logo

иҷтимоиёт

ИЛМ. БОНУИ МУВАФФАҚ ДАР ИН АРСА

Дар солҳои охир вобаста ба тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо таъсири омилҳои антропогенӣ ва техногенӣ масъалаи мутобиқшавии (адаптатсияи) организмҳои зинда ба муҳити зист дар саросари ҷаҳон рӯз ба  рӯз диққати бештари олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм, махсусан, мутахассисони соҳаи илмҳои биология, тиб, кишоварзӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Вобаста ба муҳимияти омӯзиши масъалаи мазкур дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат омадааст: «Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд дар солҳои охир бо суръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад. Инчунин, ишора мешавад, ки муассисаҳои илмии академияро зарур аст, ки тадқиқотро доир ба гуногунии биологӣ… вобаста ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи баланд ба роҳ монанд». Аз ин лиҳоз, тадқиқоти илмии мутобиқшави олами наботот ба тағйирёбии иқлим дар ҷойи аввал қарор мегирад.
Дар ин самт таҳқиқоти академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Муҳиба Яқубова хеле муҳим мебошад. Махсусан, маҷмӯи осори ӯ таҳти унвони «Механизмҳои адаптатсионии фаъолияти системаҳои биологӣ» дар самти илмҳои табиӣ маълумоти тозаву муҳим дастрас менамояд. Дар он натиҷаҳои бисёрсолаи таҳқиқоти илмии муаллиф оид ба ҷамъбаст намудани маълумотҳои ба низом даровардашудаи фаъолияти дастгоҳи фотосинтетикӣ ва асос барои истифодабарии онҳо ҳангоми интихоб ва ба даст овардани намудҳои сермаҳсули рустаниҳо гирд оварда шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷанбаҳои амалие, ки дар мақолаҳои М. Яқубова пешниҳод шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки имконияти коркарди усулҳои зарурӣ ва тавсияҳои амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи имкониятҳои мутобиқшавӣ ва паст намудани самараи таъсири манфии омилҳои номусоиди муҳити табиӣ ба системаҳои агроэкологӣ мавҷуданд. Усулҳои самарабахш тавассути истифодаи кишти омехтаи рустаниҳо барои ошкор намудани механизмҳои таъсири омилҳои генетикӣ ва шароити муҳит ба қобилияти рақобатпазирӣ дар ҳамбастагӣ, ташаккулёбии ҷамоаҳои сермаҳсули рустанӣ нишон дода шудааст.
Аз ҳамин лиҳоз, номзадии Муҳиба Яқубоваро барои ноил гаштан ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 дастгирӣ менамоем.
Б. ҶУМЪАЕВ, Қ. АЛИЕВ, А. АБДУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 492
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед