logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. БУНЁДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД

Ноҳияи Фархор дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони меҳнатқаринаш ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар табдил ёфт.
Бунёди китобхонаи марказӣ, осорхона, чойхонаи миллӣ, шуъбаи маориф, таъмиру азнавсозии бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бозори марказӣ ба намои шаҳрак ҳусни тоза зам кард.
Дар раванди омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иқдом пеш гирифтанд, ки боғи марказиро таъмиру навсозӣ намуда, дар он бо баландии 50 метр Парчам,  35 метр Нишон бунёд созанд.
Бо ин мақсад бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ майдони зиёда аз 3,0 гектар қитъаи замини дохили боғи фарҳангӣ - фароғатӣ аз дарахтони хушк, алафҳои худрӯй тозаву ҳамвор гардид. Инчунин, дар дохили боғ бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон чор адад суҳбатҷойҳо  сохта шуда, гирду атрофи он пурра панҷарабандӣ шуд.
Бино ба гуфтаи масъулон, дар даромадгоҳи асосии боғи марказӣ бунёди дарвоза, Парчам ва Нишони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон кори поягузории онҳо ба анҷом расидааст.
Ҳамчунин, дар дохили боғи мазкур 3510 бех дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ  шинонда мешаванд. Айни замон, дар он 22500 адад гулу буттаҳои зебову рӯҳафзо шинонда шудаанд, ки барои фароғаткунандагон таровату ҳаловати тоза мебахшанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати обрасонии майдони майсазорҳо ва гулҳои мавсимӣ ба тӯли 4569 метри мураббаъ лӯлаҳои полиэтилении қутрашон ҳархела, 1353 адад обпошакҳо ва 2461 метри мураббаъ тахтасангҳои ороишии шафати роҳравҳо низ азнавсозӣ гардид.
Дар қатори ин, сохтмони ҳавзи обнигоҳдорӣ бо ғунҷоишӣ 112 метри мукааб, инчунин, бунёди майдонҳои хурди бозӣ барои кӯдакон, аз ҷумла аттраксионҳои гуногун дар назар аст.
Раҳматулло КАРИМОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 375

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед