 дона дарахти ороишӣ ва 500 дона гули рангоранг шинонда шуд. То ин дам аз ҷӯйбору партовгоҳҳои шаҳрак 664 тонна ифлосиҳо бароварда шуданд. Инчунин, дар кӯчаҳо ва биною иншооти асосии шаҳрак гӯшаҳои таблиғотӣ ва шиору овезаҳо насб карда шуданд, ки ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам намуданд.
Ҳоло корхона аз ҳисоби аҳолии ноҳия дар самти таъминот бо об ва хизматрасонии коммуналӣ 1900 муштарӣ дорад. Ба ғайр аз ин, «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва обтаъминкунию канализатсия»  ба 58 муассисаю ташкилот ва 38 маркази савдою хизматрасонӣ хизмат мерасонад.
Дар корхона айни замон  43 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии коммуналӣ мутахассисони варзида ба кор ҷалб карда мешаванд. Аммо таъминоти корхона бо шароитҳои моддию техникӣ яке аз мушкилиҳои соҳа аст. Дар тавозуни муассиса  ҳамагӣ 2 трактор,  2 мошини ГАЗ -53 ва 2 мошини КамАЗ мавҷуд аст, ки барои сари вақт бартараф сохтани мушкилиҳои пешомада  басанда нестанд. Техникаҳои дигар фарсуда ва корношояманд. Дар  бисёр ҳолат аз техникаҳои шахсӣ ва корхонаҳои дигар  тариқи шартнома истифода мебаранд, ки дар пай хароҷоти зиёд дорад. Бархе аз корхонаю ташкилотҳо  маблағи ҳаққи хизматрасониро сари вақт пардохт наменамоянд. Соли гузашта як қатор ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, аз ҷумла филиалҳои ОБСЕ, «Фононбонк», «Соҳибкорбонк», «Тоҷпромбонк», «Тоҷиксодиротбонк», фаъолияташонро қатъ намуданд ва 43 ҳазор сомонӣ маблағи ҳаққи хизматрасонии коммуналиро пардохт накарданд. Дар ҳолати  аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо сари вақт пардохт гардидани маблағи ҳаққи хидмати  корхона барои таъмир ва хариди техника шароити зарурӣ муҳайё мегардад. Дар ин сурат корхона  бо истифода аз техникаҳои худӣ фаъолияташро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 372

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед