иқтисод
ЛАХШ. КАРТОШКАПАРВАРӢ АЗ БАХШҲОИ АФЗАЛИЯТНОК АСТ
Бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд ва симои ин диёри дурдасти кишвар ба куллӣ дигаргун гардид. Дар заминаи заҳмату талошҳои роҳбарият ва аҳли заҳмати ноҳия соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии он босуръат рушд намуда истодаанд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дастгирии кишоварзон ва фароҳам овардани шароити хуб барои парвариши зироат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтааст. Ба ин васила даромаднокии соҳа дар маҳал меафзояд. Даромади умумии кишоварзони ноҳия тайи семоҳаи аввали сол қариб ба 6,9 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 224,5 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Соҳаи картошкапарварӣ барои сокинони ноҳия яке аз бахшҳои афзалу ояндадор маҳсуб меёбад. Иқлим ва заминҳои доманфароху ҳосилхези водии Лахш барои кишти хушсифати картошка мувофиқанд. Роҳбарияти ноҳия ба василаи таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, зиёд намудани тухмиҳои серҳосили навъи маҳаллӣ ва таъмини техникаи кишоварзӣ майдони кишти картошкаро хеле фарох намуд. Соли ҷорӣ, тибқи дурнамо, кишти картошка дар ноҳия 2500 гектар тасдиқ гардида бошад ҳам, дар асоси дастуру супориш ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишт ба 3 ҳазор гектар расонда шуд. Ҷиҳати пурра обёрӣ намудани заминҳои картошкапарварӣ ва зироатҳои дигари кишоварзӣ бо дастур ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон каналҳои ҳудуди ноҳия пурра таъмир ва барои обёрӣ омода гардиданд.
Бо истифода аз имкониятҳои васеи табиӣ чорводорон низ ба дастовардҳои назаррас комёб шуда истодаанд. Танҳо саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия наздики 30 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки аз он қариб нимаш модагов аст. Чорвои майда қариб 135 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба пешрафти соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ мусоидат намуд ва дар ин давра шумораи оилаҳои занбӯри асал қариб ба 5 ҳазор адад расонда шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боз ҳам рушду нумӯъ бахшидани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби соҳибкорон ва ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ пайваста тадбирҳо меандешад. Имкониятҳои рушди иқтисодӣ дар ноҳия зиёданд. Моро зарур аст, ки аз дастуру ҳидоятҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода намуда, ба муваффақиятҳои беназир ноил гардем. Бо ин роҳ таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи сокинон имконпазир мегардад.
Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси ноҳияи Лахш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.06.2018 №: 112 Мутолиа карданд: 276