logo

фарҳанг

НИГИНИ ШАРҚ

Номи аллома Бобоҷон Ғафуров на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ақсои олам маълуму машҳур аст. Аз ӯ мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ мондааст. Қисме аз ин мерос дар осорхонааш ҳифз гаштааст.
Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Холҷӯраев, сарвари  осорхонаи Бобоҷон Ғафуров, дар айёми ҷавонӣ ба шаҳри Москва сафар карда, зуд - зуд ба дидори устод Бобоҷон Ғафуров муяссар мешудааст.
- Ҳар суҳбате, ки бо эшон ба вуқӯъ мепайваст, барои ривоҷу равнақи илми таърих ва ташаккули тафаккури илмӣ мусоидат менамуд. 
Дар яке аз чунин сафарҳо ҳамроҳи як гурӯҳ олимон ба осорхонаи нависандаи машҳури рус Лев Толстой, ба мавзеи Ясная Поляна рафтем. Яке аз онҳо гуфт: «Осорхонаи Толстой хеле аҷоиб будааст, аз он таассуроти неке бардоштем. Лекин чаро он дар пойтахт – шаҳри Москва бунёд наёфтаву дар музофот қарор дорад? Агар дар пойтахт мебуд, ҳамин қадар роҳи дурро тай намекардем. Бобоҷон Ғафуров гуфтанд: «Аслан осорхонаи одамони машҳур дар зодгоҳашон сохта мешавад». Ҳарчанд он замон устод суханҳои худро ба шахсони дигар нигаронда гуфта бошанд ҳам, ман онро ба сифати ишора қабул кардам. Баъди вафоти устод Бобоҷон Ғафуров суҳбати дар Ясная Поляна ба вуқӯъпайвастаро гаштаю баргашта ба ёд меовардам. Тасмими мо низ дар бобати бунёди осорхона дар зодгоҳи аллома аз ҳамин ишора оғоз ёфт, - изҳор дошт Ҳабибулло Холҷӯраев.
Осорхона моҳи декабри соли 1998 таъсис шуда бошад ҳам, сохтмонаш соли 1995 оғоз ёфт. Ҳодисаву воқеоти он замон ва аҳволи иқтисодии онвақтаи мамлакатро ҳамагон хуб дар ёд доранд. Ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, маблағ барои эҳтиёҷоти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ басанда набуд. Сарфи назар аз ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди осорхонаи Бобоҷон Ғафуров иқдом карданд.
Манзили истиқоматии аллома 300 метр дуртар аз маркази ноҳияи Ғафуров ҷойгир аст. Сарвари кишвар муттаҳид кардани ҳуҷраҳои хурд-хурди мавҷуда ва аз байн бардоштани деворҳои он, ҳамчунин, ба толори васею барҳаво табдил додани онро дастур доданд. Ин таклифи олиҷаноб писанди ҳамагон гардид ва барои иҷрояш камари ҳиммат бастанд.
Маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт. Соли 1997 Сарвари давлат  дар назди бинои осорхона  ду бех арча шинонданд, ки рамзи сарсабзиву шукуфоӣ мебошад. Имрӯз он ду ниҳол ба дарахти бузург мубаддал гашта, ҳамчун нишонаҳое аз Пешвои миллат сарфарозӣ доранд.
Дар арсаи таърих собит шудааст, ки инсонҳои бузург ҳамдигарро қадр кардаанд, баҳри зиндаву поянда нигоҳдории хотираи неки онҳо корҳои бузургро анҷом додаанд.
- Ҳар боре, ки ба Маскав мерафтам, устод ҳуҷҷатҳо, суратҳо ва ёдгориҳои гуногунро ба ман супурда, таъкид мекарданд, ки эҳтиёт намоем. Аз ҷумла, шумораи нахустини маҷаллаи «Современний восток», ки баъдтар бо номи «Азия и Африка сегодня» нашр мешуд, ба ман дода буданд. Устод борҳо дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок намуда, суханронӣ кардаанд. Маводу ҳуҷҷатҳои симпозиумро ҳам устод барои нигоҳдорӣ ба ман додаанд. Бахусус, аксҳои устод бо роҳбарони Ҳиндустон - Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Индира Гандӣ, Миср - Ҷамол Абдул Носир бароям қимати гарон дошта, дар бойгониам маҳфузанд, - афзуд Ҳабибулло Холҷӯраев.
Мутаассифона, баъд аз сари устод аксари маводи дар Маскав мавҷудбуда паҳну парешон шуд. Бо мақсади дарёфти нусхаҳои дигари ҳуҷҷатҳо чанд маротиба ба назди ҳамсари устод – Ғафурова Капитолина Александровна рафтам. Ӯ гуфт, ки тамоми лавозимоти ба Бобоҷон Ғафуров тааллуқдошта, аз ҷумла ордену медал ва ҳуҷҷатҳои мавҷударо ба осорхонаи Инқилоб супурдааст. Ҳамин тавр, аз мероси гаронбаҳои маскавии Бобоҷон Ғафуров миқдори хеле кам дастрас гардид.
Айни замон зиёда аз 600 асару мақола ва ҳуҷҷатҳои устод дар дасти мост. Бобоҷон Ғафуров ҳамеша ба ҳуҷҷатҳое, ки ба халқу миллати тоҷик вобастагӣ доштанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, кӯшиш мекарданд, ки онро  бар Ватани худ баргардонанд. Устод барои ба Тоҷикистон баргардондани «Хазинаи Амударё»  талоши зиёд карда, ҳатто ба Англия сафар доштанд. Бо талошҳои чандкаратаи устод баъдан «Хазинаи Амударё» бо нусхабардорӣ дар бойгонии осорхона ҷой гирифт.
Алҳол шумораи экспонатҳои осорхона аз даҳ ҳазор зиёд аст. Ҳанӯз ҳам барои дарёфти экспонатҳое, ки ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуровро таҷассум менамоянд, кӯшиш ба харҷ дода мешавад.  Академик Борис Рибаков дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: «Бобоҷон Ғафуров барои мо гавҳари ноёб аст. Барои ҳамагон, барои халқи рус, барои кулли шарқшиносон туҳфаи арзандаву шоиста ба ҳисоб меравад». Олими дигари машҳури рус И. Брагинский низ ба шахсияти Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд додааст. Олимони машҳури рус устодро бо номи ифтихории «Нигини Шарқ» мешинохтанду эҳтиром мекарданд.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуровро шиносномаи миллат унвон дода буданд, ки барҳақ аст. Кормандони осорхонаи устод низ барои ба ҳамагон, бахусус ба насли ҷавон,  муаррифӣ намудани ин алломаи машриқзамин - инсоне, ки тамоми ҳаёти худро барои ба ҷаҳониён шиносондани миллати тоҷик бахшидааст, корҳои шоистаро ба анҷом расонда истодааст.
Ӯринбой УСМОН, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 650
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед