logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

1 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ноҳияи аграрии ҷумҳурӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус дар семинар - машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуданд.
Дар оғози боздид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи чорво дидан карданд. Дар намоишгоҳ 70 сар чорвои калон, 400 сар чорвои хурд ва қариб 50 сар асп ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Дар доираи тадбири мазкур, ки мақсад аз он намоиши иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои чорводорон буд, хоҷагидорони як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара, Восеъ, Панҷ, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Фархор, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Темурмалик чорвои хушзоти худро, ки аксаран зотҳои элита буда, ба иқлими минтақа мувофиқ карда шудаанд, ба намоиш гузошта буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур доданд, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба масъалаҳои хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир созанд.
Маъракаи алафдаравӣ дар мавзеи Гулобод бо иштироки зиёда аз 2500 нафар сокинони шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сурат гирифт. Барои анҷоми ин кор ва ҷиҳати иштирок дар семинар - машварат 113 адад трактори тамғаи МТЗ, 33 косилкаи (мошини дарави) дискӣ, 59 адад алафдарав (газонокосилка), 16 тойбанд, 18 ядак ва грабилҳои тракторӣ, инчунин, олоти алафдаравию алафҷамъкунӣ ва техникаҳои гуногуни кишоварзӣ сафарбар карда шуданд.
Мавзеи Гулобод интихоб шудани макони баргузории семинар - машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво бесабаб нест. Зеро майдони умумии мавзеи мазкур 427,13 гектарро ташкил менамояд, ки аз он масоҳати 190 гектарро гандум, наздики 4 га ҷав ва дар масоҳати муайяни заминҳо зироати нахӯду зағир, картошкаи лалмиву маъзар ва ғайраҳо кошта шудаанд. Майдони алафзор дар ҳамин мавзеъ зиёда аз 215 гектарро ташкил медиҳад.
Соли равон дар ноҳияи Темурмалик алафзор нашъунамои хуб дорад ва масъулони бахши кишоварзию хоҷагидорон тасмим доранд, ки зиёда аз 51 ҳазор тонна хошоки дурушт ва дигар намуди хӯрокаро захира созанд. Хабар дода шуд, ки худи ҳамин рӯз маъракаи алафдаравӣ ба хотири захираи фаровони хӯроки чорво дар саросари ноҳияи Темурмалик роҳандозӣ шуд ва дар ин тадбир ҳазорон нафар сокинони ноҳия иштирок карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур доданд, ки бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби бештари аҳолӣ маъракаи дарави алафҳои табииро вусъат бахшида, захираи хӯроки чорво барои давраи зимистонро муташаккилона ба роҳ монанд, зеро имсол бо сабаби камбориш омадани мавсими баҳор дар аксар минтақаҳои вилояти Хатлон алафзор хушк шудааст. Зимнан чорводорони вилоят метавонанд аз хоҷагидорони ноҳияи Темурмалик хӯроки чорво дастрас карда, захира созанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо таҷрибаи кори деҳқони асил Раҷабалӣ Лақаев ошноӣ пайдо карданд. Ин хоҷагидор дар заминҳои лалмӣ парвариши картошка, нахӯд, ҷав ва дигар зироатҳоро ба роҳ мондааст. Сарвари давлат махсусан ба парвариши картошкаи лалмӣ дар шароити талу теппа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Раҷабалӣ Лақаев бо изҳори сипос таъкид дошт, ки дар мавсими ҷорӣ аз ҳар гектар гандумзор 33 - сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳад овард.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истифодабарии заминҳои лалмӣ дар мавзеи Гулобод ошноӣ пайдо карданд ва бори дигар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин аз тарафи аҳолиро махсус таъкид намуданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Данғара
1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар Ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.
Фармоишгар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТВЕА”- Ҷумҳурии Мардумии Чин, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил - 2012” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” мебошанд.
Маблағи умумии сохтмони мактаб 13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар майдони наздики 3 гектар бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, соли 2018 ба анҷом расид. Дар вақти бунёди иншоот даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.
Мактаби мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир 4 -  ошёна буда, аз 35 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзиш, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 дона тахтаи электронӣ, 25 адад компютер, 10 мошини зардӯзӣ мавҷуданд.
Ифтитоҳи мактаби нав ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон рост омад, аз ин рӯ Сарвари давлат ба 30 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супурданд, ки дунёи зебо ва поку беолоиши онҳоро боз ҳам рангинтар намуд.
Зимни шиносоӣ аз шароити таълим дар ин муассисаи навбунёд Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзишманд барои насли ояндасози кишвар маънидод намуданд.
Дар суҳбат бо хонандагон Пешвои миллат онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

Гузоштани санги асоси сохтмони коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ дар ноҳияи Данғара
Баъди ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба бун-ёди муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ” - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Маблағи умумии сохтмони бинои муассиса 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз биноҳои маъмурию таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷой, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2, 8 гектарро ташкил медиҳад.
Фармоишгари сохтмони бинои нави 5 - ошёнаи муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ” Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 -и Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Созанда - 2012" мебоошад.
Мавриди зикр аст, ки ба шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таълимии касбӣ афзоиш ёфта, барои донишҷӯён тамоми шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ” - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ ба пудратчиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва иштирок дар семинар – машварат 
2 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо фаъолону кишоварзони вилояти Хатлон машварат доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои фаровони кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буданд, шинос шуданд
Меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои калонтарин минтақаи аграрии мамлакат вилояти Хатлон асосан ҳосили меваҳои хуштамъу сабзавоти гуногун, зироатҳои ғалладонагӣ, техникӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз фаровонии ҳосили неъматҳои моддӣ дарак медоданд.
Дар рафҳои намоишгоҳ намунаи беҳтарини сабзавот, аз қабили пиёз, сирпиёз, картошка, сабзӣ, қаланфур, қаланфури булғорӣ, помидор, бодиринг, карам, лаблабу ва ҷуворимакка, мевагиҳо - шафтолу, себ, олу, олуча, бодом, гелос, қулфинай, лимӯ, полизӣ - харбузаву тарбуз, зироатҳо - лӯбиё, нахӯд, наск, зағир, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, гандум, тухмии зироатҳои пунбадона, ғалладона, ҷав, ҷуворимакка ва меваҳои хушк, аз ҷумла зардолу, себ, чормағзи зеризаминӣ, пис-та, чормағз, олучаи кӯҳӣ, хуч, дӯлона, ноки хушк гузошта шуда буданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатӣ ба заҳматкашони вилоят барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дастуру ҳидоятҳо доданд.
Баъди шиносоӣ бо комёбиҳои соҳаи кишоварзии меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар як мавзеи хушбоду ҳаво Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва кормандони соҳаи кишоварзӣ машварати корӣ доир карданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мақсади ҷамъомадро таҳлилу баррасии ҳолати имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимис-тони солҳои 2018 - 2019 маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст.
Сарвари давлат аз тағйирёбии иқлими сайёра, таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои вобаста ба гармшавии иқлим ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда бо азму талоши мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти Хатлон дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бомаром таъмин гардидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо вуҷуди ин пешравиҳо мардуми кишвар бояд минбаъд низ бо мақсади таҳкими ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёндани ду - се ҳосил талош варзанд ва аз имкониятҳои истифоданагардида васеъ баҳра баранд.
Пешвои миллат барои расидан ба ин ҳадафҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри васеъ кардани майдони кишти зироатҳои барвақтиву такрорӣ, беҳтар намудани сифати тухмиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти парандаву моҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риояи агротехникаи парвариши зироат ва беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо дар сатҳи зарурӣ дастур доданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо ҳузури шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногун Сарвари давлат таваҷҷуҳи онҳоро барои вусъат додани корҳои ободонӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла барои дар давоми се соли оянда дар ҳар деҳа, шаҳраку деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон, бунёду азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхона барои 10-15 кат ва ҳуҷраи алоҳида барои хатна, ҳаммом, кошонаи ҳусн, инфрасохтори хурди хизматрасониву сайёҳӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои сайругашти оммавӣ, инчунин, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва дохили деҳот, бунёди боғҳои нав ва шинондани ниҳолҳо дар шафати роҳҳои мошингард ҷалб карда, супоришҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки бо ҳамин роҳ мо бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти иҷтимоии мардумро ҳал мекунем ва метавонем шароити зисту зиндагии аҳолиро хеле беҳтар созем.
Супоришҳои дигар барои аз ҳоло ба фасли зимистон ҳамаҷониба омода кардани тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ва махсусан муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти энергетикӣ, захираи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, мазут ва гази моеъ дода шуданд.
Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз     доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлон, масъулону мутахассисон, кулли мардуми сарбаланду заҳматқарини вилояти Хатлон минбаъд низ ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастархони сокинони мамлакат саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва хоҷагидорону соҳибкорони пешқадами вилоят Одил Розиқов аз ноҳияи Ҷайҳун, Махфират Саидраҳмонова аз ноҳияи Шаҳритус, Олтибой Ҳақназаров аз ноҳияи Дӯстӣ, Тоҳир Исмонов аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Назрулло Абдуллоев аз ноҳияи Хуросон оид ба вазъи корҳои саҳроӣ ҳисобот дода, ҷонибдории хешро аз талошҳову ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат иброз доштанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҳисоботи худ оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар панҷ моҳи соли равон гузориш дода, аз номи мардуми меҳнатқарини Хатлон ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста ибрози сипос кард.

Боздид аз кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”
2 июн баъди анҷоми кори машварат бо фаъ-олону кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо шароити боғоти кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.
Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га токзор ва дар 75 га бодому олу бунёд кардааст.
Дарахтони аз бори меваи зиёд сар ба зер афкандаи боғҳо аз фаровонии ҳосил дарак медиҳанд.
Ба андешаи коргарони хоҷагӣ, аксар ҳосили ин боғот, аз ҷумла бодом, олу, ангур, картошка ва гандум барои содирот ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешавад.
Бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони тухмиҳои картошка, ки дар минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат кишт шуда буд, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ва истеҳсоли кофии ин маҳсулоти хӯрока тухмии он ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Дар кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”, ки бисёрсоҳа буда, дар ихтиёри худ чорвои калону хурд дорад, дар майдони 80 гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст. Таҷрибаи бойи коргарону мутахассисони хоҷагӣ боис гардидааст, ки онҳо бо истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ҳосили фаровони мева ба даст меоранд ва сатҳи зиндагии худро сол ба сол беҳбудӣ мебахшанд.
Мутахассисони соҳа дар вақти кор аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замини зархезу ҳар қатра оби ҷонбахш васеъ истифода мебаранд.
Зимни шиносоӣ дар кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон ҷиҳати парвариши ҳосили фаровон, истифодаи самараноки замин ва ҷонибдории сиёсати аграрии Ҳукумати кишвар баҳои баланд доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 265

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед