logo

фарҳанг

ИНСОНГАРОӢ. ЧАРО АЗ ХАЗИНАИ МАЪНАВИИ НИЁГОНАМОН ИСТИФОДА НАБАРЕМ?

Дар сиёсати Ҳукумати кишвар илму маориф, бавижа тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ҷойгоҳи махсус доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳар як вохӯриву суханрониҳои худ ин ду ҷанбаи рушди ҷомеаро махсус зикр намуда, баҳри пешрафти онҳо пешниҳоду супоришҳои иловагӣ ироа медоранд.

Дар мулоқоти хеш бо намояндагони ҷомеаи кишвар бори дигар ба масъалаи мазкур руҷӯъ намуда, қайд карданд: «Ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад, ки аз ормонҳои ҳазорсолаи халқи озодихоҳи мо, нияти неки мардуми ватандӯстамон ва хазинаи бузурги маънавии ниёгони некномамон сарчашма мегирад».
Барои амалишавии аксари ин пешниҳодҳои Сарвари давлат тақвияту такмил бахшидани тарбияи ахлоқии ҷавонон ва истифодаи оқилонаи «хазинаи бузурги маънавии ниёгонамон» ногузир аст. Зеро маҳз ҳамоне бо дасту дили гарм барои Меҳанаш хидмат мекунад ва шарафу номуси ватандориро ҳифз менамояд,  сиришти модарзодиаш аз меҳру муҳаббати Ватан саршор бошад. Барои ин омӯзиши густурда ва илман асосноки фанҳои табииву ҷамъиятӣ лозим аст ва ин бегумон барои мо – омӯзгорон низ дахл дорад.
Омӯзишу таҳсилоти муассисаҳои таълимии миёна ба ду гурӯҳи фанҳо асос ёфтаанд: фанҳое, ки бештар аз ҷанбаи моддии ҳаёти инсон баҳс мекунанд (фанҳои дақиқ ва табиӣ) ва фанҳои иҷтимоӣ, ки бештар бо мафҳуми «гуманитарӣ» маъмуланду ҳоло дар илми муосир онҳоро илмҳои инсонӣ ҳам мегӯянд.
Гурӯҳи аввали фанҳо, ки зикрашон рафт, ҳастии ҷисмонӣ ва ҳаёти моддии инсонро бештар ба доираи баҳс кашида, барои пешрафти иқтисодии ҷомеа ва рушди техникаву технология таҳкурсӣ мегузоранд. Ҷомеаи башар наметавонад бидуни омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ - физикӣ тараққӣ кунад. Аз ин рӯ, асосҳои ин илмҳоро дар мактаби миёна таълим медиҳем. Насли наврас бо фаро гирифтани асоси ин илмҳо пояҳои моддии зиндагиро устувор мекунад. Дар ин маврид Президенти мамлакат чанде пеш пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технолигияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони фанну фанноварӣ, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмию пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд.
Баҳри бештар ошно кардани хонандагон бо илми ба истилоҳ «инсонгароӣ» (гуманизм) фанҳои адабиёт, забон, санъат, зебоишиносӣ, таърих, фалсафа мусоидат хоҳанд кард. Аз ин сабаб, ба ин ҷиҳати омӯзиш эътибори ҷиддитар додан, натиҷаҳои самарабахшро метавонад ба бор орад. Аз ҷумла, дар замони имрӯз, ки ҳар лаҳза неруҳои гуногуни геополитикӣ ва ифротӣ ба зеҳни сокинони сайёра таҳдид мекунад, вусъат бахшидани тарбияи фарҳангии ҷавонон зарур аст. Бахусус, ҳангоми омӯзондани осори аз ғояҳои инсондӯстӣ саршори классикон имкони бештар даст медиҳад, то насли наврасро аз бебунёдии ғояҳои тундравон огоҳ созем.
Сурайё ҲИММАТОВА,
омӯзгори гимназияи «Ҳиммат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 365

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед