logo

фарҳанг

ТАФСИРИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Тафсири илмӣ – амалии Қонуни мазкур ва нашри ин китоб барои истифодабарии кормандони мақомоти иҷроия ва ҷашну маросим, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва доираи васеи хонандагон тавсия гардидааст.
Муаллифон М. Раҳимзода, М. Ватанзода, М. Маҳмудзода, Ф. Идизода, Ҳ. Мирсайзод ва дигарон истилоҳҳо, мафҳумҳо ва моддаҳои Қонунро возеҳу фаҳмо шарҳу тафсир намудаанд.
Аз ҷумла, дар шарҳу тафсири «Фотиҳатӯй» омадааст: «Фотиҳатӯй, ки аз ҷониби хонаводаи духтар бо иштироки зиёди меҳмонони тарафайн баргузор мегардид, дигар дар чунин шакл баргузор намегардад. Албатта, маърака мумкин аст бидуни хароҷоти зиёд, бо ду – се нафар шахси калонсол аз ҳисоби ҷонибҳо баргузор шавад, вале барои он тӯй барпо намудан мумкин нест».
Ҳамчунин, яке аз мафҳумҳои қонун «Хонакашон» буд, ки барои аксар шаҳрвандон фаҳмо набуд. Ба шарҳу тафсири он овардаанд: «Хонакашон, дар қисмате аз маҳаллаҳои шимоли Тоҷикистон пеш аз тӯйи домодию арӯсӣ бо баҳонаи ҷиҳозонидани хонаи арӯс 15 – 20 нафар занҳо аз ҷониби арӯс ба хонаи домод мерафтанд. Барои онҳо соҳиби хона бояд се – чор намуд таом пухта, ба ҳар якеашон либос медоданд. Домод як утоқро холӣ карда, ҷониби арӯсро вазифадор мекарданд, ки аввал утоқро пурра таъмир намуда, баъдан он бо тамоми ашёи зарурӣ пур намояд, ки хароҷоти зиёдро талаб мекард. Акнун ин маърака низ манъ шуд».
Ҳамин тавр, тафсир, шарҳу тавзеҳ ва нашри ин китоб барои дарку фаҳми бештари қонуни танзим, арзишҳои фарҳанги миллӣ, суннатҳои диниву мардумӣ, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 369

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед