logo

фарҳанг

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ АЗ БАЙН МЕРАВАНД, ЧАРО?

Ёдгориҳои таърихӣ ҷузъи мероси фарҳангӣ буда, таҳқиқ ва ҳифзу нигаҳдошти онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба тармиму таҷдид ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус равона менамояд.

Ба гуфтаи  Шералӣ Хоҷаев, сардори раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанг, ҳоло шумораи ёдгориҳои таърихӣ зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳад, ки аксари онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ навсозӣ гардиданд. Аз ҷумла, оромгоҳҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳазрати Султон, Хоҷа Аюби Ансорӣ ва чанде дигар таъмиру барқарор шуда, аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат корҳои илмиву бостоншиносӣ дар иншооти алоҳидаи қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук ва Хуҷанд идома доранд.

ЁДГОРИҲО ДАР ЗЕРИ ХОКАНД
Вале, бо вуҷуди ин, ҳолати кунунии баъзе ёдгориҳо ташвишовар аст. Ва Сарвари давлат дар мулоқоти навбатӣ бо зиёиён (19 марти соли 2018) аз ин изҳори нигаронӣ карда,  иброз доштанд, ки «То ба имрӯз дар 695 ёдгории таърихиву меъморӣ корҳои илмиву бостоншиносӣ ва навсозиву барқарорсозӣ оғоз нагардида, онҳо дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд. Ҳарчанд ки доир ба баъзеи ин ёдгориҳо дар сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳо мавҷуданд, вале дар замони истиқлолият дар ин самт маълумоти иловагӣ кам ҷамъоварӣ шуда, дар баъзе аз ин мавзеъҳо корҳои ҷустуҷӯиву ҳафриётӣ ҳанӯз шурӯъ нашудаанд».
Вобаста ба ин, бостоншинос, профессор Юсуфшо Ёқубшоев гуфт, ки вазъи ёдгориҳои таърихии археологӣ беҳбудиро металабад. Қисми зиёди онҳо ҳанӯз дар зери хоканду қисми дигарашон бинобар мавқуф гузоштани корҳои ҷустуҷӯӣ аз байн рафта истодаанд. Аксари ёдгориҳое, ки солҳост таҳқиқашон идома дорад (масалан, кофтуковҳои бостоншиносии Панҷакенти Қадим аз соли 1946 оғоз гардидааст), бо сабаби бомпӯш набудан ва дар зери барфу борон мондан, дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд. Бар замми ин, аксари мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар ҳудуди онҳо ёдгориҳо ҳастанд, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдориашон хунукназарӣ мекунанд. Масалан, дар мавзеъҳое, ки ёдгориҳо ҷойгиранд, мақомотҳо барои бунёди манзили истиқоматӣ ва киштукор қитъаи замин ҷудо кардаанд, ки инро метавон дар ҳудуди  қалъаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб ва ёдгории Золи Зари ноҳияи Фархор мушоҳида кард.

ҲУДУДИ ЁДГОРИҲО БОЯД ҶУДО ШАВАД
Яке аз масъалаҳое, ки боиси ташвиши коршиносон гаштааст, муайян набудани ҳудуди ёдгориҳост. Барои ин ки ёдгорӣ ҳифз шавад, бояд ҳудуди муҳофизатшаванда дошта бошад. Зеро он аз замоне мақоми ҳуқуқӣ пайдо мекунад, ки аз ҷониби давлат таҳти муҳофизат қарор гирифта, соҳиби сертификат гардад. Юсуфшо Ёқубшоев мегӯяд, ки ҳоло аксари ёдгориҳо ҳудуди муайян надоранд ва бо ин сабаб аз байн мераванд. Барои мисол, ҳудуди шаҳраки қадимаи Каронро, ки ёдгории нодир асту таърихи 4 ҳазорсола дорад, аз соли 2012 инҷониб ба расмият надаровардаанд.

ХАРИТАИ БОСТОНШИНОСӢ ДОРЕМ?
Омили дигаре, ки барои ҳифзи ёдгориҳо мусоидат мекунад, таҳияи харитаи бостоншиносии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Он имкон медиҳад, ки ёдгориҳо ишора ва ҳифз гарданд. Нуриддин Сайфуллоев, мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳо, гуфт, ки набудани  чунин харитаҳо боиси дар мавзеъҳои ҷойгиршавии ёдгориҳои таърихӣ бунёд намудани хонаи истиқоматӣ мегардад. Бинобар ин, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳо муваззаф гардидааст, ки чунин харитаҳоро омода намояд. Бояд гуфт, ки феълан харитаҳои бостоншиносии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва Ёвон нашр шуданду феҳристи ёдгориҳои таърихии ноҳияҳои Темурмалик, Фархор ва Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳоли чопанд.

ЧӢ БОЯД КАРД?
Нигаҳдорӣ ва барқарор намудани мероси таърихию фарҳангӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи хоссаро талаб мекунанд. Ҳоло, ки Тоҷикистон мамлакати туристӣ эълон шудаасту сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ аз бахшҳои асосӣ ва афзалиятноки туризми кишвар ба шумор меравад, лозим аст на танҳо ба масъалаи ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ диққат диҳем, балки инфрасохтори заруриро бунёд карда, онҳоро ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид созем. Дар ин росто, мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати ҳифзи онҳо бетарафӣ зоҳир нанамуда, барои ҷудо кардани қитъаи замини ёдгориҳои таърихӣ ва бомпӯш гардидани онҳо тадбир андешанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 193

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед