logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА АНДЕШАИ МИЛЛӢ

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва Ҳукумат мунтазам барои рушд ва тараққии илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар ин замина Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2 июли 2013 «Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013 - 2028» - ро қабул намудааст, ки татбиқи он ба зиммаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Вобаста ба ин, дар самти таҳқиқи масъалаҳои муҳим олимони ҷомеашинос масъул гардидаанд. Аз ҷумла, илми ҷомеашиносии муосири кишвар маҷмӯаи пажӯҳишҳо ва пешгӯиҳоро ба сомон расонда, ки дар қатори онҳо монографияи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз «Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳлили давлатдории миллӣ» нақши асосӣ ва хосса дорад.
 Монография ба масъалаи рушди инсон, сиёсат ва ҷомеа вобастагӣ дошта, ба доираи таҳқиқоти илмии мақсаднок дохил мешавад. Муаллиф дар муқаддимаи рисола меоварад, ки истиқлолият неъмати бебаҳо буда, барои беҳбудии ҳаёт ва рафтору кирдори шаҳрвандони мо нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, изҳор дошта, ки «Давлати миллӣ – шакл ва дараҷаи инкишофи давлат буда, ба истиқлолияти миллӣ асос ёфтааст, иродаи ин миллатро ифода менамояд». Таърифи илмии мафҳуми «Давлати миллӣ»-ро аз китоби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба маврид меоварад: «Таҳти мафҳуми «Давлати миллӣ» мо чунин давлатеро дар назар дорем, ки комилан соҳибихтиёр буда, ба ҷомеаи ҷаҳон бо Нишону Парчам ва муқаддасоти хоссаи давлатдориаш ворид мегардад, чун кишвари озод сиёсати мустақили худро пеш мебарад ва дар миёни кишварҳои дигари олам мавқеи шоиста меёбад. Чунин давлате, ки дар он сулҳу субот ва волоияти қонун ҳукмфармо мебошад, халқаш осуда зиндагӣ мекунад, марзу бумаш дахлнопазир аст ва сиёсатмадоронаш мардумро ба фардои нек раҳнамун месозанд».
Монографияи мазкур бо назардошти дигаргуниҳои ҷомеаи навини ҷаҳонӣ матраҳ гардида, ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт, фаъолияти инсон, шинохти ҷомеа, тағйири тафаккур ва таъсири онро ба зеҳн дар бар мегирад. Асари мазкур дар раванди ташаккули истиқлолият ва илмҳои ҷомеашиносии кишвар нақши барҷаста дорад, аз ин рӯ, онро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сазовор медонем.
Р. ҲАКИМОВ,
номзади илми сиёсатшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 315

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед