logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА НАҚШИ Ӯ ДАР РУШДИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Бобоҷони ҷавон тақдири худро аз оғоз ба коғазу қалам пайванд дода, то вопасин лаҳзаҳои умраш ишқу алоқаашро аз фарҳангу адаб, бахусус аз матбуот накандааст.

Баъди хатми  мактаб - интернати  ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии Хуҷанд  дар 18 - солагӣ шуъбаи кумитаи  комсомолиро  сарварӣ ва дар  тарғиботи   ғояҳои замони нав фаъолона иштирок мекард. Хабарҳояш дар ҷаридаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ зуд-зуд интишор меёфтанд. Дар бораи давраҳои аввалини хомабадастии Б. Ғафуров суҳбате доштем бо хоҳари эшон, рӯзноманигори шинохта Тоҷинисо Fафурова.     
- Бародарам сари худро болои сандалӣ хам намуда, соатҳои дароз менавиштанд. Мақолаи навбатиро ба ман хонда медоданду дар як  вақт  ҷойҳои даркориро ислоҳ менамуданд. Он солҳо мухбирӣ кори саҳл набуд. Байни тарафдорони  замони наву кӯҳна муборизаи тезу тунд мерафт. Аз тарафи душманон  ваҳшиёна кушта шудани муаллими мактаби шӯравии деҳаи Қистакӯз Рофиев  дар ҳамон солҳо рух дода буд. Ҳар як хабару мақолаи танқидии  мухбири ҷавон Б. Fафуров ба душманон тир барин мерасид ва ҳар рӯзу шаби ӯ ҳам дар таъқибу таҳдид мегузашт, -  ба хотир оварда буд хоҳари  аллома.
Боре нисфи шаб, дар назди ҳавлии онҳо садои тирпаронӣ мешавад. Зану шавҳар, ки аз дер омадани фарзанди калонӣ хавотир буданд, аз ҷо баробар хестанд. Холаи Робия  чароғи керосиниро даргиронд. Амаки Fафур берун рафта, лаҳзае нагузашта, бо писараш Бобоҷон баргашт.  Хурду калони оила бедор буд, вале касе саволе намедоду ҳама хамӯш менишастанд, вазъ ба ҳама маълум буд. Хайрият, ки бори дигар тири душман  хато рафтааст.
Хавфу хатар зиёд буду мухбири ҷавон маҷбур буд, ки ҷои зисти  худро зуд –зуд иваз намояд. Кумитаи комсомолӣ қарор қабул кард, ки шабҳои навбатдории худро ӯ  ё дар  истгоҳи роҳи  оҳани Исфисор, ё дар шуъбаи  милитсия гузаронад.
Қадамҳои аввалини Бобоҷони ҷавон дар ҷодаи матбуот ҳамин тавр гузошта мешавад. Соли 1928, баъди он, ки ӯ шунавандаи курси   ҳуқуқшиносии Университети Самарқанд мешавад, бо устодон Садриддин Айнӣ, Fафур Fулом, Емелян Ярославский аз наздик шинос мешавад, маслиҳату дастгирии онҳоро ҳис мекунад ва фаъолияти  рӯзноманигориаш  вусъат меёбад. Аз ҷумла, дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Ӯзбекистони сурх» матлаб нашр мекард. Лавҳа, очерк ва фелетонҳои ӯ  эътибори хонандаҳоро ба худ ҷалб мекард.
Рӯзномаҳоро варақ занем, аён мегардад, ки Бобоҷон Fафуров ҳамон солҳо дар навиштаҳои худ аз 40 имзои мустаор, аз ҷумла, «Бобоҷон чӯлоқ», «Б. F.» «Бобоҷон чӯлоқи исфисорӣ», «Қаламфур», «Б. Fафуров», «Батраки Исфисор», «Бобоҷони Хуҷандӣ», «Мухбири Исфисор» истифода бурдааст.
Аз қайдҳои варақаи  шахсии  олим аён мегардад, ки солҳои 1929 - 1930 ӯ ҳамчун мухбири махсуси рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Қизил Ӯзбекистон»  фаъолият бурдааст. 14 марти соли 1930 хонандагони рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» мақолаи публисистии ӯро мехонанд, ки ба  панҷсолагии ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон бахшида шуда буд.  Хабару мақолаҳои Бобоҷон аз шавқу рағбати мухбири ҷавон гувоҳӣ медоданд. КМ ҲК Тоҷикистон  ӯро ба вазифаи ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Қизил Тожикистон»  ба кор мефиристад.
Хабару мақолаҳо барои устувории ғояҳои ҳокимияти нав, дар айни ҳол барои ташаккули  ҷаҳонбинии  Бобоҷон ҳам хизмат мекард.  Солҳои 1931 - 1935 ӯ дар Университети умумииттифоқии коммунистии  журналистии Маскав мехонад. Ӯ аз аввалин рӯзноманигорони ҷумҳурӣ буд, ки  маълумоти олии касбӣ дошт.
Баъди хатми университет ба Тоҷикистон бармегардад, дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Тожикистон» аввал ҷонишини сармуҳаррир, баъд иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир шуда кор мекунад. Баробари  бой намудани мазмуну мундариҷаи рӯзнома, барои тарбияи мухбирони  ҷавони ояндадор эътибори алоҳида зоҳир менамояд.
Яке аз онҳо Ҳамид Гадоев буд, ки аз пайроҳаи устод рафта, аввалҳо ҳамчун мухбири рӯзнома, баъдтар дар он як чанд сол вазифаи сармуҳарририро бар уҳда дошт. Ҳамчун устодаш шуъбаи  тарғиботӣ - ташвиқотии КМ ҲК Тоҷикистонро сарварӣ намуд. Дар ҷодаи  таърихшиносӣ фаъолияти самаранок дошт ва таҳти роҳбарии Бобоҷон Fафуров корҳои илмии номзадӣ ва доктори-ро дифоъ намуд.
Фаъолияти баъдинаи Б. Fафуров ба корҳои ҳизбиву сиёсӣ вобаста мешавад. Даҳ сол котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон, бисту як сол  директори Институти шарқшиносии Маскав буданд. Он замон ҳам ба матбуот алоқаи зич дошт. Бо ташаббуси  аллома маҷаллаи «Азия и Африка сегодня» ташкил карда шуд, ки дар он замон басо маъруф буд. Нахустсармуҳаррири он Б. Ғафуров маҷаллаи мазкурро чунон обрӯву нуфуз бахшид, ки имрӯз ҳам аз нашрияҳои овозадори байналмилалӣ аст.
Ташкилёбии  нашриёти адабиёти Шарқ - «Наука» ҳам натиҷаи ҷустуҷӯ ва ташкилотчигии  Бобоҷон Fафуров буд. Тавассути он асарҳои аксарият классикони адабиёти тоҷик тарҷума, нашр ва паҳн мегардид. Ӯ, инчунин, аъзои таҳририяи зиёда аз даҳ маҷаллаҳои марказӣ, мисли «Вопроси истории», ҳайати «Коммунист», «Партийная жизнь» ва ғайра буд ва дар аксарият шумораҳои ин нашрияҳо мақолаҳои аллома дар мавзӯъҳои муҳим чоп мешуданд.
Метавон гуфт, ки рӯзноманигорӣ барои ҳамчун арбоби давлатӣ, олими барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ зуҳур кардани Бобоҷон Fафуров заминаи  мустаҳкам  гузошт ва матбуоти тоҷик ва ҷаҳон имрӯз ҳам номи ӯро зинда медорад.
Мунаввара МУХАМЕДОВА,
ходими илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 582
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед