logo

Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот доир гардид.
Зимни ҷаласа муовини раиси кумитаи тадорукот, вазири корҳои хориҷӣ  Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи рафти омодагӣ ба Конференсияи байналмилалӣ гузориш дода, зикр намуд, ки  то имрӯз барои иштирок дар ин ҳамоиш 1100 нафар аз 118 кишвари ҷаҳон   ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир намудани конференсия аз ҳисоби намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд, ки  аз  7 июн ба фаъолият оғоз менамоянд.
Бино ба гузориши вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода, то имрӯз Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи конференсия таъсис ёфта, ба ҳайати он коршиносони машҳури соҳа аз тамоми манотиқи ҷаҳон шомил гардидаанд.
Тавре зикр гардид, зимни баргузории конференсия се ҳуҷҷати асосӣ – «Оид ба натиҷаҳои кори конференсия», «Эъломияи конференсия» ва «Даъват ба амал» (маҷмӯи пешниҳодҳои ширкаткунандагон оид ба тадобири даҳсолаи «Об барои рушди устувор») баррасӣ ва қабул карда хоҳанд шуд.
Қоҳир Расулзода дар хотимаи  ҷаласа ба аъзои кумитаи тадорукот – роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расондани корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани конференсия супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 391

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед