logo

иҷтимоиёт

ҲОҶИБИБӢ

Маҳтоб Фозиловаи 78 – сола, сокини деҳаи Метк, Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дувумин занест, ки мардум ба ӯ унвони «Ҳоҷибибӣ» - ро додаанд.
Момаи Маҳтоб чанд муддат маблағ ҷамъ овард, пасандоз намуд, то ки хонаи Худоро зиёрат намояд. Ва ҳам барои иҷрои маносики ҳаҷ омодагӣ гирифт. Аммо дарёфт, ки сокинони деҳа ба доштани пул бештар ниёзманданд. Андешид ва ба ин хулоса омад, ки кори савобро ба анҷом расонад. Хондаву шунида буд, охир, ки сохтани пул як навъ садақаи ҷория маҳсуб мешавад. То замоне ки ин пул ба мардум хидмат мекунад, савобашро дар дафтари аъмоли кас менависанд. Мардум низ дар ҳаққаш дуои нек менамоянд.
Тасмим гирифт, ки аз мақсади худ Маҳкам Фозилов – шавҳари хоҳарашро огоҳ созад.  Бо сардории Ҳоҷӣ Маҳкам чун се сол қабл аҳли оила дар бунёди мактаб барои 250 нафар хонанда саҳм гирифтанд. Яъне, ӯ дар ин кор таҷрибаи кофӣ дорад ва мардумро барои сохтмони иншоот ҳидоят карда метавонад.
Сохтмони ин пул, ки дарозии он 20 метр ва паҳнояш 5 метр мебошад, дар арафаи анҷомёбист.
Овозаи ин иқдоми неки Маҳтоб Фозилова ба дигар деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои атроф  низ рафт. Махсусан, ба ҳангоме ки дар беморхонаи шаҳри Истаравшан дармон мегирифт, мардум ба аёдату зиёраташ бештар меомаданд ва дасти дуо боло менамуданд, то ҳарчи зудтар шифо биёбад.
Шукр аз он дорем, ки сокинони деҳа дар мавридҳои муносиб бо ин гуна ташаббусҳои наҷиб баромад мекунанд ва дар ободонии диёр саҳми арзандаву чашмрас мегиранд.
Маҳбуба ҶАМОЛОВА,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 297

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед