logo

иҷтимоиёт

РАМАЗОН. ЧОРААНДЕШИҲО САМАР МЕДИҲАНД

Чанд сол пеш баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар мамлакат аз ҷониби баъзе тоҷирону савдогарони бозорҳо, хусусан дар пойтахти  ҷумҳурӣ, бе  ягон асос боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшт,  орд, равған, биринҷ, тухм, шакар, шир ба мушоҳида мерасид, ки  ин боиси ташвиши аҳолӣ мегардид.

Дар робита ба масъалаи фавқуззикр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид намуданд: «Ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд».
Айни ҳол дар бозорҳои пойтахт се нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ба мушоҳида мерасад: дар ярмаркаҳои доимамалкунанда, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва савдогарони бозорҳо. Нархҳо аз ҳамдигар тафовут доранд. Нархи маҳсулоти ярмаркаҳои доимамалкунанда нисбатан арзонтар мебошад.
Нархи маҳсулот дар гӯшаи савдои Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар КВД «Бозори Саховат» - и пойтахт чунин аст: ( ба ҳисоби як литр, як килограмм ва як дона) равғани пахта - 10, маҳсулоти макаронӣ - 5,5, биринҷ - 5,5, шакар - 5,5, картошка - 2,30 - 2,6, пиёз - 0, 5 - 0,7, сабзӣ 1 - 1,5 ва гӯшти гов - 34 - 36 сомонӣ. Нархи маводи ғизоӣ дар дохили бозорҳо каме гаронтар аст: равған - 11 - 12, тухм - 0, 65 - 0, 9, шакар -  7 - 7,5, орд - 3, маҳсулоти макаронӣ - 6 - 7 ва биринҷ - 7 - 14 сомонӣ. Аммо сифати маҳсулот низ беҳтар аст. Нархҳо дар дигар бозорҳо низ ҳамин гунаанд, ғайр аз бозори «Деҳқон». Нарх дар бозори «Деҳқон» нисбатан арзонтар аст, ҳатто нархи маҳсулоти гӯштӣ низ.
Пеш аз моҳи шарифи Рамазон савдогарон аз маъмурияти бозорҳо дастур гирифтанд, ки гӯшти гов то 36 сомонӣ фурӯхта шавад, лекин на ҳамаи савдогарон ин дастурро риоя мекунанд. Баъзе фурӯшандагон гӯшти говро 36 сомонӣ нарх гузоштаанд, аммо гӯшт сифатан чандон хуб нест.
Дар дигар бозорҳои пойтахт нархи маҳсулоти ғизоӣ тағйир наёфтааст. Масъулони бозорҳо тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе амал намуда, тавонистаанд, ки бо роҳи таъсис додани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот, баровардани маҳсулоти захира ва пешгирии ҳаннотӣ аз болоравии маҳсулоти ниёзи аввал ҷилавгирӣ намоянд.
Тоҳир Раҷабов, сокини пойтахт, гуфт, ки нарх ҳатто дар муқоиса бо рӯзҳои аввали моҳи Рамазон поин рафтааст. Пеш як кило пиёз 2 сомонӣ ва картошка 3 сомонӣ буд. Ҳоло картошка 2,5 - 2,8 ва пиёз 0,5 - 0,7 сомонӣ аст. Биринҷу шакар, ки дар рамазон зиёдтар истеъмол мешаванд, 5 - 5,5 сомонӣ нарх доранд. Баъзе соҳибкорони ҳимматбаланду хайрҷӯ нархҳоро  назар ба давраи пеш аз рамазон поинтар бурдаанд.
Бахтиёр Назирмадзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, гуфт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади фаровонии бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон ва баҳри пешгирии болоравии нархҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷониби сохторҳои марбута дар ҳамаи бозорҳои шаҳр, новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ, аз болои нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла  гӯшт, орд, равған, биринҷ, шакар, шир, тухм, картошка, сабзӣ, пиёз, назорати қатъӣ бурда мешавад, то ҳаннотон маҳсулотро аз ярмаркаҳо арзон харида қимат нафурӯшанд.
- Раиси шаҳр ҷиҳати чораҷӯӣ ва ҷойгир кардани растаҳои савдои ҷавобгӯй ба талаботи муосир ба роҳбарони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбута супориш дод. Дар ин замина роҳбарони ниҳодҳои масъул вазифадор гардиданд, ки риояи қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ, зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулот ва  талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд, - гуфт Б. Назирмадзода.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2018    №: 113    Мутолиа карданд: 480
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед