logo

иқтисод

ОБ. ТАЪМИНОТ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Масъалаи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани истифодабарандагон дар шаҳру шаҳракҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ  ба салоҳияти Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” вогузор шудааст. Корхона дар доираи татбиқи “Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008 - 2020” тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст. Алимурод Исломзода, директори генералии корхона, доир ба рафти иҷрои барномаи мазкур ва дурнамои соҳа андешаи худро ба хабарнигори рӯзнома  баён намуд:
- Корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кӯшиш доранд,  ки талаботи аҳолии кишварро  бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намоянд. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба ҳадафҳои даҳсолаи қаблӣ, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 - 2015», дар ҳудуди хизматрасонии корхона як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амал қарор гирифтанд. Ба ҳолати 31 майи соли ҷорӣ 12 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. То имрӯз татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 72 миллион доллари ИМА ба охир расид. Лоиҳаҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Конибодом, Истаравшан,Бохтар, Ваҳдат, Восеъ, Рашт, Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Панҷ роҳандозӣ гардиданд. Мақсад аз татбиқи лоиҳаҳо сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии обтаъминкунии истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таъмини корхонаҳои обтаъминкунӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир ва дар маҷмӯъ, беҳтар гардондани шароити дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошт мебошад.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои барномаҳои амалкунандаи соҳа Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди мунтазам ва пешрафти пайвастаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина тайи 15 соли охир, яъне солҳои 2004 - 2018 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди соҳа ба андозаи 100 миллиону 138, 1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Мавриди зикр аст, ки сол то сол маблағгузорӣ мунтазам афзоиш меёбад.
Ин ҳама аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳа башорат медиҳад. Мақсади асосӣ пайваста беҳтар гардондани шароити дастрасии аҳолии ҷумҳурӣ ба оби нӯшокӣ ва ба ҳамин васила таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвари азизамон мебошад, ки он дар оғози Паёми навбатии Сарвари давлат махсус қайд гардидааст.
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  21 декабри соли 2016 қатъномаеро, ки ба барномаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» оғоз бахшидааст, бо ҷонибдории 177 давлати аъзои ин созмон  якдилона қабул намуд. Имрӯз моро зарур аст, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои даҳсолаи нав дучанд меҳнат намоем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода барем, то ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, яъне ду баробар кам кардани теъдоди одамони ба оби нӯшокӣ ва воситаҳои асосии санитарӣ дастрасӣ надошта, расида бошем.
Итминони комил дорам, ки солҳои минбаъда низ тамоми кӯшишу ғайрати кормандони соҳа ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар гардондани шароити беҳдошти онҳо равона хоҳад гашт. Бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин ҷода муваффақ хоҳем шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 569
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед