logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Кишти такрории зироатҳо дар вилояти Хатлон бинобар камборишу хушк омадани сол ва аз ҳосил мондани аксар киштзорҳои лалмӣ барвақт шурӯъ шуд.

Бино ба иттилои Ҳамро Раҳимов, сардори раёсати иқтисод, муҳосибот ва кадрҳои сарраёсати кишоварзии вилоят, кишоварзон маъракаро ҳанӯз 28-уми май оғоз бахшида, то 4-уми июн дар беш аз 20 дарсади заминҳои аз зироат холишуда кишти такрорӣ гузаронданд. Асосан дар заминҳои аз картошка, пиёз, карам, ғалладона озодшуда мош, лӯбиё, ҷуворимакка, шолӣ, сабзавот, чормағзи заминӣ, чигити пешпаз ва зироатҳои хӯроки чорво кошта мешавад.
Деҳқонони навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Носири Хусрав ва Ҷалолиддини Балхӣ аз пешсафони ин маъракаи муҳим буда, дурнамои солонаи кишти такрориро аллакай аз 38 то 56  дарсад иҷро кардаанд. Вале дар шаҳру навоҳии Восеъ, Фархор, Ёвон, Норак ва Бохтар аз ҳавои барои шудгору кишт мусоид пурсамар истифода намебаранд. Тибқи маълумоти фаврии сарраёсат, дар ин шаҳру ноҳияҳо кишти такрориро сар накардаанд ё дар миқёси вилоят аз ҳама камтар  (0,5 - 6,7 дарсад) иҷро намудаанд. 
Тибқи дурнамо, маърака то 1-уми сентябр идома ёфта, то охири мавсим дар маҷмӯъ дар 92800 гектар замини лалмию обии вилоят  кишти такрории зироатҳо гузаронда мешавад. 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 373

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед