logo

иҷтимоиёт

ХЕШТАНШИНОСӢ. ЯК ИҚДОМИ ҶИДДӢ

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕАИ КИШВАР
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  12 майи соли равон бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар имрӯзҳо боиси рӯҳбаландию фараҳмандии тамоми қишрҳои ҷомеа гардидааст. Мардум бо самимият ва ихлосмандии том байни худ доир ба нуқтаҳои асосии суханронии Пешвои миллат ҳарф мезананд ва ифтихору шодмонӣ доранд, ки Худованди меҳрубон чунин як Сарвари ғамхору дилсӯз ва хирадманд-ро насиби онҳо гардондааст.

Воқеан ҳам, Пешвои миллат дар ин суханронии хеш ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти кишвар назарандозӣ намуда, роҳи ҳалли мушкилотро бо далелҳои илмӣ шарҳу эзоҳ доданд. Масалан, оид ба  тарбияи фарзанд, ватандӯстию худшиносии онҳо, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ сухан ронда, таъкид намуданд: «Миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ҳамон андоза тараққӣ мекунад».
Сарвари давлат аз шиддат ёфтани баъзе аз масъалаҳои глобалии сайёра изҳори нигаронӣ намуданд. Аз гуфтаҳои Президенти мамлакат маълум гашт, ки дар тамоми давлатҳои олам бо сабаби норасоии об ҳамасола се миллиону чорсад ҳазор нафар одамон ба ҳалокат мерасанд ва 800 миллиони дигар аз нарасидани ғизо дар ҳолати гуруснагӣ қарор доранд, соле 22 ҳазор кӯдак аз норасоии маводи ғизоӣ вафот мекунад.
Президенти маҳбуби кишвар амалҳои ҷангҷӯёнаи дастаҳои ифротгарою тундрави ҷаҳонро сахт маҳкум намуда, бо ҳисси баланди инсондӯстӣ хабар доданд, ки «Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст». Президенти кишвар чун як фарди инсондӯсти ҷомеа аз он дар ташвишанд, ки ҳоло дар 40 нуқтаи ҷаҳон муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд.
Сарвари давлат дуруст қайд намуданд, ки имрӯз душманони кишвари мо бо ҳар баҳонаю восита  кишвари мо ва дину мазҳаби моро сиёҳ мекунанд. Мо ҳамеша дар хотир бояд дорем, ки ин гурӯҳҳои бо ном ба мо дӯст, дар асл ғуломи хоҷагони хориҷии худ мебошанд ва ин тоифа дину имон ва мазҳаби худро фурӯхтаанд.
 Ба касе пӯшида нест, ки рӯз ба рӯз амалҳои террористӣ аз номи дини мубини ислом афзоиш ёфта, ин гурӯҳҳо бо амалҳои нопоки худ дини беолоиши исломро ба ҷаҳониён зишт нишон медиҳанд. Ин масъала низ аз назари Сарвари давлатамон дар канор намонд.
 Пешвои муаззами миллат ҳамчун эътиқотманди дини ислом ва вориси мазҳаби ҳанафӣ диққати ходимони динро ба ин масъала ҷалб намуда, таъкид карданд, ки ба мардум ҷавҳари аслии исломро фаҳмонда ба хурофотпарастӣ ва эътирофу парас-тиши мазҳабҳои ба халқи мо бегона роҳ надиҳанд.
Дар ҳамин замина Сарвари давлат ҳамаи мардуми Тоҷикистонро дар моҳи шарифи Рамазон ба корҳои хайру сахо, олиҳимматӣ, инсофу адл, ёрмандӣ ба дардмандону эҳтиёҷмандон, ятимону бепарасторон даъват намуданд. «Дар хотир бояд дошт, ки тибқи таълимоти ислом барои ободии Ватан анҷом додани амалҳои хайр низ ибодат буда, аҷру савоби онҳо барои шахсоне, ки ба корҳои неку савоб иқдом мекунанд, бардавом ва ҷория аст»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Мулоқоти Пешвои миллатро бо аҳли ҷомеаи кишвар як дастури хубе барои фаъолияти ҳамарӯзаи худ ва мардуми кишвар меҳисобам.
Р. СОЛИҲОВ,
сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 308

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед