logo

фарҳанг

ТАЪРИХИ ЯК АКС. ДАР БОРАИ ДӮСТИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ХУДОНАЗАР МАМАДНАЗАРОВ

Хостам дар бораи ҳаёт ва фаъ- олияти меҳнатии собиқ раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе Худоназар Мамадназаров маводе таҳия намоям. Аз ин хотир, ба ҳамсараш Хоҷахоним Мирғаёсиева, ки он солҳо дар қайди ҳаёт буданд, телефон кардам.

Рӯзи дигар ҳамроҳи устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ, дотсент Мӯсоят Шерғозиев ба аёдати муаллима рафтем ва дар бораи ходими намоёни ҳизбӣ ва давлатӣ Х. Мамадназаров маълумоти дақиқ, нодир ва суратҳои то ҳанӯз чопнашуда, ки қимати баланди таърихӣ доранд, дастрас намудем. Дар баробари дигар расмҳо сурати Худоназар Мамадназаров бо аллома Бобоҷон Ғафуров диққати моро бештар ба худ кашид ва аз муаллима таърихи ин расмро пурсидем.
- Дӯстии ин ду шахсияти шинохтаи таърихӣ аз солҳои 1946-1948, овоне, ки Бобоҷон Ғафуров котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон буд, оғоз ёфтааст.  То имрӯз касе ба ин расм таваҷҷуҳ зоҳир накард. Азбаски чизе нагуфтанд, гумон доштам, ки зарурати чопи сурат нест. Шумо ба акси Бобоҷон Ғафурову Мамадназаров мутаваҷҷеҳ шудед. Метавонед аз хусуси дӯстии онҳо нависед. Мақолаи шумо метавонад паҳлуҳои нави ҳаёт ва фаъолияти ин алломаро кушода бошад. Ҳамсарам дар бораи дӯстӣ ва мулоқотҳояш бо академик Ғафуров нақл карданро нағз медид ва ифтихор дошт, ки бо чунин шахсияти маъруф дӯстӣ ва рафтуомад дорад. Он чизе, ки ба Шумо нақл мекунам, борҳо аз Худоназар шунидаам, ё худ бевосита шоҳид будам, - изҳор дошт муаллима Хоҷахоним.
Худоназар Мамадназаров солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз соли 1943 то соли 1949 мудири шуъбаи маорифи халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Айёми ҷанг зиндагии мардум бисёр вазнин буд. Маҳз дар ҳамон шароити сангин қобилияти ташкилотчигӣ ва кордонии Худоназар зоҳир гардид. Бо ёрии муаллимони вилоят барои фронт  маблағ ва облигатсияи заёмҳои давлатӣ ҷамъ карда фиристонд. Дере нагузашта, аз шаҳри Маскав, аз номи раиси Кумитаи давлатии мудофиаи СССР Иосиф Виссарионович Сталин бо чунин мазмун барқия расид.
«Ба мудири шуъбаи маорифи халқи ВАБК рафиқ Мамадназаров.
Хоҳишмандам, ба муаллимони Помир, ки ба таври илова барои сохтмони Авиаэскадрилияи «Муаллими Тоҷикистон» 125 ҳазор сӯм ва облигатсияи заёмҳои давлатӣ ҷамъ намудаанд, саломи бародаронаи ман ва миннатдории Армияи Сурхро расонед.
И. В. Сталин».

Баъди гирифтани телеграмма Мамадназаровро ба телефони ҳукуматӣ даъват мекунанд. Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба ӯ барои иқдоми некаш изҳори миннатдорӣ намуд. Ин нахустин мулоқоти телефонии онҳо буд. Худоназар он рӯз ба хона хушбахт ва хурсанд баргашт. Ӯ аз барқияи Сталин ва сипосу шиносоӣ бо Бобоҷон Ғафуров сарфароз буд.
Ҳанӯз соли 1943 Мамадназаров котиби кумитаи ҳизби вилоятии Бадахшони кӯҳии ПК Тоҷикистон буд, ҳасудон аз болояш номаҳои беимзо навиштанд. Гӯё яке аз хешонаш дар хориҷи кишвар ҳасту вай метавонад ягон супоришро иҷро кунад. Аз ин рӯ, вайро ба кори дигар –мудири шуъбаи маорифи халқи вилоят гузаронданд. Баъдтар, маҳз бо дастгирии Бобоҷон Ғафуров вай ба вазифаҳои баланду пурмасъулият таъйин шуд ва он гумону буҳтонҳо аз байн рафтанд.
Соли 1949 Худоназар Мамадназаровро ба Кумитаи Марказӣ барои суҳбат даъват мекунанд, ба Бобоҷон Ғафуров мегӯянд: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кори соҳаи маорифро пешрав намудед. Акнун ба Кӯлоб рафта, кори Институти педагогии Кӯлобро низ ҷоннок кардан даркор».
Худоназар Мамадназаров солҳои 1949 -1952 директори (ректори) Институти педагогии шаҳри Кӯлоб буд ва барои ободонӣ, пешрафту кор, тарбияи омӯзгорону донишҷӯён заҳмати зиёд кашид.
 Бобоҷон Ғафуров минбаъд ӯро муовини раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб таъйин намуданд. Се сол дар ин вазифа кор кард. Аз сифатҳои кордонӣ ва масъулиятшиносиаш мардуми Кӯлоб то ҳанӯз нақл мекунанд.
Ҳамин тавр, Бобоҷон Ғафуров тадриҷан Мамадназаровро тарбия карда, соли 1952 ба шаҳри Душанбе даъват намуд ва муовини вазири маорифи РСС Тоҷикистон таъйин кард.
Боре Худоназар ба хона дертар омада гуфт: «Бо Бобоҷон Ғафурович масъалаи ба вазифаи котиби якуми Комитети партиявии вилояти Бадахшони кӯҳии ПК Тоҷикистон пешбарӣ шуданам суҳбати тӯлонӣ доштам. Маслиҳатҳои ҷолиб дод. Имрӯз ё пагоҳ ҳуҷҷатҳоямро тахт карда, барои суҳбат ба шаҳри Москва мефиристонад». Вале бо амри тақдир, вақте Мамадназаровро котиби якуми ҲК шаҳри Хоруғ интихоб намуданд, Бобоҷон Ғафуров аллакай дар вазифаи Котиби якуми кумитаи марказӣ кор намекард.
- Минбаъд Б. Ғафуров дар Маскав фаъолияташро идома доду Х. Мамадназаров дар шаҳрҳои Хоруғу Душанбе. Вале вохӯрию зангҳои телефонӣ, дӯстиашон идома ёфт. Дар яке аз сафарҳо ба Москва Бобоҷон Ғафуров китоби «Таджики» - ро бо соядаст ба Мамадназаров тақдим кард. Худи ӯ дар ҳар сафараш аз ободонии шаҳри Душанбе хурсанд мешуд,- афзуд Хоҷахоним.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 267

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед